миршарипов

 

МИРШАРИПОВ    ЭМОМАЛӢ   ҚУРБОНАЛИЕВИЧ

      Миршарипов Эмомалӣ Қурбоналиевич соли 2012 ба факултети Асосҳои идоракунӣ дар соҳаи маорифи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дохил шуда, онро соли 2016  аз рӯи ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит бо дипломи аъло хатм намудааст. Номбурда, пас аз хатми Донишкадаи болозикр соли 2016 ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи магистратураи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номим Шириншоҳ Шоҳтемур факултети баҳисобгирӣ ва молия супорида, соли 2018 онро бо дипломи аъло хатм менамояд.
      Миршарипов Эмомалӣ Қурбоналиевич аз моҳи сентябри соли 2018 ба ҳайси ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷмент дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба кор қабул шуда, аз 23 апрели соли 2019 ба ҳайси мудири кафедраи мазкур таъйин гардидааст ва то ҳол фаъолият дорад.

      Номбурда, муаллифи 5 мақолаи илмӣ буда, донандаи забони русӣ ва ангилисӣ (бо луғат) мебошад. Оиладор. Аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон.