Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷмент

Давлатов Ҳоким Ҷумъаевич – мудири кафедраи  баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷменти Донишкадаи  омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт.

Давлатов Ҳоким Ҷумъаевич – мудири кафедраи  баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷменти Донишкадаи  омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 20-юми июли соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.

Давлатов Ҳ.Ҷ. хатмкардаи ихтисосӣ баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит-и факултети иқтисод ва идораи (собиқ асосҳои идоракунии) ДОТ дар н. Рашт (зинаи бакалавр) 2016, ихтисоси молияи ДДМИТ (зинаи магистр) 2018 ва самти молия, муомилоти пулӣ ва қарзи ДДМИТ (зинаи доктор PhD) 2021 мебошанд.  Дар давраи фаъолияти худ Давлатов Ҳ.Ҷ. 1 воситаи таълимӣ  ва зиёда аз 20 мақолаи илмию фишурдамақолаҳоро ба нашр расонидааст.

ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРА

Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷменти  факултети иқтисод ва идораи  Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт фаъолияташро ҷиҳати иҷрои талоботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ” дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳо ва консепсияҳои давлатӣ, қарорҳои мушовара, фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи донишкада ва низомномаи кафедра равона намудааст.

Кафедраи “Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷмент” дар заминаи кафедраи “Табиатшиносӣ ва иқтисодӣ” бо қарори Шӯрои олимони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 27 ноябри соли 2013 таъсис дода шудааст. Сипас, баъд аз ташкил гардидани факултети Асосҳои идоракунӣ дар соҳаи маориф (ҳоло Иқтисод ва идора) бо қарори Шӯрои олимони донишкада соли 2015 кафедраи “Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷмент” ҳамчун кафедраи мустақил фаъолияти худро дар факултети ҳоло “Иқтисод ва идора” оғоз намуд. Роҳбарии кафедраи мазкурро муаллими калон, Шоҳхоҷаев Ҳ. (солҳои 2013-2015), Наимова Д. (2015-2017),  Деҳқонов С. (солҳои 2017-2018) ба ӯҳда доштанд ва дар раванди фаъолияти хеш корҳои назаррасро анҷом додаанд. Аз 23.04.2019 то ин ҷониб роҳбарии кафедраро муаллими калон Миршарипов Э. Қ аз 23.04.2019 то 31.08.2022 ба ӯҳда доштанд ва дар раванди фаъолияти хеш корҳои назаррасро анҷом додаанд. Дар давоми фаъолияти кории Миршарипов Э.Қ. навгониҳо дар кафедра ба монанди таҳияи 34 барномаи таълимии фанҳои кафедра,  ташкили  синфхонаи фаннӣ барои ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳияи воситаи таълимӣ ва китоби дарсӣ аз ҷониби ҳайати омӯзгорон ва ҷоннок кардани кор дар самти навиштан ва чопи мақолаҳои илмӣ-омавӣ дар маҷалаҳои илмии кишвар ва паёми ДОТ дар н. Рашт ба назар мерасад. Аз 31.09.2022 ин ҷониб Давлатов Ҳ. Ҷ. роҳбарии кафедраро ба уҳда доранд.

Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷмент аз рӯйи се ихтисос кадрҳои баландихтисоси соҳавиро мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат омода менамояд. Кафедраи мазкур дар таъмин намудани бозори меҳнат бо кадрҳои соҳаҳои марбут ба ихтисосҳои хеш (соҳаҳои бонкдорӣ, муҳосибот, андоз ва дар умум иқтисодиёт) дар минтақа ва ҷумҳурӣ  нақши арзанда дошта, эътибори хосаеро соҳиб аст.

  1. 1-250108-03 — Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ

Муҳасилине, ки дар ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ таҳсил менамоянд, баъд аз хатми ин ихтисос ба онҳо дипломи дараҷаи бакалаври муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо гирифтани тахассуси иқтисодчӣ аз рӯйи ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ дода шуда, онҳо дар корхонаю муассисаҳои давлатию хусусӣ ба ҳайси муҳосиб, аудитор, ва дар умум корманди самтҳои иқтисодӣ метавонанд фаъолият намоянд.

