Cаидов Низомиддин

декани факултет, номзади илмҳои техники 

+(992)-934-44-12-77  
akmalsho86@inbox.ru 

 

Шуъбаи  мониторинг ва назорати  сифати таҳсилот

    Шуъбаи  мониторинг ва назорати  сифати таҳсилот аз соли 2013 дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таъсис дода шуда аст.  Фаъолияти шуъба дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таълимии олии касбӣ (мактабҳои олӣ) – и Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оинномаи Донишкадаи  омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт», «Барномаи  идоракунии сифати таҳсилот дар Донишкадаи  омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт» ба роҳ мемонад.

     Низомномаи шуъбаи   мониторинг ва назорати  сифати  таҳсилоти Донишкадаи    омӯзгории  Тоҷикистон   дар ноҳияи Рашт  бо қарори Шӯрои олимони доникада аз  30 июни соли 2017 таҳти № 10 тасдиқ гардида фаъолияти шуъба дар ҳамин замина ба роҳ монда шудааст.

      Шуъбаи  мониторинг ва назорати   сифати таҳсилот ҷузъи таркибии Раёсати таълимию методии Донишкада ба шумор меравад. Сифати таҳсилотро назорат намуда, бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилотро вобаста ба ихтисосҳои дар Донишкада амалкунанда назорат карда,   ба  ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши  донишҷӯён, тайёр намудани мутахассисон ва дигар паҳлўҳои фаъолияти  Донишкада баҳо медиҳад.

Шуъбаи мониторинг ва назорати  сифати таҳсилот вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

– Бо мақсади санҷиш ва баҳодиҳии сифати таҳсилот дар Донишкада тибқи нақшаи корӣ чорабиниҳо мегузаронад.

– Донишкадаро бо дастурҳои иттилоотии технологӣ ҷиҳати  амалӣ намудани тартиби назорат ва баҳодиҳӣ таъмин менамояд.

– Оид ба вазъи санҷиш ва таҳлили сифати таҳсилот дар кафедраҳо ва факултетҳои Донишкада гурӯҳи корӣ ташкил мекунад.

– Гузориш ва маълумотнома ба Раёсати Донишкада, Идораи таълимию методӣ ва Шўрои олимони Донишкадаро таҳия мекунад.

– Роҷеъ ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои олимон ва Раёсати    Донишкада назорат мебарад.

– Доир ба вазъи иҷрои нақшаҳои таълимӣ ва сарбориву нақшаҳои инфиродии омӯзгорони кафедраҳо санҷиш мегузаронад.

-Дар кори аттестатсияи донишҷӯёни хатмкунанда ва муайян намудани сатҳи дониши назариявию амалии онҳо иштирок менамояд, тавсияҳо медиҳад ва таклифҳо пешниҳод менамояд.

 – Дар бобати сатҳи тахассусии омӯзгорон ва мувофиқати онҳо ба вазифаашон ба унвони Раёсати Донишкада якҷоя бо Идораи таълимию методӣ маълумотнома ирсол менамояд.

– Вобаста ба натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда, дар бобати   ҳавасмандгардонии устодон ва фаъолияти онҳо хулосаҳои худро ба унвони ректори Донишкада дар мувофиқа бо Идораи таълимию методӣ ва Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони Донишкада манзур менамояд.

– Ҷараёни таҷрибаи омӯзгорӣ ва фаъолияти методистону донишҷӯёнро дар рафти таҷрибаомӯзӣ зери назорат мегирад.

– Доир ба иҷрои нақшаҳои корҳои илмӣ – тадқиқотии факултетҳо санҷиш мегузаронад.

– Вобаста ба сифати кори  устодон, малакаю  маҳорати  касбии онҳо аз нигоҳи донишҷӯён анкета (пурсишнома) мегузаронад. 

Шуъба дар созмон додани бонки ягонаи маълумот дар бораи маводи  имтиҳонӣ, аз ҷумла маводи  санҷишию  меъёрӣ, дар таҳия ва такмили технологияи санҷиш ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот, дар ташкил ва рушди низоми иттилоотӣ дар соҳаи назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот, дар таъмини иҷрои талаботи ягона ҳангоми гузаронидани аттестатсияи хатмкунандагони Донишкада ва назорат аз рўйи санҷишу имтиҳоноти  ҷорӣ, давлатӣ ва дохилшавӣ дар донишкада иштирок менамояд.   

Ҳуқуқ ва вазифаҳои шуъба:

       Шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таҳсилот барои амалӣ намудани вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда  ҳуқуқ дорад:

– Барои иҷрои вазифаҳое, ки ба салоҳияти Шуъба  дохиланд, маводҳо ва ҳуҷҷатҳои заруриро дархост ва талаб  менамояд.

– Бо супориши роҳбарияти Донишкада назорат  ва санҷиш мегузаронад. Ба  масъалаҳое, ки ба салоҳияти кори шуъба  дохиланд, баҳо дода, риояи талаботи муқарраргардидаро дар соҳаи назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот назорат менамояд ва маслиҳатҳо медиҳад.

– Ба Ректори Донишкада оид ба ҳалли масъалаҳое, ки ба салоҳияти шуъба  дохил мешаванд, таклифҳо пешниҳод менамояд.

– Дар ҳалли масъалаҳое, ки  ба салоҳияти кори шуъба дохил мешаванд, бо Ректори Донишкада ва Идораи таълимию методӣ ҳамкорӣ менамояд.

–  Дар бораи беҳтар ба роҳ мондани самаранокии сифати таълим ва баланд бардоштани сатҳи корҳои таълиму сифати тайёр намудани хатмкунандагон ба Ректори Донишкада таклифҳо пешниҳод менамояд.

– Рафти иҷрои Қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маорифро назорат менамояд.

–   Сифати таълимро дар Донишкада назорат мекунад.

– Дар ҳолати ошкор намудани қонунвайронкуниҳо, сўйистеъмол аз мансаб, бемасъулиятӣ аз ҷониби омӯзгорон ва кормандон нисбати онҳо оид ба додани ҷазоҳои интизомӣ ва дигар намуди ҷазоҳо ба роҳбарият таклиф пешниҳод менамояд.

Сохтори  Шуъба

    Шуъбаи мониторинг ва назорати  сифати таҳсилот ҷузъи сохтори Донишкада буда, аз мудир ва ду нозир  иборат аст. Роҳбари шуъбаи  мониторинг ва назорати  сифати таҳсилотро  Ректори Донишкада таъин ва аз кор озод менамояд ва барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи сохтори мониторинг  гузошташуда масъул мебошад. Ҳамзамон роҳӣбари шуъба вазифаҳои хизматии кормандони шуъбаро таҳия ва барои тасдиқ ба Ректори донишкада пешниҳод менамояд ва барои иҷрои вазифаҳои хизматии кормандони он ҷавобгӯ мебошад. Роҳбари шуъба  барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи ӯ гузошташуда ва дар амал татбиқ намудани сиёсати  давлатӣ дар соҳаи маориф масъул мебошад.

    Роҳбарии шуъбаро муаллими калон Эшонов Довудшо, Сияҳаков  Равшан, Сангов манучеҳр ба уҳда доштанд. Айни замон роҳбарии шуъба ба зимаи муаллими калон Саидов Низомиддин вогузор карда шудааст.