Таърихи ДОТ

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт: дирӯз ва имрӯзи он

      Аз ибтидо то имрӯз ин даргоҳ  таҳти таваҷҷӯҳ, назорат ва дастгирии пайвастагии  Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва   ташкилу ҳадяи ду бинои таълимӣ, маҷмааи варзишӣ, хобгоҳ ва 21 хонаи  хизматии омӯзгорон ба донишҷуёну омӯзгорон  ва мардуми Раштонзамин  ба ин гувоҳ  мебошад  ва   ташрифи Пешвои муаззами миллат дар солҳои 2010, 2013 ва 2016  баҳри рушди Донишкада  заминаи асосӣ гузошт.  Бунёди биноҳои таълимию хобгоҳи Донишкада , маҷмааи варзишӣ, хонаҳои омӯзгорон аз ҳисоби  маблағҳои давлатӣ  ва фароҳамовардани ҳамаи шароити арзанда  баҳри рушди таълиму тарбия ва илм дар муассисаи олии таълимӣ дар  водии  Рашт  саҳми калидӣ ва қиёснашавандаро Пешвои муаззами миллат гузоштааст ва сипосгузору шукргузор  аҳли илму маорифи  водӣ аз Президенти кишвар мебошанд ва  муассиси  нахустин  мактаби олӣ  дар води Рашт  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон  мебошад.

      Пиёда созандагони  сиёсати маорифпарвару созандаи Пешвои миллат  дар  кишвар аҳли маориф ва зиёиёни  он мебошанд.Ба чунин яке аз  шахсиятҳо Мирзохуҷа Пирзод   фарзанди беназиру фарзонаи Раштонзамин  шомил аст, зеро  вай дар саргаҳи роҳбарии даргоҳи маърифат дар водии Рашт , ки имрӯз номи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро дорад, қарор дошт . Воқеан, рисолати роҳбари нахустин мактаби олӣ дар води Раштро  Мирзохуҷа Пирзод(солҳои 1992-1994; 2002-2008) ба зимма гирифт ва дар  ин мӯҳлат то ҷое, ки имкон дошт , заҳмат кашиду нақши хешро  дар бунёду таҳкими  муассисаи таълимии олӣ дар ин водӣ гузошт. Чунин раванд дар асаре, ки ба ҳаёту фаъолияти М.Пирзод бахшида шудааст ва таҳияи онро донишманд М.Шодиев  анҷом додааст, чунин омадааст: «…бо тавсияи Ҳукумати ноҳияи Ғарм  дар мувофиқа  бо Вазорати маорифи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар заминаи Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ дар шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко дар шаҳраки Новободи  ноҳияи Ғарм филиали ин Донишгоҳ бо фармони №177-Л аз 17 сентябри соли 1992 (ректори Донишгоҳ профессор Ямоқов Э.Я. буд) бо ташкили  ихтисос дар се шӯъбаи рӯзона –таърих, забон ва адабиёти тоҷик , математика  кушода шуд ва нахустин сарвар(декан)-и ин даргоҳ М.Пирзод таъин шуд. Дар ибтидо  дар  ин даргоҳ  360 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда буд, ки аз инҳо 41 нафар занону духтарон  будаанд, ки бо қатъ гаштани фаъолияти  филиал (соли 1995)  ҳамагӣ 36 нафар донишҷуён  таҳсилро дар Душанбе идома додаанду халос, боқимонда тарки таҳсил намудаанд».[1] Дар ин давра филиал фаъолияташро  аввало дар шаҳраки Навобод (бинои омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳраки  Навобод)  ва ҷойи хоби донишҷуён Санги  Кар таъин шуд ва дар Санги Кар ошхонаю нонвойхона  бо ташаббуси  раиси вақти  ноҳияи Ғарм Орифҷон Бобоҷонов  ба роҳ монда шуда , ки ба ҳар  як донишҷӯ  як дона нони кулча мерасид.[2]

