Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ

ИСРОИЛОВ ИБРОҲИМ НИЁЗОВИЧ,

номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент, муовини ректор оид ба илми Донишкадаи  омӯзгории   Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

      Соли 1989 Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г. Шевченко (С. Айнӣ)-ро бо ихтисоси муаррих, муаллими таърих ва ҳуқуқ  хатм намудааст. Соли 2012 рисолаи номзадии худро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дифоъ намудааст.

      Исроилов Иброҳим Ниёзович солҳои 1978- 1980 дар Омӯзишгоҳи маданӣ – равшаннамоии ноҳияи Ленин (Рӯдакӣ) таҳсил намудааст. Солҳои 1980-1982 дар сафи қушунҳои армияи советӣ хизмат намудааст. Солҳои 1982 – 1984 мудири шуъбаи методии китобхонаи марказии ноҳияи Москва (Ҳамадонӣ)  фаъолият намудааст. Солҳои 1984-1989 донишҷӯи факултети таърихи ДДОТ баномиТ.Г. Шевченко. 1989 – 1991 ассистенти кафедраи фалсафаи ДДОТ ба номи Т.Г. Шевченко. Солҳои 1991-1993 аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи фалсафаи донишкадаи мазкур. Солҳои 1993 – 2007 корманди Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.  Солҳои 2007- 2008  ҷонишини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ. Солҳои 2008 – 2011 Директори филиали Донишгоҳи давлати омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт. Солҳои  2011- 2012 сардори шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони ДДОТ ба номи С. Айнӣ.  Солҳои 2012 – 2014 муовини ректор оид ба корҳои иқтисодиёт ва хоҷагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ.  2014-2015 декани факултети иқтисодиёт ва идоракунӣ дар соҳаи маорифи ДДОТ ба номи С. Айнӣ.  2015 – 2018 муовини ректор оид ба таълими Донишкадаи омӯзгорииТоҷикистон дар ноҳияи Рашт. Аз сентябри соли 2018 то имрӯз дар вазифаи муовини ректор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт кор ва фаъолият менамояд.

   Дар давраи фаъолияти худ ба мукофотҳои давлатии СССР, РСС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида  шудааст Ифтихорномаи фахрии Комитаи марказии комсомоли Тоҷикистон соли 1988,  Медали 10 солагии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003, Ифтихорномаи Раиси Комитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012, Медали 80 солагии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004. Медали 80 солагии Данишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ соли 2011. Вакили Анҷумани Х1V Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соли 2020.

    Ба қалами ӯ  як дастури методӣ барои омӯзгорон «Дониш чашмаи обест..» (2010),  монография «Современная миграционная политики Республики Таджикистан» (2014),  дар ҳаммуалифӣ бо профессорон Назариев Р., Самиев Б, дотсент Зокиров О. ва диг. «Вожаҳои фалсафа ва методологияи илм» (2015) , Маҷмуаи таълимию методӣ аз фани фалсафа  (2018), Масъалаҳои глобалӣ дар замони истиқлолият ( бахшида ба 30- солагии истиқлолияти давлатӣ (маҷмӯаи мақолаҳо 2019), Маҷмӯаи таълимӣ аз фанни сиёсатшиносӣ (2020), Воситаи таълимӣ аз фанни сиёсатшиносӣ (2021) барномаҳои таълимӣ аз фани Фалсафа, Сиёсатшиносӣ ва зиёда аз 156 мақолаи илмӣ — назариявӣ ва омавӣ тааллуқ дорад.

    НИЗОМНОМАИ

        РАЁСАТИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯИ ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР НОҲИЯИ РАШТ

 

  1. Қоидаҳои умумӣ

1.1. Низомномаи Шӯъбаи илмӣ-инноватсионии Донишкадаи  омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт(минбаъд — Шӯъба) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия гардида, фаъолияти худро мутобиқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовара ва фармоишҳои Вазири маориф ва илм, фармоиши Ректори Донишкада, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Низомномаи мазкур амалӣ менамояд.

1.2. Муассиси Шӯъба Раёсати Донишкада буда, фаъолияти он аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои махсуси Донишкада ва дигар манбаъҳои маблағгузоре, ки қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

1.3. Базаи моддию техникии Шӯъба барои иҷрои тадқиқотҳои бунёдӣ, амалӣ, лоиҳаҳои илмӣ-инноватсионии аз тарафи донишҷӯёни лаёқатманд, мутахассисони ҷавон ва устодон пешниҳодкарда истифода бурда мешавад.

