DSC_0096

 Муродов Бахтиёр

Сардори раёсати таълим 

+(992)-934-44-12-77
sr_1997.sr@mail.ru

 

РАЁСАТИ ТАЪЛИМИ ДОНИШКАДАИ ОМӯЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ

      Ба хотири таъмин намудани омўзгорони соҳавӣ дар минтақаи Рашт, соли 1992 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии омўзгории Душанбе ба номи Қ. Ҷураев дар шаҳраки Навободи ноҳияи Ғарм (ҳозира Рашт) кушода шуда буд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006, №501 филиали Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷураев (ҳозира ба номи Садриддин Айнӣ) ифтитоҳ гардид.

      Соли 2008 дар баробари кушода шудани шӯъбаи рўзона шӯъбаи таълим ва шӯъбаи кадрҳо дар донишкада таъсис дода шуд. Роҳбарии шӯъбаи мазкурро аз соли 2008 то соли 2010 муаллими калони кафедраи «Забонҳо» Раҳмонов Нуъмонҷон ба ӯҳда дошт.

    Бо дастгирии бе воситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешбурди илму маърифати мардуми шарифи минтақаи Рашт бинои замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо технологияи замонавӣ соли 2010 сохта ва ба истифода дода шуд. Худи ҳамон сол шӯъбаи кадрҳо ва шуъбаи таълим дар алоҳидагӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Аз соли 2010 то соли 2013 роҳбарии шӯъбаи таълимро муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Маҳмадов Аскар ба ӯҳда дошт.

   Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2013 №206 филиали Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт ба Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ифтитоҳ гардида, минбаъд ба таври доимӣ фаъолият намуд. Дар ин замина мувофиқи қарори Шӯрои олимон ва фармоиши ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт доктори илмҳои фалсафа, профессор Ҷононов Сайдамир шӯъбаи таълим ба Раёсати таълим табдил дода шуда, дар ин давра муаллими калони кафедраи «Таърих ва ҳуқуқ» Наврўзов Ғолибшо сардори раёсати таълим таъин гардид.

  Солҳои 2014-2015 вазифаи Сардори раёсати таълимро ассистенти кафедраи «Таърих ва ҳуқуқ» Музафарова Майлонбӣ ба ӯҳда дошт.

   Соли 2015 оид ба тағйироти сохтор аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати таълим ба идораи таълимию методӣ ивази ном кард. Аз соли 2015 то соли 2016  Сардори Идораи таълимию методиро ассистенти кафедраи «Таърих ва ҳуқуқ» Саидов Низомдиин ба ӯҳда дошт.

  Аз соли 2016 то сентябри соли 2018 дар ин вазифа ассистенти кафедраи «Инфарматика барномасоз» Сангов Манучеҳр буд.

   Мувофиқи фармоиши ректори ДОТ дар ноҳияи Рашт номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Идизода Файзали Фузайлшо аз 6-уми марти соли 2019 №115-3/2 бинобар сабаби ворид гардидани тағйирот дар басти вазифавии кормандони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт номгузории Идораи таълимию методӣ ба Раёсати таълим иваз карда шуд.

Аз моҳи октябри соли 2018 то аввали моҳи апрели соли 2019 иҷрокунандаи  вазифаи Сардори Раёсати таълим номзади илмҳои техникӣ Қаюмов Акмалшо Муминҷонович кор ва фаъолият дошт. Аз 8-уми апрели соли 2019 тибқи  фармоиши ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, Сардори Раёсати таълими донишкада Муродов Бахтиёр Сайалиевич таъин гардид ва то ҳол кору фаъолият карда истодааст.

Сохтори раёсати таълим

  1. Шуъбаи таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахасисони ҷавон
  2. Шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таҳсилот
  3. Маркази машваратию бақайдгирии низоми кредитӣ таҳсилот
  4. Шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ ва хизматрасонии тахникӣ

Самти раёсати таълим

  Корҳои таълимию методиро дар донишкада қисми таълим тавассути банақшагирӣ, ташкил, мониторинг, ҳамоҳангсозии фаъолияти таълим ва назорати сифати таълим ба роҳ мемонад.

  Фаъолияти қисми таълим барои тадбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳуриявии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, ки ҳама мазмуну мундариҷаи ҷараёни сифати таълимро инъикос менамоянд, нигаронида шудааст.

  Дар сохтори қисми таълим Шӯрои методӣ, раёсати таълим, шуъбаи таҷрибаомўзӣ ва кор ба мутахассисони ҷавонон, шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таҳсилот, маркази машваратию бақайдгирии низоми кредитии таҳсилот, шуъбаи табъу нашр, шуъбаи таёрӣ, шуъбаи магистратура ва маълумоти дуюми олии касбӣ ва кафедраҳо амал менамоянд.

  Ҷараёни таҳсил дар шуъбаи рӯзона аз рӯи дараҷаи бакалавр тибқи низоми таҳсилоти кредитӣ  сурат мегирад. Дар шӯъбаи ғоибона донишҷӯён ба таври анъанавӣ ҳамчун  мутахассис (курсҳои 4 6), курси 3 тибқи низоми кредитӣ ва курсҳои 1-2 дар шакли таҳсилоти фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

  Қисми таълим фаъолияти худро барои нақшагирӣ, ташкил, мониторинг, ҳамоҳангсозии фаъолитяи таълим ва назорати сифати таҳсил мутобиқ ба талаботи ҳадди ақали мазмуну мундариҷаи стандартҳои давлатии таълимии маълумоти олии касбииҶТ оид ба ихтисосҳои мансуби донишкада равона кардааст.

  Муайян кардани самтҳои асосии такмили самаранокӣ, таҳияи таснифоти номгӯи тахассусҳо, таҳияи лоиҳаи нақшаҳои кори таълим, ҷадвалҳои раванди таълим,  хулосаҳои ҳисоботӣ оид ба натиҷаи сессияҳои санҷишу имтиҳон ва аттестатсияи  хатм, коркарди тавсияҳо оид ба ҷустуҷӯи усулҳои нави таълим, такмили сифати таълим ва тадбиқи тадриҷии низоми таҳсилоти кредитию фосилавӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти кафедраҳои тахассусӣ ва садорати факултетҳо оид ба ташкил ва гузаронидани таҷрибаҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ самтҳои афзалиятноки корӣ фаъолияти раёсати таълимро ташкил медиҳад.

  Шӯрои илмию методӣ, ки ба кори он муовини  ректор оид ба таълим сарварӣ менамояд, ба сифати маҳфили бузурги илмию педагогӣ ба ҳайати худ омӯзгорону донишмандони навҷӯю соҳибтаҷрибаро гирд оварда, ҷараёни таълим ва сифату самаранокии онро бо таъмини методии раванди машғулиятҳои дарсӣ, ҳамвора мавриди муҳокима қарор медиҳад.

Мақсад ва вазифаҳои асосии Раёсати таълим

  • раванди таълимро дар донишкада ба нақша гирифта, иҷрои онро ташкил ва таъмин менамояд;
  • дар бобати қонеъ гардонидани талаботи шахсият дар рушди зеҳнӣ, фарҳангию ахлоқӣ бо роҳи додани маълумоти олии касбӣ дар заминаи ягонагии муттасили раванди таълим ва корҳои тадқиқотию илмӣ саҳм мегирад;
  • таҳияи китобҳои дарсӣ ва рисолаҳои таълимию методиро назорат мекунад ва таъминоти онҳоро арзёбӣ карда, доир ба ин масъала ба Шӯрои олимон гузориш пешниҳод мекунад;
  • вобаста ба ҳалли мушкилоти тайёрнамудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ ба Раёсати донишгоҳ таклифҳо пешниҳод менамояд;
  • нақшаҳои таълимиро таҳия карда, барои тасдиқ ба Шӯрои олимон пешниҳод мекунад;
  • доир бароҳҳои такмил додани донишҳои назариявию амалии донишҷӯён тадбирҳо меандешад;
  • дар самти ҷорӣ намудани технологияи муосири таълим, методу тарзҳои самарабахш ва фаъол чораҷӯйӣ мекунад;
  • пиромуни сатҳи тахассусӣ, малака ва маҳорати касбии омӯзгорон тадбирҳо андешида, рафти иҷрои нақшаи такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисонро назорат мекунад;
  • фаъолияти сохтору зерсохторҳои марбут ба қисми таълимро зери назорат мегирад;
  • раванди таълимро, ки ҳадафи он ба донишҷуён додани дараҷаи муайяни таҳсилот ва тахассус мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот татбиқ намудани мазмун ва мундариҷаи таълим маҳсуб меёбад, зери назорат мегирад;
  • соатҳои иловагиро дар ҷараёни таълим муайян намуда, якҷо бо мудирони кафедраҳо барои батанзим даровардани онҳо чораҳо меандешад;
  • кори устодони соатбайъ ва мутобиқати онро бо нақшаҳои таълимӣ назорат мекунад;
  • фаъолияти устодони ҳамкорро назорат намуда, доир ба дурустии нақшаҳои инфиродии онҳо санҷишҳо ташкил мекунад;
  • соатҳои вакантии кафедраҳоро муайян карда, барои қабули устодон лоиҳаи озмун ба Ректори донишгоҳ пешниҳод менамояд;
  • фонди аудитории донишкадаро ташкил карда, барои самаранок истифода кардани синфхонаҳо, кабинетҳо ва лабораторияҳо ба Ректори донишгоҳ пешниҳод манзур менамояд;
  • сарбории устодонро назорат мекунад ва нисбат ба омӯзгороне, ки дар иҷрои сарборӣ монеа ба вуҷуд меоранд, тадбирҳо меандешад;
  • иҷрои нақшаҳои таълимии инфиродии устодонро назорат намуда, доир ба ин масъала ба унвони Раёсат хулосаҳо пешниҳод мекунад;
  • фаъол будани компютерҳоро дар ҷараёни дарсҳо назорат карда, доир ба истифодаи технологияи муосир раванди таълим хулосаву пешниҳодҳо манзур менамояд;
  • татбиқи гузаштан ба низоми кредитии таҳсилотро дар факултету кафедраҳо назорат намуда, дар таҳияи нақшаву барномаҳои таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳо иштирок мекунад;
  • доир ба ҷамъбасти имтиҳони ҷорӣ ва хатм дар назди Раёсат ва Шӯрои олимон гузориш дода, доир ба натиҷаи онҳо ба унвони Ректори донишкада маълумотномаи мукаммал ирсол менамояд;
  • ҷадвали умумидонишгоҳии имтиҳони ҷорӣ ва давлатиро таҳия ва тасдиқ менамояд, якҷо бо ноиби ректор оид ба корҳои таълимӣ ҷараёни имтиҳоноти ҷорӣ ва хатмро барои факултетҳо тасдиқ мекунад ва рафти ҷараёни онҳоро назорат мебарад;
  • барои устуворӣ ва таҳкими заминаи моддӣ-техникии кабинетҳо ва озмоишгоҳҳо ба Раёсати донишгоҳ пешниҳод манзур месозад ва фаъолияти онҳоро зери назорат қарор медиҳад;
  • ҷадвали санҷишҳо (санҷишҳои марҳилавӣ, санҷишҳои фосилавӣ), имтиҳонот ва ҷадвали дарсҳои кафедраҳои умумидонишгоҳиро таҷдиди назар ва тасдиқ мекунад, рафти иҷрои онҳоро якҷоя бо кормандони Раёсат зери назорат мегирад;
  • фонди аудитории донишкадаро таҳия намуда, тақсимоти онро миёни факултетҳо ва кафедраҳо ба роҳ мемонад, таъминоти онҳоро бо маводи таълимию техникӣ зери назорат қарор медиҳад;
  • таҳияи барномаҳои таълимӣ, стандартҳо, талаботи давлатӣ, силлабусҳо, курси лексияҳоро дар факултетҳо ва кафедраҳо назорат менамояд ва нусхаҳои онҳоро нигоҳдорӣ менамояд;
  • дардонишкада мутобиқати нақшаҳо ва барномаҳои таълимиро зери санҷиш қарор медиҳад;
  • дар заминаи присипҳои илмият, инсонгарӣ, демократӣ, муттасили ҷараён гирифтани раванди таълимро назорат месозад;
  • бо назардошти фарогирии имкониятҳои муосири технологияи иттилоотӣ ҷараён гирифтани таълимро дар факултетҳо ва кафедраҳо санҷида, ба Ректори донишкада гузориш манзур мекунад;
  • тайёрии омӯзиш ва иҷрои нақшаю барномаҳои таҳсилоти олии касбиро дар донишгоҳ барои дараҷаҳои тахассусии бакалавриат (4 сол), ихтисосҳои ҳамгиро (5 сол) назорат менамояд.

Кормандони раёсати таълим

 

DSC00143

Саидов Анушервон Илҳомвич

Сармутахасиси раёсати таълим

+(992)-907-24-24-84
anushervon2222@mail.ru

Саидова Мусавара Аҳлиддиновна

+(992)-934-44-12-77
sr_1997.sr@mail.ru

Одинаев Маҳмадулло 

+(992)-934-44-12-77
sr_1997.sr@mail.ru

Ақназаров Ҳамзаалӣ

+(992)-934-44-12-77
sr_1997.sr@mail.ru