Ректор

РАҶАБЗОДА М.Н., номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент., Ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон  дар ноҳияи Рашт

      Раҷабзода  Маҳмадёр Носир 20-уми  марти соли 1973 дар ноҳияи Панҷ таваллуд шудааст. Соли 1990 ба шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда,соли 1995 онро хатм намудааст.

      Солҳои 1995-2005 ҳамчун ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносӣ ва дар як навбат солҳои 1995-1998 аспиранти шуъбаи рӯзонаи Институти фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2005-2007 муаллими калони кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ ва аз соли 2007 то ҳоло дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносӣ, солҳои 2007-2008 муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба илм, солҳои 2008-2012 муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба таълим дар шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ (ҳуқуқ) ва ҳуқуқшинос-омӯзгорӣ, 6 марти соли 2012 то 18 июни соли 2020   мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  фаъолият намудааст. Аз 18 июни соли 2020 то имруз ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт мебошад. Соҳиби унвони илмии дотсент аст.

      Масъалаҳои вобаста ба проблемаҳои вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ, қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунии граждании хориҷиён, реҷаи ҳуқуқии хориҷиён, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи ҳуқуқии хориҷиён ва вазъи хусусӣ-ҳуқуқии созмонҳои байналмилалии байниҳукуматӣ аз мавзӯъҳои таҳқиқоти илмии ӯ ба шумор мераванд. Соли 2004 дар Шӯрои диссертатсионии минтақавии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Вазъи гражданӣ-ҳуқуқии хориҷиён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст.

     Мавсуф аз фанҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ ва курсҳои махсуси «Ҳуқуқи созмонҳои байналмилалӣ» ва «Ҳуқуқи шартномаи байналмилалӣ» ба шогирдон дарс мегӯяд, муаллифи беш аз 200 маводи илмӣ, аз ҷумла 6 монография, 4 китоби дарсӣ, 17 воситаи таълимӣ  ва методӣ мебошад. Дар конференсияҳои бонуфузи илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат намуда, ба Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Венгрия, Полша, Япония, Ӯзбекистон, Чин сафарҳои хизматӣ анҷом додааст.

      Соли 1998 барои маҷмӯи корҳои илмӣ дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ соҳиби Ҷоизаи олимони ҷавони Академияи илмҳои ҶТ гардидааст. Соли 2006 барои таълифи рисолаи илмӣ дар мавзӯи «Вазъи граждаӣ — ҳуқуқии хориҷиён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Душанбе:Ирфон, 2004. — 178 с.) ва ҳамзамон нашри як силсила мақолаҳои илмӣ дар робита бо ҳамин мавзӯъ ба дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ ноил шу-дааст.

     Номбурда дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар иштироки фаъолона дошта, аз 9 декабри соли 2014 то 5 октябри соли 2019 ба ҳайси узви Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст, узви ҳайати таҳририяи  маҷалаҳои илмии «Ҳаёти ҳуқуқӣ» (факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ,  «Маҷаллаи академии ҳуқуқ» (Институти  фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ),  «Advances in  law Studies»  (ш.Москва) ва «Паёми Донишгоҳи давлатии Владимир ба номи  Александр Григоревич ва Николай Григоревич Столетовҳо. Серия: Илми ҳуқуқшиносӣ»(ФР) мебошад.

      Бо роҳбарии дотсент Раҷабзода  Маҳмадёр Носир ду нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, 5 нафар аспиранту унвонҷӯи ватанию хориҷӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом дода истодаанд.

     Барои хизматҳои шоён бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (соли 2007), медали ҷашнии «90-солагии адлияи Тоҷикистон» (2014), Сипосномаи Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2019), Ифтихорномаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2019)  қадрдонӣ шудааст.