        Таҳсили донишҷуёни филиал дар солҳои 1992-1995 дар чунин маконҳо —  дар ибтидо  дар шаҳраки Навобод  (ташаббускор Орифҷон Бобоҷонов ) ва  аз 3 апрели соли 1993 дар   мактаби миёнаи № 1 ноҳияи Ғарм( ташаббускор раиси вақти ноҳияи Ғарм Б. Музаффаров) ва аз моҳи майи соли 1994  дар шаҳраки Навобод( ташаббусскор раиси вақти ноҳияи Ғарм  С.Хайруллоев) ба роҳ монда шуда буд. Дар моҳи сентябри соли 1995  филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе  ба номи Қандил Ҷураев бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолияташро қатъ намуд. Дар моҳҳои майи соли 1994  то сентябри соли 1995  сарвар(декан)-и  филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе  ба номи Қандил Ҷураев дар ноҳияи Ғармро  Муллоҷон Аҳмадов ба зимма дошт. Сабаби қатъ гаштани фаъолияти  филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе  ба номи Қандил Ҷураев дар ноҳияи Ғарм бо вазъи мураккаби сиёсӣ (ҷанги шаҳрвандӣ)-и кишвар  вобаста карда мешавад… Ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе  ба номи Қандил Ҷураев дар ноҳияи Ғарм, ки  дар солҳои 1992-1995 дар води Рашт  рост омада буд , бо иқрори  Пирзод М. вай  дар танҳои  ба он  муваффақ нашудааст  ва номи ҳар як нафареро , ки саҳм гузошаанд зикр кардааст, чунончӣ: «Орифҷон Бобоҷов-раиси вақти ноҳияи Ғарм зарурият ва аҳамияти таъсиси мактаби олиро дар водӣ  дарк кард ва барои дастгирӣ  дар  кушодани филиал  бо имзои вай мактуб  ба Ҳукумати кишвар, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе  ба номи Қандил Ҷураев  ирсол дода шуд. Дар иқдоми кушодани  филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе  ба номи Қандил Ҷураев дар ноҳияи Ғарм дар солҳои 1992-1995  нақши фарҳангиёни  Раштӣ-Илёсиддин Саидҷаҳфаров, Қаноатшо Лоиқов, Баҳром Мавлонов, Мирзоҳомид  Ҳомидов,  Маҳмудҷон Хоҷаев, Довудшо Эшонов, Муҳриддин  Обиддинов ва махсусан  мудири маорифи  ноҳия Муллоҷон Аҳмадов  нек ёд шудааст  ва  фармони  кушодшавии  филиали  Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе  ба номи Қандил Ҷураев дар ноҳияи Ғармро моҳи августи соли 1992  муовини ректор оид  ба илми  ин даргоҳ Раҳматшо Диловаров дар толори Ҳукумати  ноҳияи Ғарм  қироат кард ва филиал то сентябри соли 1995 фаъолият намуд.[3]

