Информатика ва барномасозӣ

Кафедраи информатика ва барномасозӣ

Ҳайётов Қурбоналӣ Эмомудинович – мудири кафедраи  информатика ва барномасозии Донишкадаи  омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт.

      Ҳайётов Қурбоналӣ Эмомудинович – мудири кафедраи  информатика ва барномасозии Донишкадаи  омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 9-уми майи соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.

      Соли 2012 муассисаи таҳсилоти миёнаи №25-и ноҳияи  Раштро хатм намудааст. Соли 2012 ба факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ихтисоси 31030400 Информатика дохил шудааст.

     Ҳайётов Қурбоналӣ Эмомудинович хатмкардаи факултети механикаю математика, ихтисоси информатикаи Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон дар соли 2017 мебошад. Аз соли 2020 то ин ҷониб унвонҷӯи кафедраи информатикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Дар давраи фаъолияти худ Ҳайётов Қ.Э., 2 воситаи таълимӣ  ва зиёда аз 20 мақолаи илмию фишурдамақолаҳоро ба нашр расонидааст.

     Аз сентябри соли 2017 ба ҳайси ассистент ба кафедраи информатика ва барномасозии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи рашт ба кор қабул шудааст. Аз декабри соли 2017 ба ҳайси нозири шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таҳсилот фаъолиятт намуда, аз 05.12.2018 ба ҳайси мудири кафедраи информатика ва барномасозӣ фаъолият намуда истодааст.

Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти кафедраи информатика ва барномасозии  факултети табиӣ-риёзии   Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

        Кафедраи информатика ва барномасозии факултети  табиӣ-риёзии   Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт фаъолияташро ҷиҳати иҷрои талоботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ” дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ ва консепсияҳои миллӣ  қарорҳои мушовара, фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Донишкада равона намудааст.

Назаре ба таърихи кафедраи информатика-барномасозии  факултети  табий-риёзии   Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

       Дар замони муосир компютер дар рушди  илмиҳои техники аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Давлатҳои пешрафтаи олам ба омӯзиши ин бахш диққати ҷидди додаанд ва дар асоси ин поягузори самараи дил-хоҳро дастрас намудаанд. Баъди сохибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз саъйу талоши назаррасе дар инкишофи ин соҳа мушоҳида мешавад. Бо ибтикори АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАХДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН омӯзиши компютер чӣ дар мактабҳои олӣ ва чӣ дар мактабҳои миёна дуруст ба роҳ монда шудааст. Вазъи азхуднамоии васоити компютерӣ нисбат ба даврони шуравӣ хеле дигаргун  гаштааст. Мардум нақши барҷастаи онро дар инкишофи  ҷомеа дарк намудаанд.

        Дар ДОТ дар н.Рашт солҳои пеш фаннӣ информатика аз кафедраҳои гуногун ба монанди «Технология» ва «математикаи олӣ» дарс хонда мешуд. Аз тақозои замон ва бо суръати баланд пеш рафтани технологияи информатсиони зарурати таъсис додани ихтисоси «Информатика ва барномасозӣ» пеш омад.

          Кафедраи информатика ва барномасозӣ яке аз падидаҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Кафедра ҳамчун ҷузъи таълимию илмӣ ва тарбиявии факултети табиӣ-риёзии ДОТ дар ноҳияи Рашт баҳри хоҷагии халқи мамлакат садҳо нафар мутахассисони баландихтисосро тайёр намуда, дар пешрафти иқтисодиёт ва илму фарҳанги кишвар саҳми муносиб гузоштааст.

           Кафедраи мазкур соли 2015 бо қарори шӯрои олимони донишкада таъсис дода шудааст. Дар соли аввал ҳайати омузгорони кафедраро чор нафар ташкил медод. Аз  соли 2015 то соли 2017 Назаров Исмоил вазифаи мудири кафедраро ба уҳда дошт. Аз соли 2017 то соли 2018 Ҳакимов Шодӣ ва аз 05.12.2018  то ҳол Ҳайётов Қурбоналӣ Эмомудинович вазифаи мудири кафедраи информатика ва барномасозиро ба уҳда дорад.

