Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ

Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ – Олифтаев Н.Ф.

ҲОЛНОМА

     Олифтаев Нодир Фезилобекович 15-уми феврали соли 1989 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

     Соли 2011 Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоевро бо дипломи аъло хатм намудаст. Баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси ассистенти кафедраи таҳлили математикии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев (ДДХ) кору фаъолият кардааст.

     Аз соли 2012 то соли 2014 дар шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тахсил намудааст.

     Аз соли 2013 то соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) кору фаъолият кардааст. Соли 2017 таҳти роҳбарии академики АМИТ – Шабозов М.Ш. рисолаи номзадии худро ҳимоя намудаст. Аз соли 2018 то соли 2023 ба ҳайси муовини ректор оид ба корҳои таъдим дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт (ДОТР) кору фаъолият кардааст. Аз соли 2023 то ҳол вазифаи муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро ба ӯҳда дорад. Муаллифи беш аз 28 маводи илмӣ, таълимӣ, таълимӣ-методӣ ва оммавӣ мебошад. Натиҷаҳои илмии бадастовардаи номбурда  дар конференсияҳои сатҳи гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ муҳокима гардидаанд.

      Барои хизматҳои шоён дар таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ аз тарафи роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардидааст.

     Олифтаев Н.Ф. оиладор (соҳиби 2 фарзанд) мебошад.

Робитаи байналмилалӣ

      Ҷиҳати ҷоннок намудани робитаҳои байналмилалии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, соли 2023 бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори донишкада 3 воҳиди корӣ таъсис дода шуд. Муовини реткор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Олифтаев Н.Ф. мебошад. Аз соли 2023 инҷониб бо роҳбарияти 4 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи кшивар шартномаи ҳамкорӣ баста шудааст.