        Марҳилаи дуюми бунёди мактаби олӣ дар Раштонзамин фарогири солҳои 2002-2007 мебошад, ки дар ин марҳила дар эҳёи бунёди сохтори муассисаи таълимии олӣ дар води Рашт Мирзохуҷа Пирзод ва дигар фарзондони некхоҳу фарзонаи  миллат саҳму нақш доранд  ва дар ин бахш  Пирзод М. ҳамчун  сарвари муассиса ба заҳмати ҳар як шахс,  сари таъзим фуруд овардааст. Зарурияти кушодани муассисаи таълимии олӣ  дар ин гушаи зебоманзари ватан  дар норасоии мутахассис  ва кадрҳои маҳаллӣ, аз ҷумла дар соҳаи омӯзгорӣ  бо сабабҳои гуногун  бараъло эҳсос мешуд    ва чунин вазъро шахси ташаббускор  лозим буд , ки  дар сатҳи   болоӣ расонад ва  тақдир ин рисолатро ба зиммаи Мирзохуҷа Пирзод  гузошт. Талошу садои Мирзохуҷа Пирзод  аз ҷониби дигар шахсиятҳои фарҳангию давлатии ноҳия ва кишвар оид ба  кушодани  шӯъба ё филиалҳои муассисаҳои  таълимии олӣ дар води Рашт  ҳамовозӣ ёфтааст. Чунончӣ, моҳи январи соли 2002, иқдоми неки М.Пирзодро  муовини аввали  раиси  ноҳияи Рашт Хайриддин Сафаров (бо сабаби  дар рухсати меҳнатӣ қарор доштани  М.Толибов) дарк ва дастгирӣ мекунад ва мактубро  ба  номи ректори  Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе  ба номи Қандил Ҷураев  барои таъсиси  филиали  ин даргоҳ  дар ноҳияи Ғарм ба имзо мерасонад ва дар ин кор ба М.Пирзод бурдбориҳо таманно мекунад. М.Пирзод  ин кори  Сафаров Хайриддинро як қаҳрамонӣ  қабул дорад  ва  нороҳат аз бе таваҷҷӯҳӣ ва   дида натавонистани  бисёре аз шахсони маҳал  дар водӣ   таъсиси  даргоҳи маърифат мебошад. Баъди  ба даст овардани  мактуб  М.Пирзод роҳи Душанберо  пеш мегирад  ва дар шаҳри Душанбе   М.Пирзодро дар ин иқдоми нек  академик Маҳмадулло Лутфуллоев  ва профессор Сироҷиддин Бандаев   ҳамроҳӣ кардаанд  ва  онҳо дар якҷоягӣ  ба ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе  ба номи Қандил Ҷураев Қурбон Расулов   дархосту мактубро иброзу  пешниҳод кардаанд , вале  профессор Қурбон Расулов  дар ибтидо аз надоштани салоҳияти  таъсису кушодани  филиалро  ва чунин салоҳиятро мансуб ба Ҳукумату, мактубро дар таҳрири нав ба номи Ҳукумат ва бо   имзои раиси ноҳия  талаб кард.[4]

         Пирзод Мирзохуҷа  ба ноҳияи Рашт баргашт  ва дар таърихи 28 январи соли 2002   мактубро бо мазмуни наву имзои раиси  вақти ноҳияи Рашт  Маҳмадшариф Толибов   ва ба номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифту  роҳи шаҳри Душанберо  гирифт ва  дар шаҳри Душанбе  дар ҷойи лозима  расониданд. Дар иҷроиши   мактуб   нақш ва саҳми калидиро  академик Маҳмадулло Лутфуллоев бо   истифода  аз мавқею имкониятҳояш бозидааст. Фармони дар ноҳияи Рашт  кӯшодани шуъбаи  таълимии ғоибонаи факултетҳои таърих ва  филологияи тоҷики  Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе  ба номи Қандил Ҷураев  дар  санаи  22 апрели соли 2002 ,№01/151 рост  омад, ки директори  шӯъбаи  таълимии ғойбонаи факултетҳои таърих ва  филологияи тоҷики  Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе  ба номи Қандил Ҷураев-Пирзод Мирзохуҷа  таъйин гардид ва дарсҳо дар мактаби миёнаи №1  ноҳияи Рашт  ба роҳ монда шуд, ки ҷойи хоби  донишҷуёну устодон  мушкилии асосӣ буд ва дар  инҷо    Пирзод  М. бо  ҷои  хоб  таъмини  устодонро   дар  кӯмаки беғаразонаю ҷавонмардонаи бародарҳо-Муҳриддину Нуриддин Қудбуддиновҳо,  Фузайлшо Идиев , Содиқҷон Боев ва дигар  мардони саховатпешаю ҷавонмардонаи Раштонзаминро  тасвир  ва ба онҳо   изҳори сипос  менамояд.[5] Пирзод М. дар марҳилаи дуюми  бунёди Донишкада  саҳми  профессор Худойназар Асозодаро   беназир   баҳо додааст.  Дар соли 2007 шӯъбаи  таълимии ғойбонаи факултетҳои таърих ва  филологияи тоҷик дар ноҳияи Рашт ба  филиали  Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе  ба номи  Садриддин Айнӣ  табдил дода шуд ва 22 январи соли 2007  директори  филиали  Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе  ба номи  Садриддин Айнӣ  дар ноҳияи Рашт  Пирзод М. таъин  карда шуд.

