Займудинов Қандил

               декани факултет

+(992)-988-17-70-36

sr_1997.sr@mail.ru

  Мирзоев Шамсулло                   Ҳайбуллоевич

Муовини декан оид ба корҳои таълим, асситент кафедраи забони англисӣ

+(992)-933-14-01-68

sr_1997.sr@mail.ru

Пиров Мустафо

Муовини декан оид ба тарбия, асистенти кафедраи забони англисӣ

+(992)-931-90-27-72

sr_1997.sr@mail.ru

Факултети “Забонҳо”

  Факултети “Забонҳо”  соли 2015   бо қарори Шўрои олимони донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт  ва дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар  заминаи  факултети “Таърих ва филология”   ташкил шудааст.

Факултет аз се кафедра  иборат мебошад. Аз ҷумла:

  1. Кафедраи забон ва адабиёти тоҷик
  2. Кафедраи забон ва адабиёти рус 
  3. Кафедраи забони англисӣ

  Факулети забонҳо мутахассисонро аз рўи ихтисосҳои зерин омода месозад:

1-020301  – забон ва адабиёти тоҷик;

1-020302  – забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ;

1-020306  – забони англисӣ

1-230108  – рӯзноманигорӣ.

  Айни ҳол дар факултет 635 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Дар шуъбаи рўзонаи факултет 441 нафар донишҷў мебошад, ки аз ин 101 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд.  Аз 441 нафар донишҷӯи шуъбаи рӯзона – 217 нафараш дар гурӯҳҳои шартномавӣ ва 224 нафари дигар дар гурӯҳҳои буҷавӣ таҳсил менамоянд.  Аз ин шумора 40 нафари донишҷўён тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд.  Шуъбаи ғоибона бошад, 194 нафар  донишҷӯро фаро гирифтааст, ки  аз ин шумора 123 нафараш ба тариқи шартномавӣ ва 71 нафар ба тариқи буҷавӣ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.

  Дар факултет айни ҳол 23 нафар омўзгорон кору фаъолият доранд, ки аз ин шумора 3 нафар номзади илм, 5 нафар муаллими калон ва 15 нафарро ассисентентон ташкил медиҳанд.

  Мавзӯи корҳои илмӣ-тадқиқотии устодони факултетро – Зиндагӣ ва осори Алӣ Хуши Найистонӣ; Хусусиятҳои лексикию маъноии ифодаҳои маҷозӣ дар ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ; Таъсири афкори Бедил дар осори А. Дониш; Вижагиҳои сарфию наҳвӣ дар “Дастур-ул-мулук”-и Хоҷа Самандари Тирмизӣ; Таҳлили сохторӣ семантикии ислоҳоти луғатнигорӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ; Диалектизмҳо ва вазифаҳои услубии онҳо дар асарҳои бадеӣ (дар асоси асарҳои Б. Раҳимзода); Иқтибосоти англисӣ дар забони арабӣ; Ташаккули нутқи хориҷии муоширатии хонандагон дар зинаи аввали омӯзиш тавассути истифодаи бозиҳои фонетикӣ; Формирование лингводидактической компетентности студентов – будущих учителей русского языка в условиях педагогического вуза ташкил медиҳанд.

  Айни ҳол, факултет дорои потенсиали (иқтидори) баланди илмиву таълимӣ буда, аминем, ки дар ояндаи наздик ассистентон ва муаллимони калони он рисолаҳои номзадии худро дар ришатҳои гуногун дифоъ намуда, факултетро ба яке аз факултетҳои пешрафта табдил медиҳанд.

  Дар назди факултет мунтазам  семинарҳои илмиву назариявии назди кафедраҳо гузаронида шуда, дар он  корҳои илмиву тадқиқотии устодон мавриди таҳлилу баррасӣ  қарор мегиранд.

  Дар факултет маҳфилҳои илмии донишҷўён бо номи “Омӯзгорони ҷавон”, “Забон ҳастии миллат”, “Забон донӣ, ҷаҳон донӣ”, “Навқалам” “Эҷодкор”, “Круг любителей русского языка” амал намуда, дар асоси нақша мавзуҳои актуалии замони муосир аз ҷониби устодони ҷавону донишҷўён мавриди баррасӣ  қарор дода мешавад.

  Илова бар ин, дар факултет бо ташаббуси омўзгорони фани забони англисӣ ва дастгирии роҳбарияти донишкада, барои донишҷўён ва кулли хоҳишмандон курсҳои 3-моҳаи омўзишию такмилдиҳии забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.

  Дар кафедраи забон ва адабиёти руси факултет се нафар омӯзгорони забони русӣ – Глухарёва Наталья Олеговна, Кланова Светлана Василевна, Зинина Марина Михайловна аз Федератсияи  Руссия тайи ду сол ин ҷониб кору фаъолият доранд. Омўзгорони мазкур дар баробари сарбории таълимии худ,  курсҳои омӯзишу такмили забони русиро барои омӯзгорону донишҷӯён ва дӯстдорони забони русӣ ба роҳ мондаанд.

  Дар заминаи факултети забонҳо шуъбаи рўзноманигорӣ ва студияи таълимӣ амал мекунад. Студияи таълимии  факултет  моҳи июни соли 2019 пеш аз ташрифи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт, кушода шудааст. Ҳамаи дастгоҳҳои студияи таълимӣ  аз ҷониби  Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон таъмин карда шудаанд.  Дар студияи таълимӣ ба донишҷўён нозукиҳои касби рўзноманигорӣ ва истифодаи воситаҳои техникӣ омўзонида мешаванд. Ба ѓайр аз ин студияи таълимӣ барои дар сатҳи олӣ ба навор гирифтани чорабиниҳои фарҳангиву сиёии донишкада,  инчунин минтақаи Рашт хизмат мекунад.

  Факултет  бо факултетҳои филология ва журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, факултети забони русӣ ва кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия, факултети филологияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улӯғзода, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Томски Федератсияи Россия ҳамкориҳои судманди илмиву тадқиқотӣ ва таълимиро барқарор намудааст. Устодони факултет беш аз 100 кори илмӣ интишор намудаанд, ки аз он 2 монография, 2 китоби дарсӣ, 5 воситаи таълимӣ ва ғайраҳоро ташкил мекунанд.

  Аз рўзҳои  аввали ташкилёбии факултет роҳбарии онро устодони собиқадору кордон номзади илмҳои филологӣ Шодиев Маҳмудҷон, муаллими калон Тоиров Маҳбубиддин, н.и.ф. Додаров Оятулло, муаллими калон Муродов Бахтиёр ба уҳда доштанд. Аз  моҳи апрели соли 2019 инҷониб н.и.ф. Аброров Саидумар дар вазифаи декании факултет фаъолият дорад.