Педагогикаи умумидонишкадавӣ

КАФЕДРАИ ПЕДАГОГИКАИ УМУМИДОНИШКАДАВИИ ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Аминова Иқболбӣ Қурбоновна ‒ мудири кафедраи педагогикаи умумидонишкадавии факултети педагогика ва варзиши Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

           Аминова Иқболбӣ Қурбоновна2 юми апрели соли 1975 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ (2009), аспиранти кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии ДДОТ ба номи С. Айнӣ дар солҳои   2011 -2015. Санаи 29.02.2020  рисолаи номзадиашро дар мавзуи “Асосҳои дидактикии фаъолгардонии шакл ва воситаҳои таълими босифат дар фаъолияти маърифатии хонандагон” зери роҳбарии доктори илмҳои фалсафа, профессор Ҷононов С. дар Шурои диссертатсионии 6D. КОА-036 — и назди Пажӯҳишгоњи рушди маорифи ба номи А. Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҳимоя намуда, бо дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ сарфароз гардонида шудааст. Самтҳои асосии таҳқиқоти Аминова И.Қ. асосан ба масъалаҳои мубрами педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот, самаранокии истифодабарии методҳои дидактикии баланд бардоштани мустақилияти маърифатии хонандагон дар раванди таълим, љабњањои дидактикии шакл ва воситањо њамчун омили фаъолгардонии раванди таълими босифат дар фаъолияти маърифатии хонандагони муассисањои тањсилоти миёнаи умумї бахшида шудааст. Ӯ дар ин самт маводи корҳои илмӣ — тадқиқотӣ, таълимӣ — методӣ ва илмӣ — оммавӣ ба нашр расонидааст. Аз ҷумла, 4 воситаи таълимӣ, 1 монография, 12 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда, 20 мақолаи илмӣ, 14 маъруза дар конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалии дохилӣ ва хориҷӣ, 25 мақолаи илмӣ — оммавӣ ва 2 барномаи таълимӣ.

ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРА

       Кафедраи педагогикаи умумидонишкадавии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт яке аз кафедраҳои навтаъсиси донишкада ба ҳисоб рафта, дар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, яъне омӯзгорони ояндаи ҷомеаи муосир нақши муҳимро иҷро менамояд.

       Дар аввал, таълими фанҳои педагогӣ дар донишкада аз ҷониби кафедраи “Педагогика” ба роҳ монда мешуд, ки соли таҳсили 2008 — 2009 бо унвони кафедраи “Педагогика ва психология” фаъолият намудааст. Кафедраи мазкурро устодон Умронов М., Аминов Ш., Исматов Д., Исмоилова Д., Ҳусейнов Н., Неъматов Р., Аминова И., Сарбозова З. мудирӣ намудаанд. Санаи 08.09.2023 бо қарори Шурои олимони донишкада (тањти №329) кафедраи “Педагогика” ба ду кафедраи мустақил: “Педагогикаи умумидонишкадавӣ” ва “Методикаи таълими синфњои ибтидоӣ” ҷудо карда шуданд. Ҳамин тавр, кафедраи “Педагогикаи умумидонишкадавӣ” њамчун кафераи мустақили донишкада, то кунун фаъолият намуда истодааст.

Аз 28 — уми августи соли 2023 инҷониб кафедраи мазкурро номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Аминова И.Қ. роҳбарӣ менамояд.

       Дар кафедра ҳамагӣ 5 — нафар омӯзгор фаъолият менамоянд:  1 нафар номзади илм, дотсент; 1 нафар муаллими калон ва 3 нафар ассистентон, ки аз рӯи фанҳои зерин дарс мегуянд: педагогика, педагогикаи томактабӣ, таърихи педагогикаи халқи тоҷик, таърихи педагогикаи ҷаҳон, асосҳои дифектология; педагогикаи коррексионӣ, педагогикаи иҷтимоӣ.

       Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Педагогҳои ҷавон” фаъолият менамояд. Ҳамзамон, дар кафедра семинарҳои илмӣ — назариявӣ, конференсияҳо ва дарсҳои кушод баргузор карда мешаванд.

Ҳадафи кафедраи педагогикаро таълиму тарбияи донишҷӯён дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ, ҳисси гуманистӣ, омӯзиши донишҳои педагогӣ, омода намудани кадрҳои тахассусӣ, бартараф намудани норасоии кадрӣ — омӯзгорӣ ва монанди инҳо ташкил медиҳад.

          Вазифаҳои кафедра аз инҳо иборат мебошанд:

    1)  дар донишҷӯён ташаккул додани тарбияи ватандӯстию худшиносӣ;

    2)  омӯзиши донишҳои педагогӣ ба донишҷӯён ва баланд бардоштани маҳорати педагогии онҳо;

    3) ташкилу баргузории конференсияҳо, ҳамоишҳо, мизҳои мудаввар, семинару маҳфилҳои илмӣ;

    4) ташаккул додани донишҳои педагогии донишҷӯёну омӯзгорон ва баланд бардоштани сифати таълим дар муассиса;

Дурнамои фаъолияти кафедра:

‒ анҷом додани фаъолияти корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ;

‒ таҳия ва нашри воситаҳои таълимӣ аз рӯи фанҳои тадрисшавандаи кафедра;

‒ баргузор намудани конференсия ва семинарҳои илмю амалӣ оид ба масъалаҳои гуногуни педагогӣ;

‒ соҳибунвон гардонидани омӯзгорони кафедра;

‒ таҳия ва нашри монография ва дигар адабиётҳои илмию таълимӣ дар самти педагогика;

‒ баланд бардоштани сифати таълим аз рӯи фанҳои педагогӣ;

‒ омода намудани кадрҳои дорои касбияти баланд дар самти педагогӣ;

ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА:

Ному насаб

Вазифа

Унвон ва дараҷаи илмӣ

Суроға

1.

Аминова Иқболбӣ Қурбоновна

Мудири кафедра

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

734025, Љумњурии Тољикистон,              ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63.

E-mail: igbolbi1976@mail.ru

Тел.: + 992 988-04-81-20

2.

Солиҳов Муқимҷон

Муаллими калон

 

734025, Љумњурии Тољикистон, ш. Ғарм, деҳ. Шул

Тел.: + 992 981-07-81-27

3.

Одинаева Сафармоҳ Муродбековна

Ассистент

 

Суроға: 734025, Љумњурии Тољикистон, ш. Ғарм,                           к. Дашти Рашт.

Тел.: + 992 987-22-39 -79

4.

Аминов Ҳокимҷон Нуралиевич

Ассистент

 

734025, Љумњурии Тољикистон,   ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63.

Тел.: + 992 987 — 84 -64 -40

5

Алиева Фотима

Пирмаҳмадовна

Ассистент

 

734025, Љумњурии Тољикистон,            ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63.

Тел.: + 992 909 -09-81-40