Саидҷаҳфаров Аҳлиддин Илёсович

Роҳбари ММБНКТ

+(992)-934-44-12-77
sr_1997.sr@mail.ru

 

ТАЪРИХИ МАРКАЗИ МАШВАРАТИ ВА БАҚАЙДГИРИИ НИЗОМИ КРЕДИТИИ ТАҲСИЛОТ

      Дар асоси Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.11.2011, №21/19 “Оид ба низоми кредитии таҳсилот дар муасиссисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.07.2014, №05/1-574 “Оид ба таҳия намудани нақшаву барномаҳои таълимӣ тибқи талаботи низоми кредитии таҳсилот” ва мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.08.2014, №05/1-818 “Дар бораи аз соли таҳсили 2014-2015 ба низоми кредитии таҳсилот гузаронидани ихтисосҳои боқимондаи муассисаи таълимӣ”,  аз 01.09.2014 бо Фармоиши ректори  Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт №144-0д  Маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ таъсис дода шуд.

    Дар маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ ду воҳиди кори мавҷуд буд:        Якум, роҳбари маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ 

Дуюм сардори бахши таҳияи тестҳо

    Аввалин роҳбари маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ Сафаров Шамсулло буд ва вазифаи сардори бахши таҳияи тестҳоро Маҳмадуллоев Аҳмадҷон ба зимаи худ гирифта буд. Баъдан дар соли таҳсили 2015-2016 дар заминаи факултети “Таърих ва филология”  факултети “Забонҳо”  ва дар заминаи факултети “Табиӣ-риёзӣ” факултети “Асосҳои идоракунӣ дар соҳаи маориф” таъсис ёфт. Дар ин асос барои бозҳам беҳтар намудани раванди кори маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ чор воҳиди корӣ таъсис ёфт ки мутаалиқ ба ҳар як факултет буданд. Дар ин натиҷа воҳиди кории  сардори бахши таҳияи тестҳо барҳам додашуд ва маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ номи “Маркази машваратию бақайдгирии низоми кредитии таҳсилот”-ро гирифт.

    Дар ин давра ҳам роҳбарии Маркази машваратию бақайдгирии низоми кредитии таҳсилотро Сафаров Шамсулло ба ӯҳда дошт. Назаров Яъқуб мутасаддии факултети “Табиӣ-риёзӣ”, Саидов Анушервон мутасаддии факултети “Таърих ва педагогика”, Маҳмадуллоев Аҳмадҷон мутасаддии  факултети “Асосҳои идоракунӣ дар соҳаи маориф” ва Шамсиддинов Одинамаҳмад мутасаддии факултети “Забонҳо”  буданд.

    Аз 01.09.2016 вазифаи роҳбари Маркази машваратию бақайдгирии низоми кредитии таҳсилотро Шамсиддинов Одинамаҳмад ба ӯҳда гирифт. Дар ин солҳои таҳсил Убайдов Шаҳрамон мутасаддии факултети “Табиӣ-риёзӣ”, Ҳайдаров Собирҷон мутасаддии  факултети “Асосҳои идоракунӣ дар соҳаи маориф”, Саидов Анушервон мутасаддии факултети факултети “Таърих ва педагогика”, ва Аҳмадбеков Нодирҷон мутасаддии факултети “Забонҳо”  буданд.

    Аз 27.09.2018 ба  вазифаи роҳбари Маркази машваратию бақайдгирии низоми кредитии таҳсилотро  Ҳаётов  Давлаталӣ таъин гардид. Дар ин давра Сафаров Раҳмоналӣ мутасаддии факултети “Табиӣ-риёзӣ”, Маҳмадиев Меъроҷиддин мутасаддии  факултети “Асосҳои идоракунӣ дар соҳаи маориф”,  Муқимов Сафарбек  мутасаддии факултети факултети “Таърих ва педагогика” ва воҳиди кории  мутасаддии факултети “Забонҳо”  ҳамчун воҳид  дар фонди захиравӣ буда (Вакансия) боқи монда буд.

     Аз 28.08.2019 бо фармоиши ректори донишкада  ба  вазифаи роҳбари Маркази машваратию бақайдгирии низоми кредитии таҳсилот  Саидҷаҳфаров Аҳлиддин Илёсович таъин шуд ва Сафаров Раҳмоналӣ мутасаддии факултети “Табиӣ-риёзӣ”, Маҳмадов Достон мутасаддии  факултети “Асосҳои идоракунӣ дар соҳаи маориф”, Муқимов Сафарбек  мутасаддии факултети факултети “Таърих ва педагогика”, ва Фақиров Фараҳрӯз мутасаддии факултети “Забонҳо”  кор ва фаъолият намуда истодаанд.

 

Кормандон

0330

Сафаров   Раҳмонали Киромуддинович

+(992)-933-11-33-00
sr_1997.sr@mail.ru

Муқимов Сафарбек Давлатбекович

+(992)-934-44-12-77
sr_1997.sr@mail.ru