Химия

КАФЕДРАИ ХИМИЯИ ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ


 

Раҳматов Маснавӣ Аловудинович ‒ мудири кафедраи химияи факултети табӣи-риёзии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, ассистент.

Раҳматов Маснавӣ Аловудинович ‒ 14 уми марти соли 1996 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи ихтисоси химияи умумии факултети химияи ДМТ (2019), Самтҳои асосии таҳқиқоти Раҳматов М.А. асосан ба масъалаҳои мубрами илмӣ; химияи умумӣ; химияи ғайриоганикӣ; химияи органикӣ; химияи физикӣ; химияи таҳлилӣ; химияи полимерҳо ва методикаи омӯзиши ҳалли масъалаҳои химиявӣ бахшида шудааст. Ӯ дар ин самтҳо 5 воситаи таълимӣ, 20 мақолаи илмӣ, 10 маъруза дар конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалии дохилӣ, 5 мақолаи илмӣ-оммавӣ ва 11 барномаи таълимӣ.

ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРА

Кафедраи химияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт яке аз кафедраҳои навтаъсиси донишкада ба ҳисоб рафта, дар омода намудани кадрҳои омӯзгории соҳаи кимёгарӣ, баланд бардоштани иқтидори илмию таълимӣ ва иҷтимоии донишкада нақши калонро иҷро менамояд.

Дар ибтидо таълими фанҳои химия дар донишкада аз ҷониби кафедраи муттаҳидаи “Табиатшиносӣ” ба роҳ монда мешуд, ки 27 уми ноябри соли 2013 бо қарори Шӯрои олимони Донишкада дар назди факултети “Табиӣ-риёзӣ” ташкил гардидааст ва мудирии онро он замон Икромов С.Т. ба уҳда дошт ва кафедраи “Химия-биология” бошад мувофиқи қарори Шурои олимони ДОТ дар н. Рашт аз санаи 28.09.2018 сол, дар назди факултетӣ Табиӣ-риёзӣ таъсис ёфта буд, мудирии онро бошад Икромов С.Т ва Ҳусейнов У.М. ба уҳда доштанд. Барои боз ҳам дар сатҳи олӣ фаъолият намудани кафедра зарурияти ҷудо кардани кафедраи “Химия” ба вуҷуд омад. Мувофиқи қарори Шурои олимони ДОТ дар н. Рашт ва фармоиши ректори ДОТ дар н. Рашт дар заминаи кафедраи “Химия-биология”, кафедраи “Химия” аз санаи 30.08.2022 дар назди факултети “Табиӣ-риёзӣ” таъсис дода шуд, ки аввалин мудири он Қаюмов А.М ва аз саннаи 01.01.2023 то ин ҷониб бошад мудири кафедраро Раҳматов М.А. ба уҳда дорад. Ҳамин тавр, дар донишкада кафедраи мустақили “Химия” ташкил гардид, ки то кунун фаъолият намуда истодааст.

Дар кафедра ҳамагӣ 4 омӯзгор фаъолият менамоянд: 1 нафар номзади илм ва 3 нафар ассистентон.

Кафедра дорои 1 ихтисос – 1-020406-01 – Химия-биология мебошад.

Дар назди кафедра озмоишгоҳи химия бо тамоми таҷҳизотҳо ва зарфҳои химиявӣ ташкил гардидааст, ки баҳри донишандузии донишҷӯёну кормандон равона гардидааст.

Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Химикони ҷавон” фаъолият менамояд.

Ҳамзамон, дар кафедра семинарҳои илмӣ-назариявӣ, конференсияҳо ва дарсҳои кушод баргузор карда мешаванд.

Дар кафедра аз рӯйи фанҳои зерин дарс гуфта мешавад: химияи умумӣ; химияи ғайриорганикӣ; методикаи таълими химия; химияи органикӣ; химияи таҳлилӣ; асосҳои назарияи химияи ғайриорганикӣ; ҳалли масъалаҳо аз химия; ҳалли масъалаҳо аз химияи органикӣ; синтези органикӣ; таҳлили пайвастагиҳои органикӣ; химияи органикии мактабӣ; асосҳои назарияи химияи органикӣ; химияи полимерҳо; асосҳои химияи мактабӣ;химияи физикавӣ ва колоидӣ; усулҳои физико-химиявӣ ва физикавии таҳлил; технологияи химиявӣ;корҳои берун аз синфи аз химия.

Ҳадафи кафедраи химияро дар таълиму тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ, омӯзиши донишҳои химиявӣ ба донишҷӯён, омода намудани кадрҳои тахассусӣ, бартараф намудани норасоии кадрӣ-омӯзгорӣ дар минтақа, мусоидат намудан ҷиҳати ҳалли мушкилоти химиявии мардуми минтақа ва монанди инҳо ташкил медиҳад.

          Вазифаҳои кафедра аз инҳо иборат мебошанд:

         1) дар донишҷӯён ташаккул додани тарбияи ватандӯстию худшиносӣ;

         2) омӯзиши донишҳои химиявӣ ба донишҷӯён ва баланд бардоштани малакаи касбии онҳо;

        3) бо ташкилу баргузор намудани конференсия, ҳамоишҳо, мизҳои мудавар, семинарҳои илмӣ ва маҳфилҳо сайқал додани донишҳои химиявии донишҷӯёну омӯзгорон ва баланд бардоштани сифати таълим дар муассиса;

         4) гузаронидани таҳқиқотҳои илмию амалӣ дар самти химия, дарёфт ва муайян намудани роҳу воситаҳои бартараф намудани онҳо;

         5) додани донишҳои химиявӣ ба донишҷӯёну омӯзгорон, кормандон ва дигар шахсони муроҷиаткунанда ва ғайра.

Дурнамои фаъолияти кафедра:

‒ анҷом додани фаъолияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;

‒ таҳия ва нашри воситаҳои таълимӣ аз рӯйи фанҳои тадрисшавандаи кафедра;

‒ баргузор намудани конференсия ва семинарҳои илмю амалӣ оид ба масъалаҳои гуногуни химиявӣ;

‒ соҳибунвон гардонидани омӯзгорони кафедра;

‒ таҳия ва нашри монография ва дигар адабиётҳои илмию таълимӣ дар самти химия;

‒ ҷоннок намудани фаъолияти гурӯҳи олимпи назди кафедра;

‒ баланд бардоштани сифати таълим аз рӯйи фанҳои химиявӣ;

‒ омода намудани кадрҳои дорои касбияти баланд дар самти химия;

‒ таъсис додани ихтисосҳои нави ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй ва ғайра.

ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА

Ному насаб Вазифа Унвон ва дараҷаи илмӣ Суроға
1. Раҳматов Маснавӣ Аловудинович мудири кафедра ассистент Суроға: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63.

E-mail: mr.chemist22@mail.ru

Тел.: + 992 200-320-320

2. Икромов Сайнуриддин Тоҷиддинович муаллими калон   Суроға: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63.

E-mail: isaynuriddin@gmail.com

Тел.: + 992 300-03-23-50

3. Ҷамолов Нурмуҳаммад Маҳмадҷонович муаллими калон номзад Суроға: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63.

nurmuhammadj1993@gmail.com

Тел.: + 992 985-04-84-80

4. Тоирзода Мустафо Аҳлиддин ассистент   Суроға: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63.

E-mail: mustafo.toirzoda@iclond.com

Тел.: + 992 201-93-08-08