Ҳуқуқ ва идораи давлатӣ

  КАФЕДРАИ ҲУҚУҚ ВА ИДОРАИ ДАВЛАТИИ ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ

   Ахмедов Нураҳмад Сафарович ‒ мудири  кафедраи  ҳуқуқ ва идораи давлатии факултети таърих ва ҳуқуқи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, устоди калон

Ахмедов Нураҳмад Сафарович ‒ 22 уми январи соли 1962 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи ихтисоси таърих ва ҳуқуқи ДДОТ ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С,Айнӣ) ва факултети ҳуқуқшиносии ДДМИТ (2003) бо дипломи сурх мебошад.

Фаъолияти кориро аз соли 1989 ҳамчун муаллими фанни Асосҳои давлат ва ҳуқуқ дар МТМУ №48 ш.Душанбе то соли 1991 оғоз намудааст. Баъдан аз соли 1991 то соли 1999 ассистент, баъдан устоди калони кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи Варзиши ҶТ ба номи С.Раҳимов фаъолият намудааст.

Солҳои 1992то соли 2004 устоди калони кафедраи ҳуқуқи гражданӣ (ҳоло ҳуқуқи маданӣ)-и Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон фаъолият дошт. Аз соли 2004 то соли 2008 муовини факултаи ҳуқуқшиносии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ кору фаъолият намудааст.

Солҳои 2010 то моҳи январи соли 2011 сардори шубаи тарбияи Филиали Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С,Айнӣ дар ноҳияи Рашт ва баъдан аз соли 2011 то 2013 декани факултети таърих ва филологияи донишкадаи зикргардида фаъолият дошт.

Аз соли 2013 то соли 2018 дар вазифаи корманди шуъбаи ғоибона, мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқ, ҷониши декани оид ба таълими факултети таърих ва педагогикаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт кору фаъолият дошт.

Аз соли 2018 баъди таъсис додани кафедраи ҳуқуқ ва методикаи таълими он (баъдан аз соли 2022 кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ) ба ҳайси мудири кафедра кору фаъолият намуда истодааст.

Соли 2003 бо унвони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

   Ӯ дар фаъолияти кории худ зиёда аз 70 мақолаҳо ва маводҳои илмӣ – оммавӣ, воситаи таълиӣ аз фанни ҳуқуқ ва аз фанни ҳуқуқи оилавироро ба нашр расонидааст. Ҳамзамон дар конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда маърӯзаҳо намудааст.

    

ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРА

       Кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт яке аз кафедраҳои нисбатан ҷавони донишкада ба ҳисоб рафта, дар омода намудани кадрҳои омӯзгории соҳаи ҳуқуқ ва дар баланд бардоштани иқтидори илмию таълимӣ ва иҷтимоии донишкада нақши калонро иҷро менамояд.

Дар оғоз таълими фанҳои ҳуқуқ дар донишкада аз ҷониби кафедраи муттаҳидаи “Таърих ва ҳуқуқ” ба роҳ монда мешуд, ки аз  соли 2008 ташкил гардида то ҳол фаъолият дорад.

 Бо қарори Шурои олимони донишкада  аз 28.09.2018 таҳти №1,  кафедраи бо номи ҳуқуқ ва методикаи таълими он фаъолияташро оғоз намуд.

       Масъулини кафедраро устоди калон Ахмедов Н.С. ба зимма дошт. Муддати як сол (с.2021) мудири кафедра  ба уҳдат устоди калон Муқимов С.Д. гузошта шуда буд. Аз сентябрисоли 2022 то ҳоло устоди калон  Ахмедов Н,С.вазифаи мудири кафедра ро ба иҷрорасонида истодааст.Баъдан бо қарори Шурои олимони донишкада аз 30.08.2022 таҳти №1 ва фармоиши ректор ДОТ дар н.Рашт аз 01.09.2022 таҳти №292-3/2 кафедра бо номи кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ табдили ном намуд.

       Кафедра аз рӯи фанҳои зерин дарс мегузарад: ҳуқуқ, назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи конститусионӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи байналхалқӣ, таърихи ҳуқуқи Тоҷикистон, ҳуқуқи маданӣ, методикаи таълими ҳуқуқ, таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, ҳуқуқи оила, ҳуқуқи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фалсафаи ҳуқуқ, ҳуқуқи конститусионии мамлакатҳои хориҷа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқи меҳнат ва фанҳои интихоби: ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқи замин, ҳуқуқи мерос, мақомоти намояндагӣ, низоъшиносии ҳуқуқӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҳуқуқи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ).

