Забони англисӣ

КАФЕДРАИ ЗАБОНИ АНГЛИСИИ ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ

          Комилов Амрулло Муҳибуллоевич — 1 апрели соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2008 ба факеултети таърих ва филология дохил шуда, соли 2012 онро бо ихтисоси забони англисӣ  хатм намудааст. Ҳамчунон мавсуф солиҳои (2012-2015) дараҷаи магистриро дар кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии факултети забонҳои “Осиё ва Аврупо”- и Донишгоҳи имиллии Тоҷикистон  бо ихтисоси забони англисӣ ба итмом расонидааст. Комилов Амрулло унвонҷӯи кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии факултети забонҳои “Осиё ва Аврупо”- и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Оид ба фаъолияти кафедра

      Кафедраи забони англисї солњои 2008 — 2010 њамчун зершуъбаи факултети «Таърих ва филология» амал намуда аз моњи апрели соли 2011 бо Ќарори Шўрои олимони донишкада тањти №8 бо дарназардошти норасоии кадрњои ихтисосманди забони англисї ва иљозатномаи Хадамоти давлатии назорат дар соњаи маорифи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон таъсис ёфтааст. Шуъбаи забони англисиро аз соли 2012 то 2023 зиёда аз 474 нафар бо бањои хубу аъло хатм намуда, дар самти тадбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба донишгоҳу донишкадаҳ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  кишвари азизамон фаъолияти меҳнати намуда истодаанд.

      Дар кафедраи забони англисии ДОТ дар ноҳияи Рашт 11 нафар омӯзгор ба таълиму тадриси донишҷӯён ва корҳои илмию тадқиқотӣ машғуланд. Аз онҳо 2 нафар саромӯзгор ва 9 нафар ассистент  мебошанд.

     Ҳайати омӯзгорони кафедра ба донишҷӯёни тамоми  ихтисосҳои донишгоҳ машғулият мегузаронанд. Равияи илмии кафедра «Таҳқиқи типологии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ» мебошад. Дар кафедраи забони англисӣ ДОТ дар ноҳияи Рашт мавзӯъҳои истилоҳшиносӣ, луғатшиносӣ, савт, сарфу наҳв, услубиёти вожаҳо  мавриди таҳқиқ қарор доранд.

      Ҳадафи кафедраи забони англисиро таълиму тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ, омӯзиши донишҳои касбӣ ба донишҷӯён, омода намудани кадрҳои тахассусӣ, бартараф намудани норасоии кадрӣ-омӯзгорӣ дар минтақа, мусоидат намудан ҷиҳати ҳалли мушкилоти омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар минтақа ва монанди инҳо ташкил медиҳад.

     Вазифаҳои кафедра аз инҳо иборат мебошанд:

1) дар донишҷӯён ташаккул додани тарбияи ватандӯстию худшиносӣ;

2) омӯзиши донишҳои касбӣ ба донишҷӯён ва баланд бардоштани малакаи касбии онҳо;

3) бо ташкилу баргузор намудани конференсия, ҳамоишҳо, мизҳои мудавар, семинарҳои илмӣ ва маҳфилҳо сайқал додани донишҳои ахасусии донишҷӯёну омӯзгорон ва баланд бардоштани сифати таълим дар муассиса;

4) гузаронидани таҳқиқотҳои илмию амалӣ дар самти мушкилоти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷомеа, дарёфт ва муайян намудани роҳу воситаҳои бартараф намудани онҳо;

        Дурнамои фаъолияти кафедра:

‒ анҷом додани фаъолияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;

‒ таҳия ва нашри воситаҳои таълимӣ аз рӯйи фанҳои тадрисшавандаи кафедра;

‒ баргузор намудани конференсия ва семинарҳои илмю амалӣ оид ба роҳҳои  гуногуни омӯзиши забонҳои хориҷӣ

‒ соҳибунвон гардонидани омӯзгорони кафедра;

‒ таҳия ва нашри монография ва дигар адабиётҳои илмию таълимӣ дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ;

‒ баланд бардоштани сифати таълим аз рӯйи фанҳои тадрисшаванда дар кафедра

‒ омода намудани кадрҳои дорои касбияти баланд дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ;

‒ таъсис додани ихтисосҳои нави ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй ва ғайра.

ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА

Ному насаб

Вазифа

Унвон ва дараҷаи илмӣ

тел

1.

Комилов Амрулло

 

мудири кафедра

 

001778081

2.

Абдуллоев Салоҳиддин

ассистент

 

935084108

3.

Абдуҷабборов Руҳулло

ассистент

 

918995503

4.

Ваҳобов Муқараб

ассистент

 

938169216

5.

Сайхоҷаев Шарбатхуча

Муалими калон

 

918297956

6.

Додова Маҳваш

ассистент

 

7.

Тоҷиева Мунира

ассистент

 

902080819

8.

Маҳмадов Рамазон

ассистент

 

904625566

9.

Нодиров Музаффар

ассистент

 

934170459

10.

Мирзоев Шамсулло

ассистен

 

778885450

11.

Саймуҳддинов Бахтовар

ассистент

 

918610370