  1. 1-260202-21 – Меҷменти молиявӣ дар соҳаи маориф

Ҳамаи он нафароне, ки аз рӯйи ихтисоси менеҷменти молиявӣ дар соҳаи маориф таҳсил менамоянд, баъд аз хатми ин ихтисос ба онҳо дипломи дараҷаи бакалаври муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо гирифтани тахассуси иқтисодчӣ аз руи ихтисоси менеҷменти молиявӣ дар соҳаи маориф дода шуда, онҳо дар ташкилотҳои молиявӣ, мақомоти анзоз, корхонаю муассисаҳои давлатию хусусӣ ба ҳайси менеҷер, корманди муассисаҳои молиявӣ, бонкдорӣ ва дар умум корманди самтҳои иқтисодӣ метавонанд фаъолият намоянд.

  1. 1-250104-01 – Молия ва қарз

Донишҷӯёне, ки дар ихтисоси молия ва қарз таҳсил менамоянд, баъд аз хатми ин ихтисос ба онҳо дипломи дараҷаи бакалаври муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо гирифтани тахассуси иқтисодчӣ аз рӯйи ихтисоси молия ва қарз дода шуда, онҳо дар ташкилотҳои молиявию қарзӣ, бонкҳо, корхонаҳои давлатию хусусӣ ҳамчун мутахасиси дорои маълумотӣ олӣ метавонанд фаъолият намоянд.

Кафедра аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш ҳамкориҳои илмию таълимиро бо кафедраҳои ҳамсони мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон  ба роҳ мондааст.

Устодони кафедра беш аз 160 мақолаи илмӣ дар ҷодаи илмҳои иқтисодӣ дар маҷалаҳои илмии донишкадаю донишгоҳҳои кишвар интишор намудаанд ва ҳамчунин саҳми устодони кафедра дар навиштани тақриз ба рисолаҳои хатми бакалаврӣ, магистрӣ ва воситаҳои таълимӣ назаррас аст.

Айни ҳол дар кафедра 13–нафар устодон кор ва фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 2 номзади илм, дотсент Ниёзов М.А., Мирзошарипов М., 2 муаллими калон: Миршарипов Э.Қ., Деҳқонов С.А. ва 9 ассистент – Ҳайдаров С., Давлатов Ҳ.Ҷ., Одилов М.А., Мададхонов М., Сурхаков М., Қурбонов И., Садурдинова Ш.Б., Маҳмадуллоев А.С.  ва Қосимов А.С. фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ мебаранд.

 

 

ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА

Ному насаб Вазифа Дараҷаи илмӣ Унвони илмӣ
1. Давлатов Ҳоким Ҷумъаевич Мудири кафедра
2. Ниёзов Мустафо Абдуллоевич Дотсенти кафедра Номзади илм Дотсент
3. Мирзошарифов Маъруф Дотсенти кафедра Номзади илм Дотсент
4. Миршарипов Эмомалӣ Қурбоналиевич Муаллими калони кафедра Муаллими калон
5. Деҳқонов Соҳибназар Амирхоҷаевич Муаллими калони кафедра Муаллими калон
6. Ҳайдаров Собирҷон Маҳмадзоирович Ассистенти кафедра
7. Маҳмадуллоев Аҳмадҷон Саидҷонович Ассистенти кафедра
8. Одилов Мансурҷон Алимаҳмадович Ассистенти кафедра
9. Сурхаков Муслиҳиддин Абдулҳамидович Ассистенти кафедра
10. Қосимов Абдусалом Саймирзоевич Ассистенти кафедра
11. Мададхонов Маҳмадрӯзи Баҳодурхоҷаевич Ассистенти кафедра
12. Қурбонов Идибек Саймуродович Ассистенти кафедра
13. Садурдинова Шарифа Бахтиёровна Ассистенти кафедра

 

 

Тибқи барномаи рушди кафедра барои солҳои 2020-2025 фаъолияти он бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки ҳамчун маркази асосии таълимӣ, методӣ, илмӣ, эҷодӣ ва фарҳангии самтҳои иқтисодӣ ва таҳқиқоти иқтисодӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёти ҷумҳурӣ нақши муассир дошта бошад.

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти кафедра дар солҳои 2020-2025:

  • таълимӣ– омода сохтани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯй ба тақозои замон ва талаботи бозори меҳнат;
  • илмӣ– дар асоси беҳтарин анъанаҳои ватанӣ ва хориҷӣ, бо назардошти талаботу хусусиятҳои ҷумҳурӣ, нигоҳ доштан ва васеъ гардонидани потенсиали илмӣ дар самти иқтисодиёт;
  • инноватсионӣ– табдил додани кафедра ба маркази рушди навгониҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт ва рақамикунонии он дар шароити муосир;
  • фарҳангӣ– бо роҳи фароҳам овардани муҳити маънавӣ, ба яке аз марказҳои иттилоотию фарҳангӣ табдил додани кафедра.