Раёсат ва ҳайати профессорону омўзгорон, кормандони Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт  олимаи ҷавони донишкада- Аминова Иқболбӣ Қурбоновнаро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона муборакбод гуфта, таманнои фатҳи қуллаҳои нав ба навро дар ҷодаи илм хоҳонанд.

  Хотиррасон мешавем, ки саннаи 29.02.2020 дар ҷаласаи Шўрои диссертатсионии 6D. KOA-036 назди Пажўҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдурраҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҳимояи бомуваффақонаи омўзгори Донишкадаи омўзгории Тоқикистон дар ноҳияи Рашт Аминова Иқболбӣ Қурбоновна дар мавзўи «Асосҳои дидактики фаъолгардонии шакл ва воситаҳои таълими босифат дар фаъолияти маърифатии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рўйи ихтисоси 13.00.01 – педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ) баргузор гардид.

5
6

Leave a Comment