Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт  корҳои таблиғотию идеологӣ, тарбиявӣ ва фарҳангӣ-фароғатӣ, ки дар ташаккули ҳамаҷониба ва эҷодии муҳандисони оянда нақши муҳим доранд, бо мувафақият гузаронида мешаванд.

   Яке аз самтҳои асосии корҳои идеологӣ ва тарбиявӣ дар донишгоҳ ба донишҷӯён тавзеҳ намудан ва фаҳмонидани сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба хотири беҳтар шудани дониши ҳуқуқӣ ва фарҳанги сиёсии донишҷӯён мунтазам вохӯриҳои донишҷӯён бо намояндагони вазорату идораҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони сиёсиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд. Ташаккули шахсияти мутахассисони оянда тавассути ташкили тадбирҳои дорои хусусияти ватандӯстӣ, иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ, зебоидӯстӣ ва маърифатнокӣ роҳандозӣ ва таъмин гардонида мешавад. Аз ин рӯ, ташкили чунин чорабиниҳо ва иқдомот бо иштироки фаъоли донишҷӯён муҳим шуморида мешавад:

— Фаъолияти босамари ташкилотҳои донишҷӯён;

— Баргузории ҷаласаҳои мубоҳисавӣ;

— Ташкил ва баргузории чорабиниҳо вобаста ба санаҳои муҳими таърихӣ;

— Ташкили иштирок ва дидори донишҷӯён аз намоиши театрҳо, барномаҳои консертӣ ва намоишгоҳҳо;

— Баргузории конфронсҳои илмӣ-амалӣ, мизи мудаввар, дарсҳои кураторӣ ва шабнишиниҳои мавзӯӣ.

    Донишҷӯён ҳамасола дар барномаҳои сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона менамоянд. Бо донишҷӯён дар мавзӯи эҳтироми муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ сӯҳбатҳо гузаронида мешаванд. Тарбияи ватандӯстии шогирдон онҳоро бо низоми арзишҳои фарҳангӣ, эҳтироми қонун ва меҳнат ошно мегардонад.