      Ҳамин тариқ , марҳилаи сеюми рушди  Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт  бо номи «филиали  Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе  ба номи  Садриддин Айнӣ  дар ноҳияи Рашт» дар солҳои 2007-2013  мебошад, ки дар ин давра  сарварии  филиалро Мирзохуҷа Пирзод (солҳои 2007-2008), Иброҳим  Исроилов (солҳои 2008-2011) ва Саидамир Ҷононов (солҳои 2011-2013)  ба зимма доштаанд. Вақте масъалаи  ифтитоҳи филилали Донишгоҳ  дар  води Рашт дар сатҳи  Ҳукумати   кишвар  матраҳ шуд  ва дар куҷо  сохтани бинои Филиал пеш омад  ва оид ба ин мавзӯ   ду пешниҳод, яке    аз Ҳукумати ноҳияи Нуробод  бинои нимтамоми  мактаби миёнаи №14 дар  ноҳияи Нуробод    ва   дигаре  аз Ҳукумати ноҳияи Рашт дар Ҳоит сохтани    биноро лоиқ донистанд, вале  комиссияи махсус аз Дастгоҳи иҷроияи Президент  ва Вазорати маориф  қабул накардаанд ва макони имрӯзаи Донишкада (ш.Ғарм,кучаи Э. Муҳиддинов,63)-ро  лоиқ донистаанд. Ва  то соли 2010 таҳсили донишҷуёни   филиали  Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе  ба номи  Садриддин Айнӣ  дар ноҳияи Рашт   дар  омӯзишгоҳи  касбӣ-техникии №61 ба роҳ монда шуда буд. Бо сохтан ва дар соли 2010 ба истифода додани   бинои таълимии панҷ ошёна №1 ва хобгоҳи донишҷуёну  9 хонаи хизматии омӯзгорон  таҳҳавулоти ҷиддӣ  ба вуҷуд омад , яъне базаи моддӣ –техникӣ муҳайё шуд. Дар солҳои сарварии Исроилов И.(2008-2011) давраи вазнин  буд ва  Иброҳим Исроилов   дар ободии гирду атрофии  донишкада, шинондани ниҳолу гулҳо, ҷалби устодони  таҳҷой, назорати ҷиддию муҳофизати молу амволи донишкада хизмати шоён кардааст.[6]

       Марҳилаи чоруми  рушди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт  фарогири солҳои 2013 то имрӯз мебошад, ки дар ин давра филиали  Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе  ба номи  Садриддин Айнӣ   ба Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт   табдил дода шуд, ки аз соли 2013  то имрӯз сарварии онро  Саидамир Ҷононов(солҳи 2011-2015), Муродалӣ Маҳмадизода( солҳои 2015-2018), Файзалӣ  Идизода (солҳои 2018-2020), Шоҳиён Маҳмудхон (соли2020) ва Маҳмадёр Раҷабзода( аз соли 2020 ) ба зимма  доштаанд. Дар давраи  сарварии  устод профессор С.Ҷононов(солҳои 2011-2015)  Донишкада мустақилу  бинои таълимии №2  ба истифода  ва дар шакли сикл ҷалби омӯзгорони унвону дараҷаи илмӣ дошта  ба дарс  дар Донишкада  ва ғайра равандҳои мусбии фаъолияти вай   баҳогузорӣ мешавад. Фарҳанг, дониш ва  хиради   профессор Ҷононов С.  барои  омӯзгорон  намунаи пайравӣ   қабул доранд. Сарварии М.Маҳмадизода  дар Донишкада дар солҳои 2015-2018  рост меояд,  ки  раванди мусбии ин давра   ҷиддияту одамшиносии Маҳмадизода М., бунёди маҷмааи варзишӣ, баланд кардани музди меҳнат, ҳавасмандкунонии кормандон, нахустин  синфхонаҳои  компютерии муосир, толори хониши электронӣ, толори  муосири Шурои олимон, барномаи қабули имтиҳонҳо дар  марказу тақсими соат, сабзазоркуни(газон)-и гирду атрофии донишкада, зиёд кардани факултетҳо (аз ду ба чор),   таъмири меҳмонхона, раванди мусбии таълим ва  интизому риояи тобеияти сохторҳои Донишкада  баҳогузорӣ мешавад. Давраи сарварии Идизода Ф. ба солҳои 2018-2020 рост меояд, ки раванди мусбии ин давра бунёди майдони варзишӣ, таваққуфгоҳ, ташкили Паёми Донишкада,  таъмир кардани хатти гармидиҳӣ, ниҳолшинонӣ, гулшинонию сохтмони ташноб, ташкили даҳ ихтисоси нав ( соли 2020) , чароғонкунонии атрофи Донишкада,  девору мустаҳкам кардани гирду атрофи  Донишкада,  соҳиби  як  мошини хизматӣ, 3 автобус , як мошини тоза кардани ахлот, 15 адад нимкат (скамейка),  сабади партов ва  айвонча(беседка) дар саҳни Донишкада  ва ғайра  зикр мешавад. Сарварии Шоҳиён М. дар соли 2020 рост омад, ки дар ин давра,  ҷомеаро  бемории КОВИД-19 фаро гирифта буд ва табиист ба  фаъолияти мутассили вай таъсиргузор буд, гарчӣ нияту орзуҳои нек  ва бунёдиро дар ин даргоҳ  хоҳиши пиёда кардан дошт, вале кутоҳии вақт ва  тақдир  ба он монеа шуд. Инсоният  ва фарҳанги  баланди Шоҳиён Маҳмудхонро   «дӯстон» ва «душманон» -и вай  дар Донишкада   намунаи пайравӣ    қабул  доранд.

