Китобхона

Китобхонаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистони дар ноҳияи Рашт

 

                  Тоҷиева Мунира Сироҷидиновна мудири китобхонаи   Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар  ноҳияи Рашт

       Тоҷиева Мунира Сироҷидиновна – 30 уми майи соли 1992 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таввалуд шудааст. Хатмкардаи  ихтисоси забони англисӣ факултети романи-германи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии  Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода соли (2015-2017), дар ДОТ дар н. Рашт дар шуъбаи бақайдгирии ҳуҷатҳо кору фаъолит кардааст. Соли (2020-2021) нозири раёсати кадрҳо ва корҳои махсус,  ва аз (2023), то имруз ба ҳайси мудири китобхона кору фаъолият дорад.

  Оид ба фаъолияти китобхона

   Китобхонаи Донишкадаи омӯзгори Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт соли таҳсили 2008-2009 бо қарори Шурои олимони Донишкада ташкил гардидаст. Китобхонаи мазкурро Саторова М., Ҳафизов С., Саидова С., мудири намудаанд. Санаи 1-умӣ ноябри соли 2023    Тоҷиева Мунира Сироҷидиновна мудири менамояд. Дар  фонди захиравии китобхонаи донишкада 29000 китоб маҳфуз аст . Аз ин теъдод 16547 адади он таълимӣ ( умумисоҳавӣ бо забони тоҷикӣ), 11038 (умуми соҳави бо забони русӣ), 519 номгӯӣ китобӣ бадеӣ (бо забони тоҷикӣ) 600 номгӯи дигар бо забони русӣ (бадеӣ) 391 адад ( бо забони англисӣ-таълимӣ) 9 адад (забонӣ  арабӣ) мебошад. Дар китобхона толори хониш вуҷуд дорад. Дар китобхонаи электрони дар хотираҳои копиютерҳо 3360 – нусха китобҳои электронӣ маҳфуз аст.

   Ҳадафи китобхона:

     Қисмати асосии сохтори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт мебошад, ки ҷараёни таълимию тарбиявии ва тадқиқотӣ — илмиро бо адабиёт ва иттилоот таъмин намуда, ҳамчунин маркази паҳн намудани дониш, муоширати маънавию зеҳнӣ ва фарҳангӣ маҳбус мегардад.

     Хизматрасонии асосии китобдорӣ ба хонандагон ба тариқи ройгон расонида мешавад. Хизматрасонии иловагӣ тибқӣ номгӯ ва нархномаҳои амалкунанда пешниҳод карда мешавад.

      Ҳуқуқи истифода аз китобхона ба ҳамаи кормандони  муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод карда мешавад. Кормандони ташкилотҳои ғайри ҳуқуқи  истифода аз китобхонаро танҳо дар доираи қироатхонаҳо соҳиб мебошанд.

   Вазифаҳои китобхона

    — Хадамоти самарабахши резмарраи иттилоотию библографӣ ба ҳайяти професорону устодон, кормандони илмӣ, аспирантон, кормандону донишҷуён Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар нояи Рашт;

     -Ташкил намудани захираи (фонди) китобхона ва шуъбаҳои он мувофиқи фаъолият ва самтҳои таълимию илмии Донишкада , дар асоси талаботи нақшаҳои таълимӣ, илмӣ ва хонандагони китобхона;

   -Афзун намудани номгуии хадамоти китобхона, баланд бардоштани сифати он дар асоси таҷҳизоти нави техникӣ, технологияҳои нав, компиютерони ҷараёни китобдорию иттилоотӣ, пайваст намудани компиютерҳои китобхона ба шабакаи ягонаи донишкада ва интернет;

      -Ташкил намудани китобхонаи электронӣ ва ба воситаи китобҳои электронӣ расонидани хизмат ба хонандагон;

    -Аз худ намудан ва истифода кардани таҷрибаи кори китобхонаҳои мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва китобхонаҳои бузурги соҳавию ташкилотҳои иттилоотии илмию техникӣ;

      -Ширкати фаъолона варзидан дар чорабиниҳои Ассотсиатсияи китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

      — Китобхона ба муштариёни худ дар толорҳои қироат, абонеметҳо ба хонандагони алоҳида ва ё гурӯҳои хонандагон хизмат мерасонанд;

    -Барои кӯмак ба ҷараёни таълими ва пешбурди кори илмии ДОТ дар н. Рашт нишондиҳандаҳои библиографӣ, номгӯйи асарҳои устодони донишкада, маълумотномаҳои унвонию мавзеӣ намоиши китобҳоро ташкил менамоянд;

     -Барои донишҷӯён малакаи ҷустуҷӯ, дарёфт намудани маълумоти зарурӣ ва истифодаи онро дар ҷараёни таълиму корҳои илмӣ, инчунин сарфаҳм рафтан ба маводи маълумотӣ ва иттилоотию библиографии китобхонаро меомузанд;

        -Барои аспирантон ва донишҷӯён дарсҳоиа  китобдорӣ ва библографиро ташкил менамояд;

        -Барои баланд бардоштани савияи дониши кормандон чораҳои заруриро меандешанд.Дарсҳои тахассусӣ гузаронида, санҷиш мекунанд;

        -Кори худро бо шуъбаи илми ДОТ дар н. Рашт мутобиқ месозад.

Кормандони китобхона

    Ному насаб

          Вазифа

      Суроға

1

Тоҷиева Мунира     Сироҷидиновна

         Мудир

734025,Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Ғарм , к, Э. Муҳиддин-63.

2

Сулаймонова                         Шабистон Олимовна

       Китобдор

734025,Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Ғарм, к, Э. Муҳиддин-63.

3

Шаҳнозаи Файзулло

Мудири китобхонаи электронӣ

734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш, Ғарм, к, Э. Муҳиддин-63