КАФЕДРАИ БИОЛОГИЯИ ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ
Ҳусейнов Умарҷон Мирхоҷаевич ‒ мудири кафедраи биологияи факултети Таббии-риёзии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, номзади илмҳои биология, дотсент.
Ҳусейнов Умарҷон Мирхоҷаевич ‒ 25 уми августи соли 1991 дар деҳаи Ҳумдони ноҳияи Нурободи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи ихтисоси биологияи факултети биологияи ДМТ (2014), унвонҷӯи кафедраи химияи органикии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар солҳои 2016-2021. Санаи 06.06.2021 рисолаи номзадиашро дар мавзуи “Коркарди композитсия дар асоси доруи масунфаъоли Тимогар, растаниҳои шифобахши барги зӯф ва пудинаи боғӣ” зери роҳбарии доктори илмҳои химия ва фармокология, профессор Б.Ғ. Мукаммол дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА.016-и назди ДМТ ҳимоя намуда, 28 октябри соли 2021 бо қарори КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, №150 бо дараҷаи илмии номзади илмҳои биология сарфароз гардонида шудааст. Самтҳои асосии таҳқиқоти Ҳусейнов Умарҷон Мирхоҷаевич асосан ба масъалаҳои мубрами коркарди доруҳои масунфаъъол; растаниҳои шифобахш; ферментҳо; растании марҷумак бахшида шудааст. Ӯ дар ин самтҳо 82 маводи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ ба нашр расонидааст. Аз ҷумла, 6 воситаи таълимӣ, 1 монография, 20 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда, 20 мақолаи илмӣ, 20 маъруза дар конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалии дохилӣ ва хориҷӣ, 5 мақолаи илмӣ-оммавӣ ва 10 барномаи таълимӣ.
ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРА
Кафедраи биологияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт яке аз кафедраҳои навтаъсиси донишкада ба ҳисоб рафта, дар омода намудани кадрҳои омӯзгории ва тиббӣ соҳаи Химия-биология., Биохимияи тиббӣ баланд бардоштани иқтидори илмию таълимӣ ва иҷтимоии донишкада нақши калонро иҷро менамояд.
Дар ибтидо таълими фанҳои биология дар донишкада аз ҷониби кафедраи муттаҳидаи «Табиатшиносӣ», ки кафедраи табиатшиносӣ мувофиқи қарори Шӯрои олимони ДОТ дар н. Рашт 27-11-2013 таъсис ёфта буд ва ин яке аз кафедраи калонтарин дар донишкада ба ҳисоб мерафт. Кафедраи табиатшиносӣ аз соли 2013 то соли 2018 ҳамчун кафедраи умуми донишкадави фаъолияти худро ба роҳ монд, вале аз сабаби зиёд будани соатҳои таълимӣ зарурияти ҷудо кардани кафедраи химия-биология ба вуҷуд омад, ки мувофиқи қарори Шӯрои олимони ДОТ дар н.Рашт аз 28-уми сентябри соли 2018 таҳти № 1 дар назди факултети «Табиӣ — Риёзї» таъсис дода шуд. Дар назди кафедра озмоишгоњи биология низ фаъолият мекунад.
Кафедра аз шуъбањои рўзона ва ѓоибонаи ихтисосњои “Химия-биолгия” ба роҳ монда мешуд, ки соли таҳсили 2013-2018 ташкил гардидааст. Кафедраи мазкурро устодон Маҳкамов А., Шохоҷаев Ҳ Икромов С., Ҳусейнов У. мудирӣ намудаанд. Санаи 01 сентиябри соли 2022 бо қарори Шурои олимони донишкада (суратҷаласаи №12) кафедраи “Химия-биолгия” ба ду кафедраи мустақил “Химия” ва “Биология” ҷудо карда шуданд. Ҳамин тавр, дар донишкада кафедраи мустақили “Биология” ташкил гардид, ки то кунун фаъолият намуда истодааст. Масъулияти мудирии кафедраи нав ба зиммаи номзади илмҳои биология, дотсент Ҳусейнов У.М. вогузор карда шуд, ки то ҳол кафедраи мазкурро роҳбарӣ менамояд.
Дар кафедра ҳамагӣ 7 омӯзгор фаъолият менамоянд: 1 нафар номзади илм, дотсент; 1 нафар муаллими калон ва 5 нафар ассистентон.
Кафедра дорои 2 ихтисос дорад.
1.Химия-биология 2.Биохимияи тиббӣ
Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Биологони ҷавон” фаъолият менамояд.
