DSC_0082

Зокиров      Зафар Хайруллоевич

Мудири шуъба

+(992)-918-53-59-14

zafar.khayrullozoda@mail.ru

 

РАЁСАТИ КАДРҲО ВА КОРҲОИ МАХСУС

       Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус ҷузъи таркибии сохтори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт буда, фаъолияти худ  дар асоси  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ», Оинномаи Донишкада ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифро ба роҳбарӣ мегирад.

Низомномаи Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт аз 14-уми декабри соли 2018 таҳти № 3 тасдиқ карда шудааст.

Раёсат вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

– интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои маъмурӣ-идоракунӣ, илмӣ-педагоги, муҳандисӣ-техникӣ, ҳайати ёрирасону хизматрасонии таълимӣ ва хоҷагидорӣ;

– ба расмият даровардани (ба кор қабул, ҷойивазкунӣ ва аз вазифа озод намудани кормандони Донишкада) фармоишҳои Ректор, инчунин омода ва пешниҳод намудани ҳуҷатҳои кормандони Донишкада ба вазифаҳое, ки дар ваколати роҳбарикунанда қарор доаранд ва аз тарафи онҳо тасдиқ мешавад;

– ба низом даровардани парвандаҳои шахсии омӯзгорон, кормандони маъмурӣ, ашхоси ёрирасони корҳои таълимӣ ва хоҷагидорӣ;

– омода намудани ҳисоботи омории ҳайати кадрии Донишкада ва такмили ихтисос;

– иштирок дар кори комиссияи тарификатсионӣ ва дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёри- ҳуқуқӣ таҳия намудани лоиҳаи фармоишҳо дар бораи муқаррар намудан музди моҳонаи кормандони Донишкада;

– иштирок дар корҳои Комиссияи аттестатсионии Донишкада;

– таёр намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кормандоне, ки ба сафари хидматӣ фиристода мешавад;

– омода сохтани парвандаҳои шахсии кормандон ва маълумотномаҳои зарурӣ дар бораи онҳо;

– ба ҳисоб гирифтани уҳдадории ҳарбии ҳайати кормандон ва ба хизмати ҳарбӣ омода сохтани ҳуҷҷатҳои онҳое, ки ба синни хизмати ҳарбӣ расидаанд (дар ҳолати набудани сохтор ва ё шахси барои ин кор таъингардида);

– таёр намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои муқаррар намудани нафақаи ҳайати омӯзгорон ва кормандон дар якҷоягӣ бо итифоқи касабаи кормандон ва омӯзгорони Донишкада;

– омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои омӯзгорон ва кормандони Донишкда барои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ.

                                  Сохтор ва идоракунии Раёсат

Тибқи ҷадвали воҳидҳои корӣ дар сохтори Раёсат 4 нафар кормандон фаъолият менамоянд:

1)Сардори Раёсат;

2)Нозир 3 нафар;

Раёсат мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Донишкада, Низомнома ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқӣ аз тарафи сардор идора карда мешавад.

Бахши таъминоти ҳуқуқии донишкада

        Бахши таъминоти ҳуқуқӣ (минбаъд-Бахш) ҳамчун воҳиди сохтори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Низомномаи бахши таъминоти ҳуқуқии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт аз 1-уми сентябри соли 2014 тасдиқ карда шудааст.

Бахши мазкур фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилотҳои олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Кодекси  меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждани Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ», Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиномаи Донишкада, Низомномаи мазкур, ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мемонад.

Бахшро мудири он роҳбарӣ менамояд, ки аз тарафи ректори Донишкада ба вазифа таъйин ва озод карда мешавад. Бахш фаъолияти худро дар ҳамкорӣ ба раёсатҳо, шӯъбаҳо ва дигар бахшҳои Донишкада ба роҳ мемонад. Дархосту супоришҳои ҷамъиятӣ, додани ахбор, маълумот ва ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии тасдиқшударо бахш танҳо бо иҷозати ректори Донишкада иҷро менамояд.

Сохтори бахш

          Мувофиқи ҷадвали корӣ дар сохтори бахш 2 нафар кормандон фаъолият менамояд: Мудири бахш, Сармутахассис. Мудири бахш тамоми фаъолияти кории бахшро роҳбарӣ намуда, аз номи Донишкада дар асоси ваколатнома дар судҳо ва дигар ташкилотҳо баромад менамояд. Инчунин, дигар супоришҳоеро иҷро менамояд, ки аз ҷониби ректори Донишкада ба зиммааш гузошта шудааст.

Вазифаҳои бахш

Назорати иҷрои қонунҳоро дар соҳаи маориф таъмин менамояд. Ба кормандону омӯзгорон, шаҳрвандони корафтода оид ба масъалаҳои ба миёномада маслиҳатҳои ҳуқуқӣ медиҳад. Мактубу аризаҳо ва дархосту шикоятҳои ба бахш воридшударо сари вақт дида баромада, ба муаллифон ҷавоб омода менамояд. Таҳияи босифати мӯҳлатноки санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои хизматии раёсат, шӯъба ва бахшҳои Донишкадаро таъмин менамояд.

                                Самтҳои асосии фаъолияти бахш

Бахш оид ба мутобиқати раванди кори Донишкада ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба ректор пешниҳодҳо ирсол менамояд. Бахш аз рӯи иҷрои қарорҳои Шӯрои олимон, ҷаласаҳои назоратии назди ректор ва амру фармонҳои ректори Донишкада, ки ба зиммаи бахш гузошта шудааст, назорат  бурда аз рафти иҷрои онҳо ба ректори Донишкада маълумотнома омода менамояд. Фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва талаботи принсипи волояти қонун дар соҳаи маориф ба амал мебарорад. Амалишавии санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф, қонунҳо, кодексҳо, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои олимони Донишкада, ректорат ва амру фармонҳои ректори Донишкадаро дар фаъолияти раёсат, шуъбаҳо ва бахшҳои Донишкада таъмин менамояд.

Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва супоришҳои хизматиро зимни ба амал баровардани ӯҳдадориҳои мансаби таъмин менамояд. Ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ, шароитҳои иқтисодӣ – иҷтимоии кормандони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои Донишкадаро таъмин мекунад. Қабул, коркарди сари вақтии ҳуҷатҳо ва барои имзо омода намудани онҳоро таъмин менамояд. Бахш дар самти  тайёр намудани шартномаҳо (қарордодҳо) ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ масъул буда онҳоро бо сохторҳои Донишкада мувофиқа менамояд. Оид ба масъалаҳои дахлдори дар салоҳияташ буда мактубҳои дастурӣ ва ҳуҷҷатҳои дигарро интишор менамояд. Иҷрои мунтазами амру супоришҳои ректори Донишкадаро таъмин мекунад.

Ҳуқуқҳои бахш

          Мувофиқи вазифаҳои хизматӣ ва тартиби муқарраршуда бо раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои Донишкада мукотиба карда, барои иҷрои супоришҳои ректори Донишкада онҳоро сафарбар карда метавонад. Бахш аз раёсатҳо шуъбаҳо ва дигар бахшҳои Донишкада маълумоти  заруриро талаб менамояд. Бахш назорати мувофиқати фаъолияти сохторҳоро бо қонунгузорӣ, иҷрои шартнома ва қарордодҳои баимзорасидаро таъмин менамояд. Бахш риояи талаботҳои қонунгузории соҳаи ҳифзи меҳнат, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохили  меҳнатии Донишкадаро талаб менамояд. Дар ҳолатҳои муайян кардани қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои заруриро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод мекунад.