DSC_0120

Деҳқонов Соҳибназар Амирхоҷаевич

и в декани факултет

+(992)-931-99-99-74

dot.sd@mail.ru

 

Муовинон

Ҳафизов Авзалшо Зулфиқорович

Муовини декан оид ба тарбия

+(992)-908-00-30-10
sr_1997.sr@mail.ru

Асосҳои идоракунӣ дар соҳаи маориф

  Факултети «Асосҳои идоракунӣ дар соҳаи маориф» соли 2015 бо қарори Шӯрои олимони донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи факултети “Табии – риёзӣ” ташкил шудааст. Факултет дорои ду кафедраи тахассусӣ мебошад:

  1. Кафедраи Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷмент
  2. Кафедраи Технология ва соҳибкорӣ

  Факултети «Асосҳои идоракунӣ дар соҳаи маориф» яке аз факултетҳои ҷавонтарин дар донишкада ба ҳисоб рафта, мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои 1-250108-18 – «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар соҳаи маориф», 1-26020206 – «Менеҷменти иҷтимоӣ дар соҳаи маориф”  ва 1-020601 – «Технологияи  соҳибкорӣ”омода месозад. Факултети Асосҳои идоракунӣ дар соҳаи маориф бо вуҷуди навтаъсис буданаш бо дарназардошти омода намудани мутахассисони соҳаи иҷтимоӣ мутобиқ ба бозори меҳнат фаъолият менамояд, ки ин раванд боиси сол аз сол зиёдшавии  довталабон дар донишкада гашта истодааст. Ҳамасола ба бахшҳои ихтисосҳои факултет қабули донишҷўён зиёд мегардад. Айни замон дар факултет ҳамагӣ 493 нафар донишҷў, ки аз ин шумора дар  шуъбаи рўзона 240 ва дар шуъбаи ѓоибона бошад 253 нафар донишҷў таҳсил менамоянд. Аз шумораи умумии донишҷӯён 344 нафар тариқи шартномавӣ ва 148 нафар тариқи буҷавӣ ва 1 нафар  тибқи квота ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Боиси қайд аст, ки солҳои охир бо ташаббуси роҳбарияти донишкада ва садорати факултет бо мақсади ҷалби бештари духтарон  ба таҳсил, ба хусус дар самти омода намудани мутахассисон дар риштаи баҳисобгирии бухгалтерӣ чорабиниҳои судманд ба роҳ монда шудааст. Ин аст, ки теъдоди духтарон сол аз сол афзуда истода, аз шумораи умумии донишҷӯён  448 нафар писар 45 нафарашонро  духтарон ташкил медиҳанд. Раванди таълимро дар факултет айни ҳол  17 нафар устодон  аз он ҷумла  2 нафар номзади илм, ва 15 нафар ассистентон ташкил медиҳанд. Айни замон устодони ҷавони кафедраҳои факултет дар мавзуъҳои “Инкишофи шаклҳои шарикии стратегӣ” (дар мисоли корхонаҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон), “Нақши Созмони умумиҷаҳонии савдо дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Мушкилиҳо ва имкониятҳои ташаккули системаи глобалии танзими молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои илмӣ – тадқиқотӣ бурда истодаанд, ки аминем дар ояндаи наздик, ин омӯзгорон номзадии худро дар риштаҳои гуногун дифоъ намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим дар факултет нақши муҳим мебозанд. Раванди таълим  дар факултет аз ҷониби омӯзгорони пуртаҷриба ба роҳ монда шудааст.  Дар назди факултет пайваста семинарҳои илмию назариявии назди  кафедраҳо гузаронида шуда, дар он корҳои илмию тадқиқотии устодон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд. Устодони факултет беш аз 90  кори илмӣ интишор намудаанд, ки аз он 1 монография, 5 китоби дарсӣ, 4 воситаи таълимӣ ва ғайраҳоро ташкил мекунанд. Дар факултет маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Иқтисодчиёни навовар» амал намуда, дар асоси нақша чорабиниҳо мавзӯҳои актуалии замони муосир аз ҷониби устодон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешавад. Факултет бо факултети “Баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи милли Тоҷикистон”, факултети “Иқтисод ва идора”- и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети “Ҳисобдорӣ ва омор”- и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва факултети “Баҳисобгирӣ ва молия”- и  Донишгоҳи агарарии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ҳамкориҳои судманди илмиву татқиқотӣ ва таълимиро ба роҳ мондааст. Аз рӯзҳои аввали ташкилёбии факултет роҳбарии онро устододони собиқадору кордон Шоҳхоҷаев Ҳ., Сайфиддинов Ғ., Маҳмадуллоев А. ба ӯҳда доштанд.

Галарея