      Ҳамин тариқ , бо дастгирии ҳамешагию пайвастагии Пешвои миллат,  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва натиҷаи заҳмату  фаъолияти пурсамари ин намояндагони   илму маорифи кишвар Пирзод М., Аҳмадов М.,Исроилов И.,Ҷононов С., Маҳмадизода М.,Идизода Ф.Ф., Шоҳиён М.Э. ва дигар  омӯзгорони асили ин даргоҳ   буд,  ки имрӯз Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт  ба  яке аз муассисаҳои асосии омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ  дар водии Рашт табдил ёфта истодааст. Имрӯз дар донишкада 6 факултет: таърих ва ҳуқуқ (кафедраҳои ҳуқуқ ва идораи давлатӣ, таърих ва методикаи таълими он, ҷомеашиносӣ), забонҳо (кафедраҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ), табиӣ-риёзӣ (кафедраҳои химия, биология, математика,физика ва методикаи таълими он, информатика ва барномасозӣ), иқтисод ва идора (кафедраҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷменти иҷтимоӣ, технология ва соҳибкорӣ), педагогика ва варзиш (кафедраҳои педагогика ва методикаи таълими он, психология, тарбияи ҷисмонӣ, педагогикаи умуми донишкадавӣ) , география ва ҳифзи табиат (кафедраи география ва ҳифзи табиат, геоэкология) ва фосилавӣ  фаъолият менамоянд.

          Ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкада дар соли 2023-131 нафар(22-нафар зан)-ро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 1 нафар профессор, 17 нафар номзади илм, 31 нафар муаллими калон, 82 нафар ассистент мебошанд. Аз ин шумора ба факултетҳои донишкада: таърих ва ҳуқуқ – 34 нафар омӯзгор – 8 нафар номзади илм, 10 нафар муаллими калон, 16 нафар ассистент; забонҳо – 32 нафар омӯзгор – 1 нафар профессор, 4 нафар номзади илм, 6 нафар муаллими калон, 21 нафар ассистент; педагогика ва варзиш – 13 нафар омӯзгор – 1 нафар номзади илм, 3  нафар муаллими калон, 9 нафар ассистент; табиӣ-риёзӣ – 25 нафар омӯзгор – 2 нафар номзади илм, 6 нафар муаллими калон, 16 нафар ассистент; иқтисод ва идора – 16 нафар омӯзгор – 2 нафар номзади илм, 4 нафар муаллими калон, 10 нафар ассистент; география ва ҳифзи табиат –11 нафар омӯзгор – 2 нафар муаллими калон, 9 нафар ассистент рост меояд.

