ТАРҶУМАИ ҲОЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ
Миршарифзода Эмомалӣ Қурбоналӣ 22-уми марти соли 1995 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст.
Соли 2016 Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит бо дипломи аъло ва таҳсили рӯзона хатм намудааст. Худи ҳамон сол ба шуъбаи магистратураи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дохил шуда, соли 2018 онро аз рӯйи ихтисоси молия ва қарз дар комплекси агросаноатӣ бо дипломи аъло ба итмом расонидааст.
Фаъолияти меҳнатиро аз соли 2018 оғоз намуда, солҳои 2018-2019 дар вазифаи ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷменти факултети иқтисод ва идораи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт кор кардааст. Минбаъд, солҳои 2019-2022 вазифаи мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷмент, солҳои 2022-2024 муовини декан оид ба таълим, солҳои 2024-2025 декани факултети иқтисод ва идораро адо намудааст. Ҳамзамон, аз соли 2020 ба ҳайси муаллими калони кафедраи зикршуда фаъолият намуда, аз 1 сентябри соли 2025 то имрӯз дар мақоми сардори раёсати таълими ҳамин донишкада кору фаъолият дорад.
Миршарифзода Эмомалӣ Қурбоналӣ муаллифи беш аз 75 маводи таълими-методӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад, аз ҷумла: 1 китоби дарсӣ (дар ҳамуаллифӣ), 6 воситаи таълимӣ (дар ҳамуаллифӣ), 3 барномаи таълимӣ ва 65 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ (аз он 16 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Дар ин баробар, ӯ дар конференсияҳои сатҳи гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, инчунин, донишгоҳӣ, вобаста ба масоили мубрами иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намудааст.
Аз соли 2021 унвонҷӯйи кафедраи молияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон буда, дар мавзуи “Воситаҳои қарзӣ ҳамчун сарчашмаи асосии рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом медиҳад.
Барои хизматҳои шоён дар таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ чандин маротиба аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва роҳбарияти Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо ифтихорнома ва сипосномаҳо (аз ҷумла 6 ифтихорнома ва 4 сипоснома) қадрдонӣ гардидааст.
Аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошад.
РАЁСАТИ ТАЪЛИМРО ШАХСОНИ ЗЕРИН РОҲБАРӢ НАМУДААНД:
1) Музаффарова Майлонбӣ — солҳои 2013-2014;
2) Саидов Низомуддин — солҳои 2014-2016;
3) Сангов Манучеҳр — солҳои 2016-2018;
4) Қаюмов Акмал — солҳои 2018-2019;
5) Муродов Бахтиёр — солҳои 2019-2020;
6) Саидов Анушервон — солҳои 2020-2023;
7) Деҳқонов Соҳибназар Амирхоҷаевич — аз 01.04.2023 то 01.11.2023;
8) Ализода Исмоил Исмон — солҳои 2024-2025;
9) Миршарифзода Эмомалӣ Қурбоналӣ — аз 01.09.2025 то инҷониб.