 

  1. Мақсад ва вазифаҳои асосии Шӯъба

2.1. Мақсади асосии Шӯъба рушди илм, назорати иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои бунёдӣ, амалӣ, тайёр кардани кадрҳои илмию педагогӣ, дар истеҳсолот татбиқ намудани натиҷаҳои корҳои илмии устодон, ба пажӯҳиши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб намудани донишҷӯён, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён ва устодон мебошад.

2.2. Вазифаҳои асосии Шӯъбаи илм аз инҳо иборат мебошанд:

—       самарабахш истифода бурдани иқтидори илмӣ ва нерӯи зеҳнии ҳайати кормандони Шӯъба ва Донишкада барои ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаҳои гуногуни илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, гуманитарию иҷтимоӣ ва бомақсадона масраф кардани маблағҳои ҷудошудаи мавзӯъҳои фармоишӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ;

—       назорат намудани иҷрои корҳои илмӣ, ки ба ӯҳдаи ҳайати профессорону устодони Донишкада мебошад;

—       назорати сарбории бахши илмии устодону профессорони Донишкада;

—       назорати иҷрои самараноки соатҳое, ки барои аспирантон ва докторантҳо аз ҷониби кафедра тақсим мешаванд;

—       иҷрои нақшаҳои инфиродии устодон ва профессорони Донишкада дар бахши илм;

—       таҳияи гузориш, ҳисобот, маълумотнома, гузаронидани мониторинг дар бахши илм;

—       ташкил ва баргузории семинарҳо, конфронсҳо дар бораи рушди илм ва проблемаҳои илмӣ дар Донишкада;

—       таҳияи диаграммаҳо вобаста ба рушди илм ва инноватсия дар Донишкада;

—       амалӣ намудани Барномаҳои давлатӣ, ки ба рушди илм алоқаманд мебошад;

—       назорат ва иҷрои Барномаҳои давлатии соҳавии дар бахши илм татбиқшаванда;

—       рушди инноватсия ва таблиғи ғояҳои инноватсионӣ дар Донишкада миёни устодон ва донишҷӯён;

—       мустаҳкам намудани алоқаи илм бо раванди таълим ва бо ин роҳ ҷалб намудани ҳайати устодон, докторантон, аспирантон ва донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;

—       татбиқ намудани натиҷаҳои илмии бадастовардаи устодон ва олимони Донишкада дар истеҳсолот;

—       гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ, семинарҳо, мизҳои мудаввар, конференсияҳо, симпозиумҳо дар ҳамкорӣ бо муссисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмии кишвар ва Донишгоҳҳои хориҷӣ, ки бо муассисаи мо шартномаи дуҷониба бастаанд;

—       ташкил намудани корҳои патентӣ, литсензионӣ, ихтироотӣ ва навоварӣ дар шуъба;

—       таъмин намудани заминаи моддию техникии бахшҳои илмӣ-инноватсионии Шӯъба ва саҳмгузорӣ дар иҷрои барномаи иҷтимоию иқтисодӣ;

—       татбиқи талаботи Барномаҳои давлатӣ, қарору қонунҳои марбут ба илми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

—       воҳидҳои кории Шӯъбаи илм, шӯъбаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, лабораторияҳо, гурӯҳҳои илмӣ ва озмоишгоҳҳо ташкил медиҳанд. Онҳо тадқиқотҳои бунёдӣ ва амалӣ, мавзӯъҳои фармоиширо анҷом дода, тарзу усули тадқиқоти илмиро таҳия намуда, такмил медиҳанд; идомаёбӣ ва ташаккули соҳаҳои дахлдорро таъмин карда, кадрҳои тахассуси олидоштаро тайёр менамоянд;

—       барои таъмини маводи нав оид ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён, аспирант ва устодон ҷиҳати ҷой додан дар сайт (сомона) — и Донишкада ихтироъкорони ҷавонро сафарбар намуда, фаъолияти онҳоро зери назорат гирад.

3.Ҳуқуқ ва ваколатҳои роҳбари Шӯъба

3.1. Роҳбари Шӯъбаи илмӣ-инноватсионӣ чунин ҳуқуқҳоро

дорад:

—       сохтори Шӯъбаро аз рӯйи самтҳои асосии фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва вазифаҳои он муайян намуда, барои тасдиқ ба Шӯрои олимони Донишкада пешниҳод намояд;

—       мувофиқи тартиби кооператсияи илмӣ бо ҳамроҳии дигар муассисоти илмӣ-тадқиқотӣ, мактабҳои олӣ ва корхонаҳои саноатӣ ҳайатҳои кории муваққатӣ, озмоишгоҳҳои байнисоҳавӣ таъсис диҳад. Фаъолияти ҳайатҳои кории муваққатӣ ва озмоишгоҳҳои байнисоҳавӣ дар пояи шуъба ва ё ташкилоти супоришгар дар асоси қарордод тибқи қонунгузории амалкунанда сурат мегирад;