       Дар соли таҳсили 2022-2023 донишкадаро 455 нафар – 228 нафар аз шуъбаи рӯзона ва 227 нафар аз шуъбаи фосилавӣ (ғоибона) хатм намуданд. Аз ин шумора 109   нафар донишҷӯ тариқи буҷавӣ  рузонаи равияи омӯзгориро хатм намуданд, ки 47 нафари онҳо аз ноҳияи Рашт(14 нафар квота), 15 нафар аз ноҳияи Тоҷикобод (6 квота), 13 нафар аз ноҳияи Нуробод( 1 нафар квота), 20нафар аз ноҳияи Лахш (5 нафар квота), 3 нафар аз ноҳияи Сангвор(2 нафар квота), 1 нафар квота аз Мурғоб,1 нафар аз ноҳияи Ҷайҳун,  2 нафар квота аз Дарвоз,2 нафар аз Қубодиён,1 нафар квота аз Ванҷ, 1нафар аз Шуғнон, 1 нафар квота аз Файзобод мебошанд. Аз теъдоди дар боло зикршудаи хатмкунандагони буҷавӣ 34 нафар тибқи квота дар донишкада таҳсил намудаанд.

      Теъдоди донишҷӯёни таҳсилоти рӯзона ва фосилавии факултетҳои донишкада дар соли таҳсили 2023-2024- 2623 нафарро ташкил медиҳад,ки аз ин шумора 1400 нафар  ба гуруҳҳои  шартномавӣ ва 1223  нафар ба гуруҳҳои буҷавӣ ( аз ҷумла 117 нафар тибқи  квота)   ба таҳсил  фаро гирифта шудаанд.

       Дар солҳои 2021-2023 масъалаи компютеркунонии ҷараёни таълим дар донишкада пурра ҳалли хешро ёфт, яъне аз ҳисоби маблағҳои махсус ва лоиҳаҳо беш аз 150 компютер, 4 тахтаи электронӣ, 2 тахтаи интерактивӣ харидорӣ ва барои истифода пешниҳод гардидааст. Дар солҳои 2021-2024 дар  Донишкада ташноб, 20 адад нимкат (скамейка) сохта  шуд, инчунин  ду озмоишгоҳ- биологӣ ва физика ,   чор синфхона бо фарогирии 120 компютер , маркази “Русское пространство”, синфхонаи лингафонӣ (бо фарогири 17 компютер)   баҳри рушди таълим  ташкил   карда шуд. Дар соли 2023 дар Донишкада шуъбаи магистратура бо ихтисосҳои таърих, забон ва адабиёти тоҷик  бо фарогирии  15 нафарӣ  магистр бо тариқи шартномавӣ, инчунин ихтисосҳои забони русӣ(фосилавӣ), танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ(рӯзона), молия ва қарз(рӯзона ва фосилавӣ)  кушода шуд . Дар соли 2021  -8 синфхонаи  факултети география ва ҳифзи табиат  бо мизу курсӣ   таъмин карда шуд. Дар соли 2023    бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҳисоби лоиҳа ва  маблағҳои  буҷавӣ ба Донишкада   беш аз 337 миз, 266 курсӣ, 10 тахтаи синфӣ, 20 ҷивон(шкаф),  ва бо маблағи 48750 сомонӣ  таҷҳизот ба озмоишгоҳи илмию таълимии  физика ва  ба маблағи 68890 сомонӣ  таҷҳизот барои  озмоишгоҳи илмию таълимии химия  ворид шудааст. Дар нақша аст, ки дар кутоҳтарин вақт   ба Донишкада  бояд  73 мизу 534 курсӣ  ворид карда шавад.

      Паёми Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт аз соли 2021 дар Шохиси илмии иқтибосшудаи Россия (РИНЦ) шомил аст ва мақолаҳои устодони Донишкада ба китобхонаи байналмилалии электронии Россия роҳ ёфтаанд. Маҷаллаи “Паёми Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон  дар ноҳияи Рашт”   дар солҳои 2020-2023  дар 14 шумора  бо фарогирии  608 мақолаи  омӯзгорони  Донишкада нашр шудааст, ки дар инҷода  ба заҳмати Давлатов Н. ва Зокирзода З. лоиқи таҳсин аст .