Ҳамзамон, дар кафедра семинарҳои илмӣ-назариявӣ, конференсияҳо ва дарсҳои кушод баргузор карда мешаванд.
Дар кафедра аз рӯйи фанҳои зерин дарс гуфта мешавад:Анатомияи одамБиохимияи умумиФ/И микробиологияФизиология сину соли ва гигенаи мактабиФ/И ЭнзимологияФ/И ЭмбриологияФизиологияи одам ва ҳайвонМетодикаи таълими биологияФ/И Гистология бо асосҳои ситологияМикробиология ва вирусологияФ/и Растаниҳои шифобахшФ/и Ҷаниншиноси Физиологияи синусоли ва гигенаи мактабиҶузъҳои электронии тиббӣАвтоматикунонии таҳлили ботиббӣПедиатрияФ/И БиохимияФ/И ситологияФизиологияи синусоли ва гигенаи мактабиПаталогияи умумӣБемориҳои дарунӣ |
Ҳадафи кафедраи биолгия таълиму тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ, омӯзиши донишҳои биологиро ба донишҷӯён, омода намудани кадрҳои тахассусӣ, бартараф намудани норасоии кадрӣ-омӯзгорӣ дар минтақа, мусоидат намудан ҷиҳати ҳалли мушкилоти биологи мардуми минтақа ва монанди инҳо ташкил медиҳад.
Вазифаҳои кафедра аз инҳо иборат мебошанд:
1) дар донишҷӯён ташаккул додани тарбияи ватандӯстию худшиносӣ;
2) омӯзиши донишҳои биологи ба донишҷӯён ва баланд бардоштани малакаи касбии онҳо;
3) бо ташкилу баргузор намудани конференсия, ҳамоишҳо, мизҳои мудавар, семинарҳои илмӣ ва маҳфилҳо сайқал додани донишҳои биологии донишҷӯёну омӯзгорон ва баланд бардоштани сифати таълим дар муассиса;
4) гузаронидани таҳқиқотҳои илмию амалӣ дар самти мушкилоти биологии ҷомеа, дарёфт ва муайян намудани роҳу воситаҳои бартараф намудани онҳо;
5) додани машваратҳои биологи ба донишҷӯёну омӯзгорон, кормандон ва дигар шахсони муроҷиаткунанда ва ғайра.
Дурнамои фаъолияти кафедра:
‒ анҷом додани фаъолияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
‒ таҳия ва нашри воситаҳои таълимӣ аз рӯйи фанҳои тадрисшавандаи кафедра;
‒ баргузор намудани конференсия ва семинарҳои илмю амалӣ оид ба масъалаҳои гуногуни психологӣ;
‒ соҳибунвон гардонидани омӯзгорони кафедра;
‒ таҳия ва нашри монография ва дигар адабиётҳои илмию таълимӣ дар самти биология;
‒ ҷоннок намудани фаъолияти биологони ҷавон дар назди кафедра;
‒ баланд бардоштани сифати таълим аз рӯйи фанҳои биологи;
‒ омода намудани кадрҳои дорои касбияти баланд дар самти биология;
‒ таъсис додани ихтисосҳои нави ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй ва ғайра.
ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА
№ |
Ному насаб |
Вазифа |
Унвон ва дараҷаи илмӣ |
Суроға |
1. |
Њусейнов У.М. |
Мудири кафедра |
номзади илмҳои биология, дотсент |
734025, Љумњурии Тољикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63.E-mail: umarjon_0091@mail.ru Тел.: + 992 918514321 |
2. |
Махкамов.А.Э. |
М.калон |
М.калон |
734025, Љумњурии Тољикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63.E-mail: amirkhuja1967@gmail.comТел.: + 992 918596026 |
3. |
Камолов М.Т. |
Муовини декан оид ба таълим |
ассистент |
Суроға: 734025, Љумњурии Тољикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63. nizomov.1995@gmail.comТел.: + 992 903161313 |
4. |
Каримов А |
Духтури бемориҳои даруна |
ассистент |
734025, Љумњурии Тољикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63.Тел.: + 992 918222223 |
5 |
Атоев Р |
Духтури ҷароҳ |
ассистент |
900105519Mastona-062@mail.ru |
6 |
Сафархоҷаева М |
Корманди марказ |
ассистент |
918780172 |
7 |
Юсупов Ҷ.Ҷ. |
Корманди марказ |
ассистент |
938705580 |