Перейти к содержимому
Декан – муаллими калон Миршарипов Э.Қ.
ҲОЛНОМА
Миршарипов Эмомалӣ Қурбоналиевич 22-юми марти соли 1995 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Соли 2016 Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит бо дипломи аъло, рӯзона хатм намудааст.
Соли 2018 шуъбаи магистратураи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро бо ихтисоси молия ва қарз бо дипломи аъло, рӯзона хатм кардааст.
Солҳои 2018-2019 ба ҳайси ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷменти факултети иқтисод ва идораи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, солҳои 2019-2022 мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷмент, аз соли 2020 то инҷониб муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷмент, солҳои 2022-2024 муовини декан оид ба таълими факултети иқтисод ва идора, аз моҳи феврали соли 2024 то инҷониб ҳамчун декани факултети Иқтисод ва идора кору фаъолият намуда истодааст.
Муаллифи беш аз 45 маводи таълими-методӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад, аз ҷумла 4 воситаи таълимӣ, 3 барномаи таълимӣ ва 38 мақолаи илмӣ-оммавӣ (аз он 7 мақола дар маҷаллаҳои тақризшаванда). Ҳамзамон, дар конференсияҳои сатҳи гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намудааст.
Аз соли 2021 то инҷониб унвонҷӯи кафедраи молияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон буда, дар масоили қарздиҳии низоми бонкӣ ба бахши саноат, хусусан саноати сабуки кишвар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодааст.
Барои хизматҳои шоён дар таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ чандин маротиба аз ҷониби роҳбарияти донишкада бо ифтихорнома ва сипосномаҳо (аз ҷумла 3 ифтихорнома ва 2 сипоснома) қадрдонӣ гардидааст. Ҳамзамон, бо сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2021) ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рашт (соли 2021) қадрдонӣ шудааст.
Оиладор соҳиби 2 фарзанд. Аз соли 2018 аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошад.
ДАР БОРАИ ФАКУЛТЕТ
Факултети Иқтисод ва идораи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт соли 2015 дар асоси қарори Шурои олимони Донишкада ва дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи факултети “Табиӣ-риёзӣ” ташкил шудааст.
Сарварони факултет:
Аввалин декан дар факултет дар соли аввали ташкилшавӣ муаллими калон Шохоҷаев Ҳайётхоҷа (солҳои 2015-2016) буданд, ки пештар дар вазифаи мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷмент (солҳои 2013-2015) фаъолият менамуданд.
Роҳбарии факултетро дар соли 2016 Сайфиддинов Ғиёсиддин, номзади илмҳои техникӣ ба уҳда доштанд. Ӯ пештар дар ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур фаъолият намудааст.
Солҳои 2016-2018 декани факултет Маҳмадуллоев Аҳмадҷон буданд. Пештар дар вазифаи мутасадии маркази тестии донишкада, муовини декан оид ба таълими факултети иқтисод ва идора кор кардааст.
Декании факултетро дар соли 2019 номзади илмҳои техникӣ, дотсент Қаюмов Акмалиддин бар душ дошт. Номбурда қаблан дар вазифаи дотсенти кафедраи химия-биологияи донишкада ва сардори Раёсати таълими донишкада кор кардаанд.
Солҳои 2021-2023 декани факултет муаллими калон Деҳқонов Соҳибназар буданд. Ӯ қаблан дар вазифаҳои мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷмент (солҳои 2017-2018) ва муовини декан оид ба таълим (2018-2019) фаъолият менамуданд.
Дар соли 2023 роҳбарии факултет ба зиммаи Идибеков Абдулҳамид гузошта шуда буд. Он қаблан дар вазифаҳои муовини декан оид ба тарбияи факултети таърих ва ҳуқуқ, декани факултети география ва ҳифзи табиат (солҳои 2021-2023) кору фаъолият менамуд.
