27

 

                                                 Раҷабзода Маҳмадёр Носир 

                              – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,  дотсент.

20 марти соли 1973 таваллуд шуда, соли 1990 мактаби миёна, соли 1995 факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, соли 1998 шўъбаи рўзонаи аспирантураи Институти фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро  хатм кардааст. Соли 2004 рисолаи номзадӣ  дифоъ кардааст.Дар соли 1998 бо Ҷоизаи олимони ҷавони  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006 барои дастовардҳо  дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон  дар соҳаи илм ва техникаи Кумитаи кор ва ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007 бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2014 бо медали ҷашни «90-солагии адлияи Тоҷикистон», соли 2019 бо Сипосномаи Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Муаллиф ва ҳаммуаллифи беш аз 200 маводи илмӣ, аз ҷумла 5 монография, 4 китоби дарсӣ, 17 воситаи таълимӣ  ва методӣ мебошад. Аз 9 декабри соли 2014 то 5 октябри соли 2019 ба ҳайси узви Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст, узви ҳайати таҳририяи  маҷалаҳои илмии «Ҳаёти ҳуқуқӣ» (факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ,  «Маҷаллаи академии ҳуқуқ» (Институти  фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ),  «Advances in  law Studies»  (ш.Москва) ва «ПаёмиДонишгохи давлатӣ ба номи  Александр Григоревич ва Николай Григоревич Столетовҳо. Серия:Илми ҳуқуқшиносӣ»(ш.Владимир) мебошад. Бо роҳбарии  Раҷабзода М.Н. ду  нафар рисолаи  номзадӣ ҳимоя намуда, 3 нафар   унвонҷўён корҳои илмӣ-тадқиқотӣ анҷом медиҳанд.

   Дар солҳои 2007-2008 муовини  декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм, солҳои  2008-2012 муовини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  оид ба таълим дар шуъбаҳои муносибатҳои байналмилалӣ (ҳуқуқ) ва ҳуқуқшинос-омўзгор, аз 5 марти соли 2012  то 18 июни соли 2020  ба ҳайси мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст . Аз 18 июни соли 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №358 ба ҳайси Ректори муассисаи  давлатии таълимии «Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт»таъин шудааст  ва то имрўз фаъолият карда истодааст.