Декани факултет

          

Декан – Кабутов А. Қ

ҲОЛНОМА

            Кабутов Ашурали Қутбидинович 5-уми майи соли 1996 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 2019 Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро бо ихтисоси география ва ҳифзи табиат, рӯзона хатм намудааст.

Соли 2021 шуъбаи магистратураи ДДОТ ба номи С, Айни- ро бо ихтисоси география, рӯзона хатм кардааст.

Солҳои 2022-2023 муовини декан оид ба таълими факултети география ва ҳифзи табиат, аз моҳи ноябри соли 2024 то инҷониб ҳамчун декани факултети География ва ҳифзи табиат кору фаъолият намуда истодааст.

Муаллифи беш аз 9 маводи таълими-методӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад, аз ҷумла 2 воситаи таълимӣ, ва 8 мақолаи илмӣ-оммавӣ Ҳамзамон, дар конференсияҳои сатҳи гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намудааст.

Барои хизматҳои шоён дар таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ аз ҷониби роҳбарияти донишкада бо ифтихорнома ва сипосномаҳо  қадрдонӣ гардидааст. Оиладор соҳиби 2 фарзанд.

ДАР БОРАИ ФАКУЛТЕТ

         Факултети “География ва ҳифи табиат” соли 2021 дар заминаи факултети  “Табиӣ-риёзӣ” дар асоси қарори Шӯрои олимони донишкада ва дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Сарварони факултет:

       Аввалин декани факултет дар соли аввали ташкилшавӣ Идибеков А.А. (солҳои 2021-2023) буданд. Аз 16.11.2023. роҳбарии факултет ба зиммаи Кабутов А.Қ. гузошта шуда. Ӯ қаблан дарвазифаи муовини декан оид ба таълими факултети “География ва ҳифзи табиат” (солҳои 2022-2023) фаъолят менамуд.

    Факултети “География ва ҳифи табиат” дорои ду синфхонаи фаннӣ буда, дар  онҳо донишҷӯён ба таълим фаро гирифта мешаванд. Дар факултет зиёда аз 30 барномаҳои талимӣ, 4- воситаи таълимӣ аз ҷониби омӯзгорони факултет чоп гардидааст. Факултет дорои ду кафедраи тахассусӣ мебошад.

Аз ҷумла:

  1. Кафедраи “Геоэкология”;

  2. Кафедраи “География ва методикаи таълими он”

    Факултети “География ва ҳифи табиат” яке аз факултетҳои намоён дар донишкада ба ҳисоб рафта,  мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин омода месозад:

1-020402А1- География

1-02040504А1- География .Ҳифзи табиат

1-02040503А1 – Географияи. Асосҳои  иқтисодиёт

1-510101А1 – Геология ва иктишофи канданиҳои фоиданок

        Саҳми устодони факултет дар навиштани тақриз ба рисолаҳои хатми бакалаврӣ, магистрӣ ва воситаҳои таълимию китобҳои дарсӣ назаррас аст. Дар назди факултет ҳармоҳа маҳфилҳо, ҳамоишҳо ва семинарҳои илмию назариявии назди кафедраҳо гузаронида шуда, дар он корҳои илмию таҳқиқотии устодон мавриди аҳлилу баррасӣ қарор мегирад. Факултет бо факултети “География”-и ДОТ ба номи С.Айнӣ ҳамкориҳои судманди илмиву таҳқиқотӣ ва таълимиро ба роҳ мондааст.