Методикаи таҳсилоти ибтидоӣ

КАФЕДРАИ МЕТОДИКАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ

ПАРТОВ НАСРУЛЛО ЗУЛФИҚОРОВИЧ ‒ мудири кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоии факултети педагогика ва варзиши Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, доктори фалсафа (PhD), дотсент.

Партов Насрулло Зулфиқорович ‒ 15-уми январи соли 1990 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи ихтисоси забон ва адабиёти Донишишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт (2013), магистратураи факултети филологияи ДМТ дар солҳои 2013-2015 ва зинаи доктор аз рӯйи ихтисос (PhD)-и Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар солҳои 2016-2019 мебошад. Санаи 24-уми сентябри соли 2022, соати 90:00 рисолаи илмияшро дар мавзуи “Методикаи таълими фасли муқаддимавии «Синтаксис (наҳв) ва аломатҳои китобат» дар синфҳои V таҳсилашон ба забони тоҷикӣ” зери роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор С.Шербоев дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА.023-и назди ДМТ ҳимоя намуда, 26 декабри соли 2022 бо қарори КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №10 бо дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) сарфароз гардонида шудааст. Самтҳои асосии таҳқиқоти Партов Н.З. асосан, коркарди методии тамоми масъалаҳои фарогири фасли муқаддимавии «Синтаксис (наҳв) ва аломатҳои китобат»: ибора, ҷумла ва хелҳои он (ҷумлаҳои содда), сараъзо ва аъзоҳои пайрави ҷумла, ҷумлаҳои чидааъзо ва аломатҳои китобат дар онҳо, ҷумлаҳои мураккаб, нутқи айнан ва мазмунан нақлшуда бо тартиби дар барнома омадаашон зимни такя намудан ба маводи гуногуни илмию методӣ, ки дар доираи экспериментҳои педагогӣ ҳам санҷида шудаанд, дар бар мегирад. Ӯ дар ин самт маводи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ ба нашр расонидааст. Аз ҷумла, 2 воситаи таълимӣ, 1 монография, 11 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда, 17 мақолаи илмӣ, 10 маъруза дар конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалии дохилӣ ва хориҷӣ, 23 мақолаи илмӣ-оммавӣ ва 1 барномаи таълимӣ.

 ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРА

       Кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт яке аз кафедраҳои навтаъсиси донишкада ба ҳисоб рафта, дар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, яъне омӯзгорони синфҳои ибтидоии донишкада нақши муҳимро иҷро менамояд.

      Дар аввал, таълими фанҳои методикаи таҳсилоти ибтидоӣ дар донишкада аз ҷониби кафедраи “Педагогика” ба роҳ монда мешуд, ки соли таҳсили 2008-2009 бо унвони кафедраи “Педагогика ва психология” фаъолият намудааст. Кафедраи мазкурро устодон Умронов М., Аминов Ш., Исматов Д., Исмоилова Д., Ҳусейнов Н., Неъматов Р., Аминова И., Сарбозова З. мудирӣ намудаанд. Санаи 08.09.2023 бо қарори Шурои олимони донишкада (таҳти №329) кафедраи “Педагогика” ба ду кафедраи мустақил: “Педагогикаи умумидонишкадавӣ” ва “Методикаи таълими синфҳои ибтидоӣ” ҷудо карда шуданд. Ҳамин тавр, кафедраи “Методикаи таълими синфҳои ибтидоӣ” санаи 27.12.2023 бори дигар, бо қарори Шурои олимони донишкада (таҳти №337) номи худро ба “Методикаи таҳсилоти ибтидоӣ” тағйир дода, ҳамчун кафераи мустақили донишкада, то кунун фаъолият намуда истодааст. Аз 28-уми августи соли 2023 кафедраи мазкурро доктори фалсафа (PhD), дотсент Партов Н.З. роҳбарӣ менамояд.

       Дар кафедра ҳамагӣ 6 омӯзгор фаъолият менамоянд: 1 нафар доктори фалсафа (PhD), дотсент; 1 нафар муаллими калон ва 4 нафар ассистентон.

