Забон ва адабиёти тоҷик

Кафедраи забон ва адабиёти тоҷик

              Тоиров Маҳбубиддин-мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети забонҳо ДОТ дар ноҳияи Рашт

          Тоиров Маҳбубиддин- мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети забонҳо ДОТ дар ноҳияи Рашт муаллими калон, 10-уми феврали соли 1974 дар ноҳияи Рашт ба дунё омадааст.

          Тоиров Маҳбубиддин хатмкунандаи шуъбаи забон ва адабиёти ДДОТ ба номи С. Айнӣ (2008) ва      унвонҷӯи кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ ДМТ солҳои 2022-2023 мебошад. Тоиров Маҳбубиддин зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ Мирзоева Моҳира дар мавзуи “Вижагиҳои луғавию маъноӣ ва калимасозии сифат дар публисистикаи Мутеулло Наҷмиддинов” кори илмии худро пеш бурда истодааст.

Оид ба фаъолияти кафедра

       Кафедраи забон ва адабиёти тоҷик яке аз падидаҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Кафедра ҳамчун ҷузъи таълимию илмӣ ва тарбиявии факултети забонҳои ДОТ дар ноҳияи Рашт баҳри хоҷагии халқи мамлакат садҳо нафар мутахассисони баландихтисосро тайёр намуда, дар пешрафти иқтисодиёт ва илму фарҳанги кишвар саҳми муносиб гузоштааст.

      Кафедра соли таъсис ёфта, аз рӯи ихтисоси “Забон ва адабиёти тоҷик”1-020301А1 мутахассис тайёр мекунад. Дар кафедра имрӯз 11-нафар омӯзгор ба фаъолияти илмию педагогӣ фаро гирифта шудаанд.

     Тайи солҳои 2008-2010 роҳбарии кафедраро…… ба уҳда дошт. Аз соли 2011 то 2015 кафедраро …….. роҳбарӣ кардааст. Аз соли 2016 то 2021 роҳбарии кафедра ба дӯши муаллимаи калон  Сафарова вогузор гардида буд. Аз соли 2022 то инҷониб кафедраро муаллими калон Тоиров Маҳбубиддин роҳбарӣ мекунад.

       Дар кафедра семинари илмии устодон ва маҳфилҳои илмӣ-таълимии донишҷӯён амал мекунанд, ки дар онҳо ба ғайр аз устодони соҳибтаҷриба, инчунин мутахассисони ҷавон ва донишҷӯён фаъолона иштирок мекунанд. Шогирдони пешқадами кафедра ҳар сол дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ, озмунҳои илмии донишҷӯён ва барномаҳои таҳқиқотӣ-озмунӣ иштирок намуда, ғолиби ин озмунҳо дониста мешаванд.

     Кафедра дар рӯзҳои аввали таъсисёбиаш ҳамкориҳои илмию таълимиро бо кафедраҳои ҳамсони мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва ҷаҳон ба роҳ мондааст.

    Тайёр намудани мутахассисони дараҷаи илмидошта яке аз самтҳои афзалиятноки кафедра ба ҳисоб меравад. Таҳти роҳбарии устодони варзидаи кафедра …….

Аз ҷониби устодони кафедра қариб…..  мақолаю фишурдамақолаҳои илмӣ ва зиёда аз ….. китобҳои илмию методӣ дар шакли монографияҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, дастурҳои методӣ ва барномаҳои стандартҳои таълимӣ ба нашр расонида шудаанд.

Омӯзгорони кафедра

Ному насаб

Вазифа

Дараҷаи илмӣ      Унвони илмӣ

Тоиров М.М.

мудири кафедра

муаллими калон

Шодиев М.М.

н и ф.

Дотсент

Киромидинов  З.

н и ф.

Дотсент

Саидова С.

н и ф.

Дотсент

Сафарова Х.

муаллими калон

Шамсиддинов О

ассистент

Ҳайдаров Ҳ.

муаллими калон

Лашкарбекова Г.

ассистент

Шаҳнозаи Ф

ассистент

Наимов С.

ассистент

Ҳалимов А.

ассистент

Муродов Б.

ассистент