     Рӯзномаи “Субҳи Рашт”  ба ҳайси моҳнома дар Донишкада  дар солҳои 2020-2023  дар  26 шумора , ки дар он  393 мақолаи илмӣ- оммавӣ ва гузоришҳои устодону донишҷуён  нашр шудааст ва заҳмату талошҳои  муҳаррири  он  Ҳайдаров  Ҳотам сазовори  сипосу арҷгузорӣ аст.

      Дар солҳои 2021-2023 устодониДонишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт- 1442 маводи илмӣ нашр намудаанд, ки аз инҳо 1 китоби дарсӣ, 38 воситаи таълим, 15 дастур, 7 монография , 10 маҷмӯаи мақолаҳо, 268 барномаи таълимӣ, 526 мақолаи илмӣ, 250 фишурда, 327 мақолаи илмӣ-оммавӣ мебошад ва дар  147 конференсияҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, мизи мудаввар,   семинарҳо ва ҳамоишҳои илмии сатҳи гуногун устодон бо 1259  маърӯзаю гузоришҳо баромад кардаанд.

     Дар  солҳои 2020-2024  устодони Донишкада -Зокирзода З.Х.,Шарифова М.Қ., Ҳусейнов У.,Махсудов А.,Партов Н., Садиров Ш.,Саидова С.,Бобохонов Ф., Муқимов С., Қосимов М.Н.,Неъматов Р.,Деҳқонов С.,Одинаев Б., Алиев И.  рисолаҳои номзадиро ҳимоя намудаанд. Устодон Саидҷаҳфаров А.И., Мудабиров З., Шодизода Н., Азимов Ф., Маҳмадуллоев А., рисолаҳои номзадии хешро ба итмом расонидаанд  ва дар арафаи  ҳимоя қарор доранд.

     Дар соли 2021-2024 барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф,  саҳми арзанда  дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр кардани  кадрҳои болаёқат ва иштироки  фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба устодони Донишкада Саймуҳиддинов О. бо медали “Хизмати шоиста”,  Иддизода З.Ф., Муродов Б.С., Садиров Ш.А.,  Саидҷафаров А.И., Деҳқонов С.А., Зокирзода З.Х. , Нодиров М., Абдулов С., Шарифова М.Қ., Аминов И. бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Олифтаев Н.Ф., Ҳаётов Қ., Шеров Қ., Ҷураев М., Ҷамолов Н. бо “Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардидаанд.

     Ҳамин тариқ,  Донишкадаи омӯзгории Тоҷикстон дар ноҳияи Рашт  имрӯз дар марҳилаи рушд  қарор дорад  ва боварӣ дорем УСТОДОНИ  ин даргоҳ  марҳила ба марҳила рисолати хешро  дар ҷомеа иҷро менамоянд ва чароғи маърифатро  дар ин гушаи зебоманзари кишвар-Раштонзамин фурӯзон нигоҳ медоранд.

[1] Ниг.: Омӯзгор, муҳаққиқ ва инсони накӯкор аз Раштонзамин./Мураттиб :М. Шодиев .-Душанбе.,2014.-94 саҳ.

[2] Ниг.: Омӯзгор, муҳаққиқ ва инсони накӯкор аз Раштонзамин./Мураттиб :М. Шодиев .-Душанбе.,2014.-С.10.

[3] Ниг.: Омӯзгор, муҳаққиқ ва инсони накӯкор аз Раштонзамин./Мураттиб :М. Шодиев .-Душанбе.,2014.-94 саҳ.

[4] Ниг.: Омӯзгор, муҳаққиқ ва инсони накӯкор аз Раштонзамин./Мураттиб :М. Шодиев .-Душанбе.,2014.-94 саҳ.

[5] Ниг.: Омӯзгор, муҳаққиқ ва инсони накӯкор аз Раштонзамин./Мураттиб :М. Шодиев .-Душанбе.,2014.-С.33-34.

[6] Ниг.: Омӯзгор, муҳаққиқ ва инсони накӯкор аз Раштонзамин./Мураттиб :М. Шодиев .-Душанбе.,2014.-С.35.