Кафедра дорои 2 ихтисос:

  1. 1-010202 – Методикаи таълими ибтидоӣ;

  2. 1-010202-03 – Таҳсилоти ибтидоӣ.Санъати мусиқӣ

Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Омӯзгори ҷавон” фаъолият менамояд.

Ҳамзамон, дар кафедра семинарҳои илмӣ-назариявӣ, конференсияҳо ва дарсҳои кушод баргузор карда мешаванд.

      Дар кафедра аз рӯйи фанҳои зерин дарс гуфта мешавад: Методикаи таълими забони модарӣ, практикуми курси мактабии забони модарӣ, забони адабии ҳозираи тоҷик; математика, асосҳои математикаи мактаби, методикаи таълими математика; муқаддимаи ихтисоси омӯзгорӣ, назария ва методикаи инкишофи нутқи кӯдакон; асосҳои табиатшиносӣ ва тарбияи экологӣ, машқи хат ва хушнависӣ; методикаи таълими тарбияи мусикӣ, назария ва методикаи тарбияи мусикӣ ва ғ.

 

       Ҳадафи кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоиро таълиму тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ, омӯзиши донишҳои методӣ, омода намудани кадрҳои тахассусӣ, бартараф намудани норасоии кадрӣ-омӯзгорӣ дар минтақа, мусоидат намудан ҷиҳати ҳалли мушкилоти мардуми минтақа ва монанди инҳо ташкил медиҳад.

          Вазифаҳои кафедра аз инҳо иборат мебошанд:

          1) дар донишҷӯён ташаккул додани тарбияи ватандӯстию худшиносӣ;

          2) баланд бардоштани малакаи касбии донишҷӯён;

        3) бо ташкилу баргузор намудани конференсия, ҳамоишҳо, мизҳои мудавар, семинарҳои илмӣ ва маҳфилҳо сайқал додани донишҳои касбӣ донишҷӯён омӯзгорон ва баланд бардоштани сифати таълим дар муассиса;

          4) гузаронидани таҳқиқотҳои илмию амалӣ дар самти омӯзгорӣ, дарёфт ва муайян намудани роҳу воситаҳои бартараф намудани онҳо;

Дурнамои фаъолияти кафедра:

‒ анҷом додани фаъолияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;

‒ таҳия ва нашри воситаҳои таълимӣ аз рӯйи фанҳои тадрисшавандаи кафедра;

‒ баргузор намудани конференсия ва семинарҳои илмю амалӣ оид ба масъалаҳои гуногуни методҳои таълим;

‒ соҳибунвон гардонидани омӯзгорони кафедра;

‒ таҳия ва нашри монография ва дигар адабиёти илмию таълимӣ дар ин самти;

‒ баланд бардоштани сифати таълим аз рӯйи фанҳои омӯхташаванда;

‒ омода намудани кадрҳои дорои касбияти баланд дар ин самт;

‒ таъсис додани ихтисосҳои нави ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй ва ғайра.

ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА

Ному насаб

Вазифа

Унвон ва дараҷаи илмӣ

Суроға

1.

Партов Насрулло Зулфиқорович

мудири кафедра

доктори фалсафа (PhD), дотсент

734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63.

E-mail: Nasrullo_90@mail.ru

Тел.: + 992 900-25-88-82

2.

Сарбозова Зебо Сафоловна

муаллими калон

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, Н.Рашт.ҷ/д Қалъанак.

Тел.: + 992 918-14-40-19

3.

Мирзоев Ҳикматулло

ассистент

 

Суроға: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63.

Тел.: + 992 985-66-79-99

4.

Ортиқов Холмаҳмад

ассистент

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, Н.Рашт.ҷ/д Қалъанак.

Тел.: + 992 987-20-23-47

5.

Исмоилова Донагул

ассистент

 

734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63.

Тел.: + 992 987-20-23-47

6.

Қосимов Саиднозим

ассистент

 

734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Ғарм, к. Исмоили Сомонӣ

Тел.: + 992 987-20-23-47