Шуъбаи таҷрибаомӯзи

ШУЪБАИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ ВА КОР БО МУТАХАССИСОНИ ҶАВОНИ ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ

НОЗИМОВ АЙНИДДИН ШАМСУДДИНОВИЧ ‒ мудири шуъбаи тарҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

       Нозимов Айниддин шамсуддинович ‒ 30-уми августи соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи ихтисоси таърих ва ҳуқуқи Донишишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт (2013), магистратураи Интиститути таърих- бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2017-2018 ва зинаи доктор аз рўйи ихтисос (PhD)-и Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар солҳои 2019-2024 мебошад. Ҳамчунин, рисолаи номзадии Нозимов А.Ш. дар мавзуи “Бекигарии Қаротегин дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX» зери роҳбарии доктори илмҳои таърих, профессор Ҳ. Пирмшоев тадқиқоти илмӣ бурда истодааст. Самтҳои асосии таҳқиқоти Нозимов А.Ш.  асосан, коркарди тамоми масъалаҳои фарогири  мавзуи “Бекигарии Қаротегин дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX» мебошад. Ӯ дар ин самт маводи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ ба нашр расонидааст. Аз ҷумла, 1 воситаи таълимӣ, 3 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда, 9 мақолаи илмӣ, 11 маъруза дар конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалии дохилӣ ва хориҷӣ, 10 мақолаи илмӣ-оммавӣ ва 1 барномаи таълимӣ.

ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБА

      Шуъбаи тарҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт яке аз шуъбаҳои калидӣ ба ҳисоб рафта, дар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, яъне омўзгорони ҷавон нақши муҳимро иҷро менамояд.

     Шуъбаи мазкур соли 2011 бо қарори Шурои олимони донишкада таъсис дода шуд. Мудири шуъбаи мазкурро аз соли 2011 то соли 2020 муаллими калони собиқ кафедраи педагогика ва психология Солиҳев М. ба уҳда доштанд. Аз санаи 29.07.2020 бошад, мудири Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишкадаро Нозимов А.Ш. роҳбарӣ менамояд.

Дар шуъба ҳамагӣ 2 нафар: мудир ва сармутахассис фаъолият менамоянд.

      Ҳадафи Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишкада ин таълиму тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ, додани донишҳои методӣ, омода намудани кадрҳои тахассусӣ, бартараф намудани норасоии кадрӣ-омӯзгорӣ дар минтақа, мусоидат намудан ҷиҳати ҳалли мушкилоти мардуми минтақа ва монанди инҳо ташкил медиҳад.

          Вазифаҳои шуъба аз инҳо иборат мебошанд:

          1) дар донишҷӯён ташаккул додани тарбияи ватандӯстию худшиносӣ;

          2) баланд бардоштани малакаи касбии донишҷўён;

          3) бо ташкилу баргузор намудани конференсия, ҳамоишҳо, мизҳои мудавар, семинарҳои илмӣ ва маҳфилҳо сайқал додани донишҳои касбӣ донишҷӯён ва баланд бардоштани сифати таълим дар муассиса;

          4) гузаронидани таҳқиқотҳои илмию амалӣ дар самти омўзгорӣ, дарёфт ва муайян намудани роҳу воситаҳои бартараф намудани камбудиҳо дар муассисаҳои таълимии минтақа;

Дурнамои фаъолияти шуъба:

‒ анҷом додани фаъолияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар самти таҷрибаомўзӣ;

‒ баргузор намудани конференсия ва семинарҳои илмю амалӣ оид ба масъалаҳои гуногуни методҳои таълим;

‒ тарбия намудани мутахассисони ҷавобгў ба талаботи бозори меҳнат;

‒ бартараф намудани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таълимии минтақа ва ҷумҳурӣ;

‒ҷоннок намудани назорати таҷрибаомўзон аз тарафи шуъба ва ѓайра.

КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ ВА КОР БО МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН:

Ному насаб

Вазифа

Унвон ва дараҷаи илмӣ

Суроға

1.

Нозимов Айниддин Шамсуддинович

мудири шуъба

 

Суроға: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63.

E-mail: nozimova1991@gmail.com

Тел.: + 992 918-37-25-69

2.

Саидова Мусавара Аҳлуддиновна

Сармутахассиси шуъба

 

Суроға: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Н.Рашт.ҷ/д Қалъанак.

Тел.: + 992 925-89-20-55