Ҳамаи роҳбарони факултети Иқтисод ва идора дар замони роҳбарии худ дар рушду нумӯи факултет ва корҳои таълимӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва иҷтимоӣ тарбиявӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Ҳамин тариқ, аз соли 2024 то инҷониб роҳбарии факултети Иқтисод ва идораи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро муаллими калон Миршарипов Эмомалӣ Қурбоналиевич ба зима дорад.
Факултети иқтисод ва идора дорои ду синфхонаи фаннӣ буда, дар онҳо донишҷӯён ба таълим фаро гирифта мешаванд. Дар факултет зиёда аз 60 барномаҳои таълимӣ, 1 китоби дарсӣ ва 8 воситаи таълимӣ аз ҷониби омӯзгорони факултет чоп гардидааст. Дар факултет 3 конференсияи байналмилалӣ гузаронида шуда, маводҳои он рӯйи чоп оварда шуданд. Ҳамзамон, дар факултет 3 номзади илми иқтисод фаъролият намуда, дигар омӯзлорони беунвон ҳамагӣ мавзуи кори илмӣ гирифта, ба навиштани рисолаи номзадӣ машғул мебошанд.
Факултет дорои ду кафедраи тахассусӣ мебошад.
Аз ҷумла:
-
Кафедраи «Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷмент».
-
Кафедраи «Технология (соҳибкорӣ)»
Факултети «Иқтисод ва идора» яке аз факултетҳои намоён дар донишкада ба ҳисоб рафта, мутахассисонро аз рӯйи ихтисосҳои зерин омода месозад:
1-250108-18 – Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар соҳаи маориф
1-260202-21 – Менеҷменти молиявӣ дар соҳаи маориф
1-250104 – Молия ва қарз
1-020601 – Технология (соҳибкорӣ)
1-030106-02 – Санъати тасвирӣ, нақшакашӣ. Технология
1-020601-02 – Технология (меҳнати техникӣ, нақшакашӣ)
Саҳми устодони кафедра дар навиштани тақриз ба рисолаҳои хатми бакалаврӣ, магистрӣ ва воситаҳои таълимию китобҳои дарсӣ назаррас аст.
Дар назди факултет ҳармоҳа маҳфилҳо, ҳамоишҳо ва семинарҳои илмию назариявии назди кафедраҳо гузаронида шуда, дар он корҳои илмию таҳқиқотии устодон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд. Дар факултет маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Иқтисодчиёни навовар» амал намуда, дар асоси нақша мавзуҳои актуалии замони муосир аз ҷониби устодон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешавад.
Барои мустаҳкамнамоии дониши амалии донишҷӯён дар асоси шартнома аз соли 2022 бо Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ғарм мутахассисони варзидаи соҳаи бонкдорӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ ҷалб гардидаанд, ки ба донишҷӯён аз фанҳои фаъолияти бонкӣ, аудит дар бонкҳо, молия ва қарз, менеҷменти молиявӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ дар бонкҳо таълим медиҳанд. Инчунин, факултет бо Намояндагии муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар минтақаи Рашт дар соли 2024 шартнома бастааст, ки дар асоси шартномаи мазкур донишҷӯёни факултет ҳамасола дар филилал ва марказҳои хизматрасонии бонкию ташкилотҳои хурди қарзии дар минтақа буда, ва дар Намояндагии муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар минтақаи Рашт ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ сафарбар карда мешаванд, ки ин ба сатҳу сифати дониши амалии онҳо таъсири мусбӣ гузошта, таҷрибаи амалии бонкиро дар онҳо мустаҳкам менамояд.
Факултет бо факултети “Баҳисобгирӣ ва иқтисодиёти рақамӣ” –и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон”, факултети “Молия ва иқтисод” ва “Иқтисодиёт ва менеҷмент”- и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети “Ҳисобдорӣ ва омор” ва факултети “Молия ва қарзи” -и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва факултети “Баҳисобгирӣ ва молия”- и Донишгоҳи агарарии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ҳамкориҳои судманди илмиву татқиқотӣ ва таълимиро ба роҳ мондааст.