DSC_0106

Икромов Сайнурдин Тоҷиддинович

+(992)-908-00-30-10
sr_1997.sr@mail.ru

Химия-биология

 Кафедраи «Химия  – биология» таҳти №1 аз 28. 09. 2018 таъсис дода шудааст. Кафедра аз рӯи фанҳои зерин дарс мегузарад: Химия таҳлилӣ, Химияи физикӣ ва коллоидӣ, Синтези ғайри органикӣ, Синтези органикӣ, Микробиология, Методикаи таълими химия, Методикаи таълими биология, Химияи ғайри органикӣ, Химяи органикӣ, Химияи технологӣ, Ботаника, Зоология, Физиологияи растанӣ, Физиологияи одаму ҳайвон, Химияи биологӣ, Физиологияи синусоли ва гигиенаи мактабӣ ва фанҳои интихобӣ: (Ҳалли масъалаҳои химиявӣ, Химияи мактабӣ, Асосҳои кишоварзӣ, Биологияи молекулавӣ, Асосҳои назарияи химияи органикӣ ва ғайри органикӣ ).

        Умуман дар кафедра ҳамагӣ аз рӯи 21 номгуи фанҳо машғулиятҳоро мегузаранд.

       Дар кафедра 8 нафар устодон кор ва фаъолият менамоянд. Аз ин шумораи устодон 1- нафар номзади илмҳои техникӣ, 1 – нафар муаллими калон, 6 – нафар ассистентони кафедра кор ва фаъолият доранд.

         Миқдори соатҳои кафедра дар давоми соли хониши 2019 – 2020 ҳамагӣ  6729 соатро ташкил мекунанд. Ҷамъи соатҳо дар нимсолаи якум дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона 3540,8 соат ва дар нимсолаи дуввум барои шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона 3188,2 соатро ташкил медиҳад.

         Устодони кафедра дар баробари фаъолияти кориашон ба корҳои илмӣ низ машғуланд. Аз ҷумла устоди  калони кафедара Маҳкамов А.Э. дар мавзуъи “Асосҳои илмӣ – биологӣ парвариши хурмои шарқи дар шароити водии Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ассистенти кафедра Ҳусейнов У.М. дар мавзуъи “Коркарди композитсия дар асоси дорувории масунфаъоли тимогар ва растаниҳои шифобахши барги зуф ва пудинаи боғӣ”, ассистенти кафедра Мамадназарбеков М. дар мавзуи “Хусусиятҳои ба хоҷаги муфиди навҳои себҳои ғайри маҳалӣ дар баъзе ноҳияҳои Помири ғарбӣ” корҳои илмии худро бурда истодаанд.

        Ҳамзамон дар назди кафедра мањфили илмии донишљўён бо номи «Химикони љавон»,  «Биологони љавон» ва гуруњи олимпи низ амал мекунад. Дар кафедра дарсҳо аз рӯи системаи кредитӣ гузаронида шуда, қабули донишҷӯён бо роҳи саволномаҳои тестӣ ва қабули корҳои мустақилона (КМД), корҳои санҷишию курсӣ саривақт аз тарафи устодон ба роҳ монда шудааст.

Музафарова Шаҳло Валиҷоновна

+(992)-908-00-30-10
sr_1997.sr@mail.ru

Маҳкамов Амирхуҷа Эмомович

+(992)-908-00-30-10
sr_1997.sr@mail.ru

Ҳусейнов Умарҷон Мирхоҷаевич

+(992)-908-00-30-10
sr_1997.sr@mail.ru

Низомов Парвиз Саъдуллоевич

+(992)-908-00-30-10
sr_1997.sr@mail.ru

Раҳматов Маснави Аловудинович

+(992)-908-00-30-10
sr_1997.sr@mail.ru