DSC_0109

Қаюмов Акмалшо Муминҷонович

декани факултет, номзади илмҳои техники

+(992)-934-44-12-77 
akmalsho86@inbox.ru 

 

Муовинон

Латифов Мансурҷон 

МУОВИНИ ДЕКАН ОИД БА ТАЪЛИМ
+(992)-939-12-23-33

sr_1997.sr@mail.ru

Низомов Парвиз

МУОВИНИ ДЕКАН ОИД БА ТАРБИЯ
+(992)-987-78-78-09

sr_1997.sr@mail.ru

Табиӣ-риёзӣ

Факултети “Табиӣ-риёзӣ”  соли 2015 бо қарори Шўрои олимони донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт  ва дар мувофиқа бо вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи  факултети “Педагогика ва табиӣ-риёзӣ”   ташкил шудааст.

Факултет дорои чор кафедраи тахассусӣ мебошад. Аз ҷумла:

  1. Кафедраи Химия биология
  2. Кафедраи математика-физика ва методикаи таълими он
  3. Кафедраи Информатика-барномасозӣ
  4. География ва ҳифзи табиат

Факулети Табиӣ-риёзӣ яке аз калонтарин  факултетҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба ҳисоб рафта, мутахассисонро аз рўи ихтисосҳои зерин омода месозад:

1-020406-01-химия -биология;

1-020503-01-математика-физика;

1-020503-02-математика-информатика

1-310304 – информатика

1-020402 – география

1-020405-04 –география ва ҳифзи табиат

Айни ҳол, дар факултет 1138 нафар донишҷуён таҳсил менамоянд.  Дар шуъбаи рӯзона 674 нафар донишҷӯ таҳсил менамояд, ки аз ин шумора  59 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд. Аз 674 нафар донишҷўи шўъбаи рўзона – 290 нафараш дар  гурӯҳҳои шартномавӣ ва 312 нафари дигар  дар гурӯҳои буҷавӣ таҳсил менамоянд. Аз ин шумора 72 нафари донишҷўён тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд. Дар шуъбаи ғоибона бошад 464 нафар  донишҷӯ аз ин шумора 231 нафараш дар гурӯҳҳои шартномавӣ ва 233 нафар дар гуруҳҳои буҷавӣ таҳсил менамоянд.

Дар факултет  айни ҳол 33 нафар   омӯзгорон   кору фаъолият доранд, ки аз ин шумора 2 нафар номзади илм, 7 нафар муаллими калон ва  24  нафарро ассистентон ташкил медиҳанд.

Мавзўи корҳои илмӣ-тадқиқотии устодони  факултетро – Неравенства Джексона-Стечкина для  -модулей гладкости и значения поперечников в L2; асосҳои физикиву кимиёии таҷзияи маъданҳои алюминию силитсийдори аргиллитҳо ва гилхоки сабзи кони Чашма-Санги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кислотаҳои хлорид ва нитрат; таҳлили рушди туризм ва хусусиятҳои замонавии он; ҳаракати спинӣ, мавҷҳои салитонҳо; таҳияи таркибот дар асоси дорои масъулфаъоли тимогар ва растаниҳои шифобахши барги зуф ва пудинаи боғӣ ва ғайраҳо.

Дар назди факултет ҳар моҳ семинарҳои илмиву назариявии назди кафедраҳо гузаронида шуда, дар он  корҳои илмиву тадқиқотии устодон мавриди таҳлилу баррасӣ  қарор мегиранд.

Дар факултет маҳфили илмии донишҷўён бо номи “Химикони ҷавон”, “Биологони ҷавон”, “Математикони ҷавон”, “Физикони ҷавон”, “Барномасозони ҷавон” ва “Географони ҷавон “ амал намуда, дар асоси нақша мавзуҳои мубрами замони муосир аз ҷониби устодони ҷавону донишҷўён мавриди баррасӣ  қарор дода мешавад.

Факултет  бо факултетҳои химия, биология, механика-математика ва геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултетҳои химия, биология, география, математика, физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, институти физика, институти химия ба номи В.И. Никитина, институти математика, институти масъалаҳои об ва сохтмони гидротехникии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо ҳамкориҳои судманди илмиву тадқиқотӣ ва таълимиро барқарор намудааст. Устодони факултет беш аз 130 кори илмӣ интишор намудаанд, ки аз он 2 китоби дарсӣ, 10 воситаи таълимиро ташкил мекунанд.

Аз рўзҳои аввали ташкилёбии факултет роҳбарии онро устоди собиқадору кордон  Ҳакимов Шодихуҷа ба уҳда дошт. Аз моҳи феврали соли 2018 то моҳи апрели соли 2019 Назаров Исмоил иҷрокунанадаи декани факултет фаъолият намуд. Аз моҳи июни соли 2019 то инҷониб номзади илмҳои техникӣ Қаюмов Акмалшо Муминҷонович декании факултетро ба уҳда дорад.

 

 

Галарея