Аминова Иқболби

Мудири шуъба

+(992)-988-04-81-20
sr_1997.sr@mail.ru

 

Шуъбаи дуюм

     Шӯъбаи дуюм  зертобеъи Раёсати кадрҳо ва  корҳои махсуси Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт буда, дар  фаъолияти  кории хеш  меъёрҳои амалкунандаи ҳуқуқӣ, супоришҳои вогузоркардаи сардори Раёсати  кадрҳо ва корҳои махсус ва фармонишҳои Ректорро ба  роҳбарӣ мегирад.  

      Низомномаи Шуъбаи дуюми донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бори охир аз 14-уми декабри соли 2018 тасдиқ карда шудааст.

      Шуъбаи  дуюмро мудир  роҳбарӣ мекунад,  ки  он  бо  пешниҳоди  сардори  Раёсати  кадрҳо ва  корҳои  махсус  аз   ҷониби  Ректор таъин ва  озод   карда  мешавад.  Дар  сохтори  шуъба, инчунин як мутахассис фаъолият  менамояд.

                                   Вазифаҳои  асосии шуъба  инҳоянд:

– бурдани корҳои  ҳарбӣ –  сафарбаркунь  дар  ҳамоҳангӣ  ба  сарварони дигар  макомотҳои  сохторӣ,  ташхис  намудани  ҳуҷҷатҳои сафарбаркунӣ;

– ба қайд гирифтани ӯҳдадориҳои  ҳарбии захиравӣ мутобиқи Низомномаи  бақайдгирии ӯҳдадорони ҳарбӣ  дар  давраи  сафарбаркунӣ ва давраи  ҷанг  ба  соҳаҳои  хоҷагии  халқи Ҷумхурии Тоҷикистон;

– иштирок дар  таҳияи  нақшаи мудофиаи шаҳрвандӣ;

–  бурдани  корҳои  оморӣ ва  пешниҳоди  ҳисобот  доир  ба  таёрии сафарбаркунии  ҳарбӣ;

– тафтиши  ҳуҷҷатҳои ҳарбии  шахсоне, ки ба  донишкада  ба  кор меоянд ва ба  кайд гирифтани  онҳо дар  ноҳияи  Рашт. Ба  комисариятҳои  ҳарбӣ фиристодани  шахсоне,  ки ҳуҷҷатҳои  ҳарбӣ  надоранд  ва дар  қайди комиссариати ҳарбӣ нестанд, инчунин бақайдгирии онҳо ва саривақт огоҳонидани комиссариятҳо дар ин хусус;

– ба варақаҳои ба ҳисобгирии ӯҳдадорони ҳарбӣ ва даъватшавандагон сари вақт гузаронидани маълумотҳои зарурӣ доир ба вазъи оилавӣ, суроға, ҷойи истиқомат ва тахасусу вазифа;

– ба ҳисоб гирифтани муроҷиатҳои ӯҳдадорони ҳарбӣ ва даъватшавандагон доир ба тағйири вазъи саломатии онҳо ва додани маълумот ба комиссариятҳои ҳарбии ноҳиявӣ дар ин хусус;

– дар муҳлати як сол на камтар аз як маротиба гузаронидани санҷиши муқоисавии билетҳои ҳарбии ӯҳдадорони ҳарбӣ ва даъватшавандагон ҷиҳати муқоиса намудани ин ҳуҷҷатҳо бо маълумотҳои комиссариятҳои ҳарбӣ;

– гузаронидани корҳои таблиғоти дар байни ӯҳдадорони ҳарбӣ ва даъватшавандагон доир ба риоя намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва оиди аз қайд гузаронидани ҳуҷҷатҳои ҳарбӣ;

– таёр  намудани пешниҳод доир  ба бақайдгирии уҳдадорони ҳарбӣ дар  давраи сафарбаркунӣ ва  дар  замони ҷанг;

– таҳияи  накшаи  ивазкунии ӯҳдадорони ҳарбӣ дар давраи сафарбаркунӣ;

– бо супориши комиссариятҳои ҳарбӣ  огоҳонидани  ӯҳдадорони ҳарбӣ дар  вакти кор  ба  онҳо  супоридани  хатхабарҳо ( повесткаҳо);

– ҳар  сол  дар  моҳи  октябр ва  моҳи  март  ба  комиссариятҳои ҳарбии ноҳияҳо   пешниҳод  намудани  рӯйхати ҷавононе ,  ки  вақти  даъватшавандагиашон фаро  расидааст;

– сари  вақт  огоҳӣ  додани  комисариятҳои  ҳарбии  ноҳияҳо  доир  ба  хориҷ гардонидани даъватшавандагон  аз   сафи  донишҷӯён , ба  рухсатии академӣ рафтагон, такроран   дар  курсашон мондагон, барқароршавии донишҷӯёни хориҷшуда  ва  аз рухсатии академикӣ баргаштани онҳое, ки ҳуқуқи  боздоштро  барои  хизмат  дар  сафи  Кувваҳои  Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гум   кардаанд;

– ҳар  сол   дар моҳи  сентябр ба  даъватшавандагон  додани маълумотномаҳои   № 26 доир  ба  бозгаштани онҳо аз  даъват  ба  хизмати  ҳарбии ҳақиқӣ, ҷиҳати  идома  додани  таҳсил;

– ҳар  со  то  15-уми  сентябр ба  комиссариятҳои ҳарбии  ноҳияҳо  пешниҳод  намудани рӯйхати донишҷӯёни  курси 4-ум ва 5-уме,  ки ӯҳдадорони  ҳарбианд ва  аз  қайди махсус гузаронидани онҳо.

Самтҳои  асосии фаъолияти  шуъбаи  дуюм:

– санҷида   баромадани лоиҳаҳои фармоишҳо доир  ба  ҳайати донишҷӯёне,  ки  деканатҳо  пешниҳод  менамоянд;

– шинос  шудан  бо  риояҳои  фармоишҳо  доир  ба  ҳайати кормандон , ки  аз  ҷониби  шуъбаи  кадрҳо  омода  карда  мешавад;

– имзо  гузоштан  ба  варақаҳои  аз  корравии  кормандон  ва  донишҷӯёни  донишкада;

– назорати риояи равобит, санҷиши  шиноснома  ва имзо гузоштан  ба  қайди ҳарбӣ;

– назорати  хориҷ , интиқол  ва  барқароркунии донишҷӯён;

– ҳар  охири  сол додани ахборот  дар  маҷлисҳои  раёсати  донишкада доир  ба  вазъи  бақайдгирии ҳарбӣ  ва  риояи низоми  шиносномавӣ.