Перейти к содержимому
Декан –Саидов А.И.
ҲОЛНОМА
Саидов Анушервон Илҳомович 6-уми сентябри соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Соли 2013 Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро бо ихтисоси таърих ва ҳуқуқ, рӯзона хатм намудааст.
Соли 2018 шуъбаи магистратураи Академияи милли илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ихтисоси таърих (ватанӣ ва умумӣ), рӯзона хатм кардааст.
Солҳои 2015-2020 ба ҳайси сармутахассиси раёсати таълими Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, солҳои 2020-2023 сардори раёсати таълими Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, аз соли 2023 то инҷониб ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи декани факултети Забонҳо кору фаъолият намуда истодааст.
Аз соли 2021 то инҷониб унвонҷӯи кафедраи равандҳои сиёсии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодааст.
Оиладор соҳиби 2 фарзанд. Аз соли 2015 аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошад.
ДАР БОРАИ ФАКУЛТЕТ
Факултети забонҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт тарғибгар ва тадбиқкунандаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ фаъолият менамояд. Факултет аз соли 2015 бо қарори Шурои олимони Донишкада дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи факултети “Таърих ва филология” ташкил карда шудааст. Аз замони ташкилшавии факултет роҳбарии онро омӯзгорони пуртаҷриба Шодиев М., Тоиров М., Додаров О., Муродов Б., Аброров С., Зайниддинов Қ., Муродов Б., Қосимов М. ва Алиев И. ба уҳда доштанд. Аз аввали соли 2023 то ин ҷониб, иҷрокунандаи вазифаи декани факултет Саидов А.И. мебошад.
Сохтори факултет аз садорат, Шурои олимон, