тел:

mail: emomali-95s@mail.ru

 

Кафедраи “Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷмент” дар заминаи кафедраи “Табиатшиносӣ ва иқтисодӣ” бо қарори Шӯрои олимони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 27 ноябри соли 2013 таъсис дода шудааст. Сипас, пас аз ташкил гардидани факултети асосҳои идоракунӣ дар соҳаи маориф бо қарори шурои олимони донишкада соли 2015 кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷмент ҳамчун кафедраи мустақил фаъолияти худро дар факултети асосҳои идоракунӣ дар соҳаи маориф оғоз намуд. Роҳбарии кафедраи мазкурро муаллими калон, Шоҳхоҷаев Ҳ. (солҳои 2013-2015), Наимова Д. (2015-2017),  Деҳқонов С. (солҳои 2017-2018) ба ӯҳда доштанд ва аз 23.04.2019 то ин ҷониб роҳбарии онро муаллими калон Миршарипов Э.Қ. ба ӯҳда дорад.

Кафедраи мазкур дорои ду ихтисос: баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар соҳаи маориф ва менеҷменти иҷтимоӣ мебошад. Устодони кафедра  аз рӯйи фанҳои  зерин ба донишҷӯён дарс мегузаранд: Баҳисобгирии бухгалтерӣ дар муассисаҳои буҷетӣ, Назарияи баҳисобгирии бухгалтерӣ , Асосҳои аудит, Таърихи баҳисобгирии бухгалтерӣ, Баҳисобгирии идоравӣ, Менеҷмент, Менеҷменти молиявӣ, Менеҷменти стратегӣ, Менеҷменти инноватсионӣ, Асосҳои менеҷмент, Фаъолияти бонкӣ, Аудит дар бонкҳо, Молия, Таҳлили молиявӣ, Маркетинг, Назарияи иқтисод, Макроиқтисод, Таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ, Омор, Иқтисоди корхона, Қарорҳои идоракунӣ, Баҳисобгирии андоз, Андоз ва андозбандӣ, Ташкил ва маблағгузории сармоя, Молия, муомилоти пул ва қарз, Таҳлили иқтисодӣ ва ғ.

Умуман кафедра ҳамагӣ аз рӯйи 32 номгӯи фанҳо машғулиятҳоро мегузаронад.

Айни ҳол дар кафедра 14 –нафар устодон кор ва фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 1 номзади илм Ниёзов М., 2 муаллими калон: Миршарипов Э.Қ.,  Деҳқонов С.А. ва 11 ассистент – Ҳайдаров С., Ҳафизов А., Маҳмадов Д., Мирзоев Р., Маҳмадуллоев А., Давлатов Ҳ., Ҳомидов Ҳ., Ҳасанов М., Қосимов А. Ниёзов З. фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ мебаранд.

Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Иқтисодчиёнии навовар” бо роҳбарии Ҳафизов А. фаъолият менамояд ва донишҷӯёни ин маҳфил пайваста ба корҳои илмию эҷодӣ машғуланд.

Устодони кафедра беш аз 65 мақолаи илмӣ дар ҷодаи илмҳои иқтисодӣ дар маҷалаҳои илмии донишкадаю донишгоҳҳои кишвар интишор намудаанд ва ҳамчунин саҳми устодони кафедра дар навиштани тақриз ба рисолаҳои хатми бакалаврӣ, магистрӣ ва воситаҳои таълимию китобҳои дарсӣ назаррас аст.

Устодони кафедра дар баробари фаъолияти кориашон инчунин дар мавзуъҳои зерин корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда истодаанд:

1)    Маҳмадуллоев А.С. – “Инкишофи шаклҳои шарикии стратегӣ (дар мисоли корхонаҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон”

2)    Давлатов Ҳ.Ҷ. – “Мушкилиҳо ва имконияти ташаккули системаи глобалии танзими молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

3)    Деҳқонов С.А. – “Нақш ва вазифаҳои давлат дар рушди иқтисодиёти минтақавӣ дар асоси системаи буҷетӣ-андозӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)”

4)    Ҳафизов А.З. – “Рушди баҳисобгирии идоракунии стратегӣ ва таҳлил дар корхонаҳои кишоварзӣ

 

          Кафедра бо кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, кафедра баҳисобгирии муҳосибии факултети ҳисобдорӣ ва омори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудити  Донишкадаи  сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва кафедраи молия ва қарз дар КАС –и факултети баҳисобгирӣ ва молияи Донишгоҳи аграрии  Тоҷикистон ҳамкориҳои судманди илмию тадқиқотӣ ва таълимиро барқарор намудааст.