Умуман  кафедра зиёда  аз рӯи  20 номгӯи фанҳо машғулиятҳоро мегузаранд.

Ҳоло дар кафедра ҳамагӣ 9 нафар устодон фаъолият менамоянд: 2 нафар номзади илм, дотсент; 1 нафар номзади илм; 3 нафар муаллими калон; 3 нафар ассистентон.

       Дар давоми фаъолият аз тарафи кафедра 8 воситаҳои таълимӣ, 3 барномаи таълимӣ ва зиёда аз 200 мақоллаҳои илмӣ ба нашр расидаанд. Устодони кафера бештари машғулиятҳои таълимиро дар ихтисоси таърих ва ҳуқуқ ва баъдан дар бахшҳои ғайри ихтисоии донишкада аз фанни ҳуқуқ аз рӯи ихтисос мегузаронанд.

       Ҳадафи кафедра маълумот додан дар бораи соҳаҳои алоҳидаи илмҳои муосири ҳуқуқ ва давлат, аз ҷумла назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи молиявӣ, ҳуқуқи андоз, ҳуқуқи гумрукӣ, ҳуқуқи маданӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи меҳнат, ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи байналхалқӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таърихи ҳуқуқи Тоҷикистон, таърихи афкори сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва ғайра.

Эҳтиром, эътироф, риоя, ҳифз ва тарғиби ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тавассути волоияти қонун дастрасӣ доштани шаҳрвандон.

       Дар ин робита баланд бардоштани руҳияи донишҳои ҳуқуқии донишҷӯён, маърифатнокии ҳуқуқӣ ва фаъолияти маърифатпарварии хусусияти иттиоолотӣ-ташвиқотдошта ва мусоидат ба ҳалли он ва азхуднамудани донишҳои ҳуқуқӣ ҳуқуқӣ зарурат пайдо менамояд.

          Вазифаҳои кафедра  аз инҳо иборат мебошанд:

  1. Баланд бардоштани савияи ҳуқуқии донишҷӯён, нақши ҳуқуқшинос дар

ҷамъият ва ҷалб кардани диққати онҳо ба зуҳҳуротҳои давлатию ҳуқуқӣ;

  1. Таъмин намудани шиносоии донишҷӯён бо давлат ва ҳуқуқ, нақши

        ҳуқуқшинос дар ҷамъият ва ҷалб кардани диққати онҳо ба донистани

        донишҳои ҳуқуқӣ;

  1. Таъмин намудани фаҳмиши амалии ҳуқуқии донишҷӯён, ки онҳо

         метавонанд онро дар ҳаёти ҳамарӯзаи худ истифода намоянд;

  1. Гузоштани асосҳои фаҳмиши принсипу арзишҳои заминавӣ, ба монанди

      ҳуқуқи инсон, демократия, давлати ҳуқуқбунёд ва ҳоказо, ки ҳамчун заминаи

     Конститутсия, қонунҳо, низоми ҳуқуқӣ ва ҷамъият дар маҷмӯъ хизмат

      менамоянд;

  1. Ба тарбияи маданияти ҳуқуқӣ, ташаккули самаранокии вазъияти шаҳрвандӣ

     ва низоми ҳуқуқӣ мусоидат кардан.    

Дурнамои фаъолияти кафедра:

‒ соҳибунвон гардонидани омӯзгорони кафедра;

‒ таҳия ва нашри воситаҳои таълимӣ аз рӯйи фанҳои

    тадрисшавандаи кафедра;

‒ анҷом додани фаъолияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;

‒ баргузор намудани конференсия ва семинарҳои илмю амалӣ оид

   ба масъалаҳои гуногуни соҳаҳои ҳуқуқ;

‒ иштирок дар конфренсиҳои байналмилалии берун аз кишвар;

‒ баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии донишҷӯён;

‒ таҳия ва нашри монография ва дигар адабиётҳои илмию таълимӣ

  дар самти илмҳои ҳуқуқ;

‒ баланд бардоштани сифати таълим аз рӯйи фанҳои соҳҳаи ҳуқуқ;

‒ омода намудани кадрҳои дорои касбияти баланд дар самти ҳуқуқ

    ва ғайра.