Дар Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт аз 1 январи соли 2021 то 30 июни соли 2021 бисту ҳафт  конференсияи сатҳи гуногугун (бо фарогири 253 маърўзаи устодон), аз ҷумла ду конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ, панҷ  конференсияи ҷумҳуриявӣ, чор  ҳаммоиши илмӣ, се мизи мудаввар, 13 семинари илмӣ-назариявии кафедравӣ баргузор шудааст ва аз 19-23 апрели соли 2021 конференсияи илмӣ-назариявии устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бахшида ба «30 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» баргузор шуд, ки дар он 168 нафар устодону донишҷуён маъруза кардаанд, ки дар натиҷа “Маводҳои конференсияи илмӣ-назариявии устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бахшида ба «30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» бо фарогирии 66 фишурдаи омўзгорон дар ҳаҷми 143 саҳифа нашр шудаанд. Аз 1 январи соли 2021 то 30 июни соли 2021 рўзномаи “Субҳи Рашт” Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар чор шумора ( №5(43) феврали соли 2021-19 мақола;№6(44) апрели соли202131 мақола;№7(45) майи соли2021-37 мақола; №8(46) июни соли2021-17 мақола)  нашр шуд, ки фарогири 104 мақолаи илмӣ- оммавии устодони Донишкада  мебошад. Дармоҳҳои янвр-июни  соли 2021 Паёми Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар ду шумора  (моҳҳои январ-марти соли 2021, бо фарогири 53 мақола ) ,(моҳҳои апрел-июни соли 2021, бо фарогири  92 мақола) нашр шудааст .

  Дар соли 2021 ҳимояи рисолаҳои  номзадии устодони Донишкада- муовини ректор оид ба тарбия Шарипова Макнуна Қарчибековна – 18 марти соли 2021 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-005, дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Ташаккул ва пешрафти фарҳанги халқи тоҷик дар асрҳои IX-X» ва мудири кафедраи химия-биология Ҳусейнов Умарҷон Мирхоҷаевич – 6-уми майи соли 2021 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-024 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Коркарди композитсия дар асоси дорувории масунфаъоли тимогар, растаниҳои шифобахши барги зуф (Plantago major L.) ва пудинаи боғӣ (Mentha piperita L.)” анҷом дода шуд.

  Дар соли 2021 аз ҷониби устодони Донишкада 268 барномаи таълимии фанҳои тадрисшаванда дар асоси қарори Шурои илмӣ-методии Донишкада  таҳия ва нашр карда шудааст, аз ҷумла кафедраҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷмент-34 барномаи таълимӣ, технология(соҳибкорӣ)-26 барномаи таълимӣ, ҷомеашиносӣ-7 барномаи таълимӣ, таърих ва методикаи таълими он-17 барномаи таълимӣ,педагогика ва психология-12 барномаи таълимӣ, ҳуқуқ ва методикаи таълими он-21 барномаи таълимӣ, география ва ҳифзи табиат-22  барномаи таълимӣ, математика-физика ва методикаи таълими он- 22 барномаи таълимӣ, химия-биология- 37 барномаи таълимӣ, информатика-барномасоз-17 барномаи таълимӣ, забон ва адабиёти тоҷик-15 барномаи таълимӣ, забони англисӣ- 25 барномаи таълимӣ, забон ва адабиёти рус- 13 барномаи таълимӣ таҳия ва нашр кардаанд.