       Самти фаъолияти кафедра ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи омӯзгори аз руйи ихтисосҳои «Информатика» ва «математика –информатика» нигаронида шудааст. Инчунин яке аз самтҳои дигари фаъолияти кафедра ба тайёр намудани мутахасисони соҳаи барномасозӣ равона гардида аст.

         Дар кафедра семинари илмии устодон ва маҳфилҳои илмӣ-таълимии донишҷӯён  амал мекунанд, ки дар онҳо ба ғайр аз устодони соҳибтаҷриба, инчунин мутахассисони ҷавон ва донишҷӯён фаоъолона иштирок мекунанд. Шогирдони пешқадами кафедра ҳар сол дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ, озмунҳои илмии донишҷӯён ва барномаҳои таҳқиқотӣ-озмунӣ иштирок намуда, ғолиби ин озмунҳо дониста мешаванд.

 

ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА

Ному насаб

Вазифа

Унвон ва дараҷаи илмӣ

Суроға

Ҳайётов Қурбоналӣ Эмомудинович

Муаллими калон

Мудири кафедра

734025,Ҷумҳурии Тоҷикистон. ш. Ғарм,

к. Э.Муҳиддин – 63.

E-mail: Rasht_94-94@mail.ru

Тел.: + 992 988-98-33-94

Саидзода Исроил Маҳмад

номзади илмҳои техникӣ

Дотсент (Ҳамкори беруна)

E-mail: isroil-84@list.ru

Тел.: + 992 904-48-55-55

Саидҷаҳфаров Аҳлиддин Илёсович

Муаллими калон

734025,Ҷумҳурии Тоҷикистон. ш. Ғарм,

к. Э.Муҳиддин – 63.

E-mail: ahlidin_511@mail.ru

Тел.: + 992 985-92-92-00

Саидҷаҳфаров Илёс

Муаллими калон

734025,Ҷумҳурии Тоҷикистон. ш. Ғарм,

к. Э.Муҳиддин – 63.

Тел.: + 992 918-84-34-50

Набиев Маҳмадраҳим Муродхуҷаевич

Ассистент

734025,Ҷумҳурии Тоҷикистон. ш. Ғарм,

к. Э.Муҳиддин – 63.

E-mail: nabizoda1995@mail.ru

Тел.: + 992 918-94-24-71

Ҳасанов Исмоил Маҳмадюсуфович

Ассистент

734025,Ҷумҳурии Тоҷикистон. ш. Ғарм,

к. Э.Муҳиддин – 63.

E-mail: Hasanovismoil515@gmail.ru

Тел.: + 992 918-36-65-92

Шарипов Ҳокимҷон Балаҷонович

Ассистент

734025,Ҷумҳурии Тоҷикистон. ш. Ғарм,

к. Э.Муҳиддин – 63.

Тел.: + 992 988-74-92-00

Фозилов Саймурод

Ассистент

734025,Ҷумҳурии Тоҷикистон. ш. Ғарм,

к. Э.Муҳиддин – 63.

Тел.: + 992 907-07-59-19

Бижравдежов Амрихудо

Ассистент

734025,Ҷумҳурии Тоҷикистон. ш. Ғарм,

к. Э.Муҳиддин – 63.

Тел.: + 992 973-59-61-59

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти кафедра дар солҳои 2020-2025:

  • таълимӣ– омода сохтани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯй ба тақозои замон ва талаботи бозори ҷаҳонӣ;

  • илмӣ– дар асоси беҳтарин анъанаҳои ватанӣ ва хориҷӣ, бо назардошти талаботу хусусиятҳои ҷумҳурӣ, нигоҳ доштан ва васеъ гардонидани потенсиали илмӣ дар самти информатика;

  • инноватсионӣ– табдил додани кафедра ба маркази рушди навгониҳо дар соҳаҳои информатика ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;

            фарҳангӣ – бо роҳи фароҳам овардани муҳити маънавӣ, ба яке аз марказҳои иттилоотию фарҳангӣ табдил додани кафедра.