Убайдов Шаҳрамон Қиёмуддинович

+(992)-908-00-30-10
sr_1997.sr@mail.ru

 

Математика-физика ва методикаи таълими он 

Кафедраи “Математика-физика ва методикаи таълими он” соли 2015 дар заминаи кафедраҳои “Математика-физика” ва “Методикаи таълими математика” таъсис дода шудааст. Дар кафедра аз рӯи фанҳои зерин дарс мегузаранд: (Анализи математикӣ, геометрияи аналитикӣ, алгебра ва назарияи ададҳо, муодилаҳои дифференсиалӣ, методикаи таълими математика, практикуми ҳалли масъалаҳои математикӣ, математикаи дискритӣ, математикаи олӣ, мантиқи математикӣ, асосҳои математикаи мактабӣ, математикаи элементарӣ, таърихи математика, методикаи таълими физика, физикаи умумӣ, оптикаи геометрӣ, астрономия, практикуми ҳалли масъалаҳои физикӣ, асосҳои физика, физикаи назариявӣ ва ғайра )

            Умуман  кафедра ҳамагӣ аз рӯи 48 номгӯи фанҳо машғулиятҳоро мегузаронанд. Дар кафедра 10 нафар ( н.и.ф.м., Олифтаев Н, Убайдов Ш, Саймуҳиддинов О,Ҳакимов Ш, Мирзокурбонов М, Маҳмадиев Д, Ҷураев М, Худойдодов Ш, Латипов М, Одинаев М) устодон кор ва  фаъолият менамоянд.  Аз ин шумораи устодон 1-нафар номзади илмҳои физика-математика, 3-нафар муаллими калон, 6-нафар ассистентони кафедра кор ва фаъолият доранд.

Миқдори соатҳои кафедра дар давоми соли хониши 2019-2020 ҳамагӣ 11662,5 соатро ташкил медиҳад. Ҷамъи  соатҳо дар нимсолаи якум дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона 5987 соат ва дар нимсолаи дуюм барои шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона 5675,5 соатро ташкил медиҳад.

Устодони кафедра дар баробари фаъолияти кориашон ба корҳои илмӣ низ машғуланд. Аз ҷумла муаллими калон Саймуҳиддинов О.Э. дар мавзуи “Баъзе хосиятҳои матритсаи баръакси умумӣ (псевдобаръакс)” ва ассистенти кафедра Пиров Б.Г. дар мавзуи “Ҳаракати Спин” корҳои илмии худро ба анҷом расонида истодаанд. Ҳамзамон кафедра дар мавзуъи “Роњњои баланд бардоштани сатњи донишњои математикии хонандагони мактабњои тањсилоти миёнаи умумии минтаќаи Рашт” корҳои илмӣ – тадқиқотӣ бурда истодааст. Устодони он дар якчанд конфронсҳои илмӣ- назариявӣ дар сатҳи донишкадавӣ ва ҷумҳуриявӣ баромадҳои пурмазмун намуданд.

Дар назди кафедра мањфили илмии донишҷӯён бо номи  «Математикони љавон» ва «Физикони љавон» ки роҳбарии ин маҳфилро Одинаев М.Ҷ. ва гурӯњи олимпиро Латипов М. ба уҳда доранд. Маҳфили илмии доншҷӯён моҳе як ё ду маротиба доир мегардад, ки дар он масъалаҳо ва мавзуҳои муҳимтарини математикию физикиро дар бар мегирад ва дар он донишҷӯён маърузаҳои худро пешниҳод менамоянд.

Омӯзгорони кафедра

Саймуҳиддинов Одилҷон  Эмомович

+(992)-908-00-30-10
sr_1997.sr@mail.ru

Мирзоқурбонов Маҳмадсафо 

+(992)-908-00-30-10
sr_1997.sr@mail.ru

Ҳакимов Шодӣ Бурҳонович

+(992)-908-00-30-10
sr_1997.sr@mail.ru

Маҳмадиев Додарҷон 

+(992)-908-00-30-10
sr_1997.sr@mail.ru

Худоидодов Шаҳобиддин Садридинович

+(992)-908-00-30-10
sr_1997.sr@mail.ru

Одинаев Маҳмадулло Ҷумаевич

+(992)-908-00-30-10
sr_1997.sr@mail.ru

Пиров Баҳодур Гулмаҳмадович

+(992)-908-00-30-10
sr_1997.sr@mail.ru