Ба таълиму тарбияи дуруст фаро гирифтани донишҷўён пеш аз ҳама аз ташкили хуб ва ба нақшагирию идораи кори таълимӣ-методӣ вобастааст.

  Аз рўзҳои аввали таъсисёбии донишкада  корҳои таълимӣ ва методӣ аз вазифаи муҳими фаъолияти он ба ҳисоб мерафт.

  Яке аз самтҳои асосии кори таълимӣ-методӣ дар донишгоҳ ташкили  ҷараёни таълим, таҳия ва  мунтазам  такомули  нақша ва барномаҳои таълимӣ, таҳияи дастурҳои таълимӣ ва  асноди  таълимӣ-методӣ,  мушаххас намудани  мазмун, навъҳо ва ҳаҷми корҳои мустақилонаи донишҷўён  мебошад, ки маҷмўи тадбирҳои  андешидашударо фаро гирифта, барои  омода намудани мутахассисони  варзида дар  донишкада равона гардидааст.

   Муҳимтарин  сохтор дар баргузории  корҳои таълимӣ-методӣ кафедраҳои донишгоҳ маҳсуб мешаванд. Ҳамасола дар нақшаҳои кории кафедраҳо  баргузории  маҷмўи чорабиниҳои таълимӣ-методӣ пешбинӣ мегардад. Корҳои методии кафедраҳоро  комиссияҳои методии факултетҳо раҳнамоӣ ва назорат мекунанд, ки дар навбати худ кори ин комиссияҳоро Шўрои  методии Донишгоҳ ҳамоҳанг месозад.