География ва методикаи таълими он

Кафедраи география ва методикаи таълими он

      Саъдиев Муҳаммаддовуд Маҳмадкаримович-мудири кафедраи география ва методикаи таълими они Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт.
Саъдиев Муҳаммаддовуд Маҳмадкаримович-мудири кафедраи география ва методикаи таълими они ДОТ дар ноҳияи Рашт 8-уми апрели соли 1993 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Рашт ба дунё омадааст.

             Саъдиев М.М. дар соли 2016 факултети географияи ДДОТ бо номи С. Айниро аз руи ихтисоси география хатм намудааст. Ҳамзамон дар курси сеюми зинаи доктор HhD Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон таҳсилро идома додаистодааст. Мавзуи кории илмии устод ба “Иқтидори сайёҳию рекреатсиони ва дурнамои рушди сайёҳи дар минтақаи Рашт” дар маркази патенти таҳти роҳбарии мудири кафедраи методикаи таълими география ва туризм н.и.г Самиев Амриддин бақайд гирифта шудааст. Устод аз замони фаъолияташ дар донишкада то ин замон зиёда аз 15 мақолаи илмӣ ва се воситаи таълими дар се конфренсияи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фишурдаи мақолаҳои худро ба чоп расонидааст.

Оид ба фаъолияти кафедра

         Кафедраи “География ва методикаи таълими он”-и факултети география ва ҳифзи табиати Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар тобеъияти факултети “Табиӣ -риёзӣ” бо қарори Шӯрои олимони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт соли 2018 бо номи “ География ва ҳифзи табиат” таъсис дода шудааст.

       Самти фаъолияти кафедра ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи омӯзгори аз рӯи 2 ихтисос: 1-020402А1 –география ва 1-020405-03А1 –география ва асосҳои иқтисодиёт нигаронида шудааст.

      Кафедраро аз замони таъсисёбиаш Абдуғаффоров Алиакбар ҳамчун иҷрокунандаи мудири кафедра то моҳи октиябри соли 2019 роҳбари намудааст. Пас аз Абдуғаффоров Алиакбар ба вазифаи иҷрокунандаи мудири кафедра аз моҳи октиябри соли 2019 то 1 сентябри соли 2021 Одинаев Саидвалӣ ва аз 1 – сентябри соли 2021 ҳамчун иҷрокунандаи мудири кафедра Юсуфов Ҷомӣ то моҳи аплели соли 2022 инчунин аз 21.04.2022 таҳти №1475 – 3/3 бо фармоиши ректори ДОТ дар н.Рашт Раҷабзода М.Н. то 1-уми сентябри соли 2022 вазифаи иҷрокунандаи мудири кафедраи география ва ҳифзи табиатро Шарифов Фирдавс базима доша ҳамзамон аз 1-уми сентябри соли 2022 то инҷониб вазифаи иҷрокунандаи мудири кафедраро Саъдиев М.М. ба уҳда дорад.

         Дар кафедра устодони ботаҷриба кору фаъолият доранд, ки дар давоми фаъолияти худ дар умум зиёда аз сад мақолаҳои илмию омави ва 3 воситаи таълими бачоп расонидаанд.

 

 

Ном ва насаби

баромадку-

нанда

Вазифа

 

Дараҷаи илмӣ

Унвон илми

 

1

Саъдиев Муҳаммаддовуд

маҳмадкаримович.

мудири кафедра

ассистент

2

Одинаев Сайвали Валиевич

муаллими калон

3

Восихов Мусаябшоҳ

Худойдодович

ассистент

4

Мақсудов Исматулло

Ҳошимович

Муовини декан оид ба таълим

ассистент

5

Кабутов Ашуралӣ

Қудбудинович.

Декани факултет

ассистент

6

Рустамов Насим Исмоилович

ассистент

         Дар назди кафедра маҳфили донишҷуён бо номи “Географони ҷавон” амал менамояд, ки ба он донишҷӯёни фаъол ҷалб шудаанд. Ҳамзамон донишҷуёни мо дар озмунҳои ҷумҳуриявию минтақави иштироки фаъол доранд.

        Кафедра аз замони таъсисёби то инзамон ба кафедраҳои географияи табии, географияи иқтисодӣ, методикаи таълими география ва туризми ДДОТ ба номи С. Айнӣ ҳамкори менамояд.

      Типқи барномаи рушди кафедра барои солҳои 2020-2025 фаъолияти он бояд тарзе бароҳ монда шавад ки кафедра ҳамчун маркази асосии таълимӣ, илмӣ, методӣ,ва фарҳангӣ оид ба самти география дар минтақа табдил ёбад. Мувофиқи ин барнома бояд дар муҳлати муқараршуда тамоми устодони кафедра ба корҳои илми машғул шуда унвони илми бадаст оранд.

Самтҳои афзалияти фаъолияти кафедра дар солҳои 2020-2025

  • Таълимӣ- омода сохтани мутахасисони баландихтисос ва ҷавобгу ба талаботҳои бозори меҳнат.

  • Илмӣ- вобаста ба талабот васеъ намудани потенсиали илмӣ дар самти илми география.

  • Фарҳангӣ- бо роҳи фароҳам овардани муҳити маънавӣ, ба яке аз марказҳои иттилоотю фарҳангӣ табдил додани кафедра.