Санаи 27-уми декабри соли 2021 дар факултети Табиӣ-Риёзии ДОТ дар ноҳияи Рашт ҳамоиши илмӣ дар мавзӯӣ " Паёми Пешвои миллат -роҳнамои мардум" баргузор гардид.
Ҳамоиши илмиро декани факултет Саидҷаҳфаров А.И ифтитоҳ намуда дар мавзӯӣ " Масоил ва рушди технологияҳои муосир:дар мисоли Стратегияи давлатӣ ва Барномаи давлатии рушд ва тадбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҶТ" баромад кард. Сипас устодони донишкада дар мавзуъҳои зерин:
Паём роҳнамо дар рушди илмҳои дақиқ, риёзи ва табиатшиносӣ-н.и.ф-м Олифтаев Н.Ф.
Масоили КОВИД 19 дар ҷаҳони муосир:мушкилиҳо ва роҳҳои бартараф кардаини он - н.и.б.,муаллими калони кафедраи химия ва биология - Ҳусенов У.
Истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон:мушкилот ва роҳҳои ҳалли он, муаллими калони кафедраи математика-физика ва методикаи таълими он - Мирзоқурбонов М.
Зарурияти барасии нақшаҳои таълими муосир аз фанҳои дақиқ,табиатшиносӣ ва риёзӣ дар Паёми Пешвои миллат,ассистенти кафедраи математика-физика ва методикаи таълими он- Ҷураев М.
Барасии иқтисоди рақамӣ ва хизматрасонии рақамӣ дар Паёми пешвои миллат - мудири кафедраи информатика ва барномасозӣ - Ҳайётов Қ.Э.
Паём ва масоили рушди илмҳои дақиқу риёзӣ (дар мисоли кафедраи математика -физикаи ДОТ дар н.Рашт),мудири кафедраи математика-физика ва методикаи таълими он-Латифов М.
Омузиши фанни математика:мушкилиҳо ва роҳҳои рушди он, муаллими калони кафедраи математика-физика ва методикаи таълими он -Саймуҳиддинов О.
Фанни физика:мушкилиҳо ва роҳҳои рушди он, муаллими калони кафедраи математика-физика ва методикаи таълими он - Ҳакимов Ш.
Масоили тандурусти дар Паёми Пешвои миллат, ассистенти кафедраи химия ва биология - Низомов П. суханронӣ намуданд.

Leave a Comment