—       дар соҳаи таҳлили иқтисодӣ корҳои илмӣ ва мавзӯъҳои фармоиширо анҷом диҳад;

—       дар соҳаи татбиқи таҳқиқоти илмӣ-инноватсионӣ фаъолият намояд;

—       барои гирифтани маблағ аз ҳисоби мавзӯъҳои фармоишӣ ба роҳбарони илмӣ ва иҷрокунандагон лоиҳаи фармонро омода намояд;

—       дар соҳаи хизматрасонӣ таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи таҳияҳои илмӣ чораҳо андешад;

—       дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии ихтироъкорони ҷавон донишҷӯёни лаёқатмандро ҷиҳати иштирок ва муаррифӣ намудани ихтироъ пешниҳод намояд ва ҳамроҳашон ширкат варзад;

—       ҳар моҳ бо донишҷӯёни лаёқатманд, навовар ва эҷодкор вохӯрӣ ташкил намояд.

3.2. Ваколатҳои Роҳбари Шӯъбаи илмӣ-инноватсионӣ иборатанд аз:

—       роҳбариро аз болои кори Шӯъба амалӣ намуда, дастуру супоришҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои олимони Донишкадаро дар амал татбиқ карда, тибқи қонунгузорӣ интизоми меҳнат риоя ва фаъолияти кории кормандонро зери назорат мегирад;

—       ба кори таҳияи лоиҳаҳо илмӣ-инноватсионӣ, иҷрои нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ-конструкторӣ, нақшаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ, нақшаи маблағгузорӣ ва таъминоти моддӣ-техникӣ, нақшаи нашри асарҳои илмӣ ва дигар нақшаҳои Шӯъба роҳбарӣ менамояд;

—       лоиҳаи нақшаҳоро барои тасдиқ тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод менамояд;

—       ҷадвали вазифавӣ ва суратҳисобро тасдиқ менамояд;

—       назоратро аз болои иҷрои нақшаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дигар нақшаҳою супоришҳои устодони Донишкадаро таъмин мекунад;

—       ҳамоҳангсозии фаъолияти илмии Шӯъбаро бо дигар муассисаҳои илмӣ ташкил менамояд;

—       ҳайати кории Шӯъбаро бо кормандони соҳибтаҷриба ва ҷавон таъмин менамояд, ташаббуси эҷодии кормандони илмро дастгирӣ мекунад, барои ҳавасмандкунии маънавӣ ва моддии фаъолияти илмӣ чораҳо меандешад, ба ашхосе, ки барои баланд бардоштани савияи ихтисоси худ машғул мешаванд, ҳаматарафа кӯмак мерасонад;

—       дар асоси тартиби муқарраршуда ҳисоботро роҷеъ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии Шӯъба ва натиҷаҳои татбиқи амалии тадқиқоти анҷомёфта ва дигар ҳисоботи муқарраршуда пешниҳод мекунад;

—       ба корҳо роҷеъ ба равобити байналмилалии илмии Шӯъба роҳбарӣ карда, тибқи тартиби муқарраршуда аз номи Шӯъба робитаҳоро бо муассисаҳои илмии хориҷӣ ба роҳ мемонад;

—       дар назди Шӯрои олимони Донишкада роҷеъ ба фаъолияти Шӯъбаи илм ҳисобот медиҳад.

—       дар асоси қонунгузории амалкунанда кормандони Шӯъбаро дар мувофиқа бо Ректори Донишкада ба кор қабул мекунад, аз як вазифа ба дигар вазифа дигар мегузаронад, аз кор хориҷ мекунад, инчунин кормандони Шӯъбаро барои кор ба коллективҳои муваққатии илмӣ сафарбар менамояд;

—       барои ишғоли ҷойҳои холии вазифаҳои мудирони шӯъбаҳо, озмоишгоҳҳо, гурӯҳҳои илмӣ, бахшҳо ва кормандони илмӣ мутобиқ ба хусусияти Шӯъбаи илмӣ-инноватсионӣ озмунҳо (конкурс) мегузаронад;

—       интихоби фардии мутахассисони ҷавонро дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус ба амал мебарорад, гузаронидани касбомӯзии мутахассисони ҷавонро, ки муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намудаанд, ташкил менамояд, дар бораи гузаронидани таҷрибаи истеҳсолии донишомӯзон ва шогирдон бо мактабҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус шартномаҳо мебандад;

