Шуъбаи дуюм

Сардори шуъбаи дуюм- ассистент Саидов С. Ҷ.

ҲОЛНОМА

Саидов Саймурод Ҷамолиддинович-  3-юми июни соли 1993 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 2016 Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро бо ихтисоси таърих ва ҳуқуқ бо дипломи аъло, рӯзона хатм намудааст.

      Соли 2018 шуъбаи магистратураи Донишгоҳи  миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаррих, рӯзона хатм кардааст.

   Солҳои 2018-2019 ба ҳайси ассистенти кафедраи таърих ва методикаи таълими они факултети таърих ва ҳуқуқи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, солҳои 2018-2021  муовини декан оид ба таълим дар факултети таърих ва ҳуқуқ,   солҳои 2021-2022 мудири кафедраи таърих ва методикаи таълими они факултети таърих ва ҳуқуқ, аз моҳи сентябри  соли 2023 то инҷониб ҳамчун сардори шуъбаи дуюм кору фаъолият намуда истодааст.

     Муаллифи беш аз 50- маводи таълими-методӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад, аз ҷумла 1-китоби дарсӣ, 4- воситаи таълимӣ, 10- барномаи таълимӣ ва 30 мақолаи илмӣ-оммавӣ (аз он 4 мақола дар маҷаллаҳои тақризшаванда). Ҳамзамон, дар конференсияҳои сатҳи гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намудааст.

     Аз соли 2020 то инҷониб унвонҷӯи шуъбаи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва нав, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ, дар мавзӯи “Рашт дар сарчашмаҳои таърихи асри миёна”, зери роҳбарии д.и.т. профессор Ҳайдаршо Пирумшо   корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодааст.

    Барои хизматҳои шоён дар таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ чандин маротиба аз ҷониби роҳбарияти донишкада бо ифтихорнома ва сипосномаҳо (аз ҷумла 4 ифтихорнома) қадрдонӣ гардидааст. Ҳамзамон, бо сипосномаи  Раиси ноҳияи Рашт Набизода Р. М., (соли 2022) ва  Ҳизби халқи демакратии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт (соли 2022) қадрдонӣ шудааст.

Оиладор соҳиби 2 фарзанд. Аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошад.

ДАР БОРАИ ШУЪБАИ ДУЮМ

       Шуъбаи 2-юми моҳи июни соли 2011 таъсис ёфта то  имрӯз фаъолият намуда истодааст. Фаъолияти кории шуъбаи 2-юм дар асоси Оиномаи донишкада, Низомномаи шуъба ва нақшаи кории шуъба амалӣ мегардад. Кори шуъбаро сардор ва мутахассис пеш мебаранд

Сарварони шуъбаи дуюм:

       Аввалин сардори шуъбаи дуюм дар соли аввали ташкилшавӣ     Низомова Зебо (солҳои 2011-2016), Кенҷаев Воҳидҷон (солҳои 2016-2018), Аминова Иқболбӣ (2018-2021), Мудабиров Зафарҷон (солҳои 2021-2023) кору фаъолият намудаанд.

     Ҳамин тариқ, аз соли 2023 то инҷониб сардори шуъбаи дуюми Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро Саидов Саймурод Ҷамолиддинович ба зимма дорад.

САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБАИ ДУЮМ

  • Санҷида баромадани лоиҳаҳои фармоишҳо доир ба ҳайати донишҷӯёне, ки деканҳо пешниҳод менамоянд;

  • Шинос шудан бо риояи фармоишҳо доир ба ҳайати кормандон, ки аз ҷониби раёсати кадрҳо ва корҳои махсус омода карда мешавад;

  • Имзо гузоштан ба варақаҳои аз корравии кормандон ва донишҷӯёни донишкада;

  • Назорати риояи равобит, санҷиши шиноснома ва имзо гузоштан ба қайди ҳарбӣ;

  • Назорати хориҷ, интиқол ва барқароркунии донишҷӯён;

  • Ҳар охири сол додани ахборот дар маҷлисҳои раёсати донишкада доир ба вазъи ба қайдгирии ҳарбӣ ва риояи низоми шиносномавӣ.