  Дар баробари ин устодони  Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон  дар ноҳияи  Рашт  воситаҳои таълимии “Практикуми ҳалли масъалаҳо  аз информатика-Рашт, 2021.-156 саҳ.”( Ҳайётов Қ.Э., Саидҷафаров А.И., Набиев М.М., Маҳмадов С.О., Саиҷафаров  И.,Лоиқов Ш.),  “Ҳуқуқ (саволу ҷавобҳо. Душанбе: Меҳроҷ-граф, 2021-160с.” (Зокирзода З.Х.,Ахмедов Н.С.), “Шуришҳо  дар масири  таърихи халқи тоҷик.-Рашт,2021.-76саҳ.” (Ақназаров Ҳ., Саидов С., Сайвалиев Н. ), “Тоҷикистон (саҳфаҳои таърихи кишвари кўҳан)-113 саҳ.”( Таѓдиров А.), дастурҳои таълимии “Физиологияи экологии одам. – Душанбе, 2021- 140с.(Ҳуаейнов У.М. ва диг.), “700 масъалаҳои  тестӣ  аз механика. -Рашт, 2021-206 с.”  (Пирзода Б.Г., Убайдов Ш.Қ), “Корҳои озмоишӣ аз фанни химия. Қисми 1. Дастури методӣ. – Рашт, 2021-100 саҳ.”( Қаюмов А.М.,Мирзоев Д.Х., Икромов С.Т., Раҳматов М.А.), “Ҳалли масъалаҳо (оид ба маҳлулҳо): Дастури методӣ. – Рашт, 2021. – 112саҳ.) (Икромов С.Т.,  Раҳматов  М.А.),  як монографияҳои (Зокирзода З.Х. Проблемаҳои танзими ҳуқуқи ҷиноятии мусодираи молу мулк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: Нашри Мубориз, 2021. – 196с.) ва  ду маводҳои конференсияро-“Маводҳои конференсияи илмӣ-назариявии устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бахшида ба «30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)-Рашт:Матбааи ВМИҶТ, 2021-143 саҳ.» (66 фишурдаи омўзгорон), “Маводҳои конференсияи илмӣ-амалии байналмилалии “Масъалаҳои рушди  баҳисобгирии  муҳосибӣ, менеҷмент ва фаъолияти соҳибкорӣ  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон” ( 29майи соли 2021) бахшида ба «30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)-Рашт: Матбааи ВМИҶТ, 2021-172 саҳ.» ( 33 мақола) таҳия ва нашр намудаанд. Дар баробари  ин ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  устодони  Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт воситаҳои таълимиро аз фанҳои “Асосҳои соҳибкорӣ. -152 саҳ.” (Сайдалиев С.С., Атоев Н.Ф., Ҳомидов Ҳ.М., Муқимов С.Д.), “Методикаи таълими забони англисӣ-89 саҳ.”(Сафаров М.), “Педагогика  ва психология дар саволу ҷавоб.-101саҳ.”( Неъматов Р., Аминова И.Қ.,  Аминов Ш.Д., Нодирбеков Ф.М.), “Учебно-методическое пособие по современному русскому языку.-307саҳ.” (Зинина М.М., Щавель Д.И., Қосимов М.Н., Шарифов Ф.С., Амонов Х.О.), “Тоҷикистони соҳибистиқлол-345 саҳ.” (Наврўзов Ѓ.,Саидов С.Ҷ., Махсудов А.М., Таѓдиров А., Идибеков А.А.), “Сиёсатшиносӣ.-191 саҳ.”(Исроилов И.Н., Раҷабзода Хуршед), “Назарияи иқтисод ( микро-макроиқтисод)-324саҳ.”(Ниёзов М., Деҳқонов С.)  таҳия шуда дар асоси қарори Шурои илмӣ-методии Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт   барои нашр  тавсия  карда шудаанд.

  Олимпиадаи ҳамасолаи донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” 12 марти соли 2021 дар миёни 36 донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ,ки дар  Академияи  миллии  илмҳои  Тоҷикистон аз фанҳои дақиқ баргузор шуд, ки 7 нафар донишҷў шарафи донишкадаро ҳимоят намудаанд ва хушбахтона аз ин шумора чор нафар ба ҷои ифтихорӣ ва се нафар сазовори ҷои сеюм шудаанд, аз ҷумла Шоѓунзафаров Мазаршо – донишҷуи соли якум ихтиссоси информатика-барномасоз ҷои сеюм аз фанни информатика, Аслиёи Саидҷалол донишҷӯи соли чоруми ихтиссоси математика-физика аз фанни физика ҷойи сеюм ва Шарифов Алишер донишҷуи соли панҷуми ихтиссоси химия-биология аз фанни химия, ҷойи сеюмро ишѓол карданд ва бо дипломҳои дараҷаи III-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мукофотинида шудаанд.  Дар соли 2021 барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф,  саҳми арзанда  дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр кардани  кадрҳои болаёқат ва иштироки  фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба устодони Донишкада Иддизода З.Ф., Муродов Б.С., Садиров Ш.А.,  Саидҷафаров А.И., Деҳқонов С.А., Зокирзода З.Х. бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Ҳаётов Қ., Шеров Қ., Ҷураев М. бо “Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардидаанд.

Leave a Comment