—       тибқи қонунгузории амалкунанда кормандони Шӯъбаро барои сифати баланди тадқиқоти илмӣ, иҷрои намунавии вазифаҳои меҳнатӣ, навоварона дар кор, барои ихтироот ва пешниҳодҳои оқилонаю муфид (такмилотӣ) ва дигар муваффақиятҳо дар кору фаъолият бо мукофоту тӯҳфаҳо сарфароз менамояд;

—       тибқи тартиби муқарраршуда нисбат ба кормандони Шӯъба шаклҳои мавҷуда муҷозотро ба кор мебарад;

—       нақшаи корҳои илмӣ-инноватсионии Шӯъба, инчунин нақшаҳои илмӣ-тадқиқотии воҳидҳо ва гурӯҳҳои тадқиқотиро тасдиқ карда, рафти иҷрои онро назорат менамояд;

—       Шӯъбаро метавонад дар назди мақоматҳои роҳбарикунандаи Донишкада, дар муассисоти давлатӣ, инчунин дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ намояндагӣ намояд;

—       аз номи Шӯъба дар муассисоти судӣ, арбитражӣ, бонкӣ ва ғайра намояндагӣ ва баромад мекунад ва инчунин ба ашхоси ҷудогона барои бурдани корҳои маъмурӣ, молиявӣ, хоҷагӣ, судиву арбитражӣ супориш медиҳад;

—       тибқи қонунгузории амалкунанда дар ҳудуди маблағи умумии барои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷудошуда, аз васоити нақдӣ ва дигар воситаҳои моддии Шӯъба ихтиёрдорӣ менамояд;

—       барои иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва дигар ташкилотҳо шартномаҳо мебандад.

4.Идоракунии Шӯъбаи илм

4.1. Шӯъбаи илмӣ- иноватсионӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Донишкада, Низомномаи мазкур ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқӣ аз тарафи роҳбар идора карда мешавад.

4.2. Роҳбари Шӯъбаи илм бо пешниҳоди муовини ректор оид ба корҳои илмӣ аз ҷониби Ректори Донишкада ба вазифа таъин ва озод карда мешавад.

4.3. Роҳбар барои ҳалли масъалаҳои фаврӣ раёсати Шӯъбаро ташкил менамояд. Шакли асосии фаъолияти раёсати Шӯъбаи илм гузаронидани ҷаласаҳо ба шумор меравад. Ҷаласаҳои раёсат вобаста ба зарурати корӣ аз тарафи роҳбари Шӯъба даъват карда мешавад.

  1. Натиҷагирии корҳо ва пешниҳоди ҳисобот

5.1. Роҳбари Шӯъбаи илмӣ-иноватсионӣ ҳисоби фаврӣ ва муҳосибиро аз натиҷаҳои фаъолияти кори худ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад, аз рӯйи шакли муқарраршуда, баҳисобгирии муҳосибӣ, оморӣ, коргузорӣ, амалиёти бойгонӣ бурда, дар ин хусус ба Раёсати Донишкада ҳисобот пешниҳод менамояд.

5.2. Вазифаҳои асосии баҳисобгирии муҳосибӣ инҳо мебошанд:

—       ташкили ахбори комилан дуруст доир ба раванди хоҷагидорӣ ва натиҷаҳои корҳо ҷиҳати идора ва роҳбарии фаврӣ;

—       таъмини назорат аз болои мавҷудият ва гардиши пули накд, васоити молӣ, меҳнатӣ ва ғайра мувофиқи меъёр, ченакҳо ва харҷномаҳо;

—       саривақт огоҳонидан аз зуҳуроти номатлуб дар фаъолияти молӣ-хоҷагӣ, ошкор ва сафарбар намудани захираҳои дохилии Шӯъбаи илм.

—       Шӯъбаи илмӣ-иноватсионӣ ба таври мустақим тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти молия, андоз, омор ва дигар мақомоти марбута дар мувофиқат бо ректори Донишкада ҳисобот медиҳад;

—       давраи ҳисоботӣ барои Шӯъбаи илмӣ-инноватсионӣ соли тақвимӣ — аз 1 январ то 31 декабр мебошад.

—       Шӯъба маблағҳои буҷетиро дар хазинадории Донишкада тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ медорад.

—       Шӯъбаи илм баҳисобгирии муҳосибавӣ-омории худро дар асоси муқаррароти таъиншуда ба роҳ мемонад.

—       Раёсати илм ва дигар шахсони мутасаддӣ барои вайрон кардани ҳисобот дар назди Қонун масъулият ва ҷавобгарии шахсӣ доранд.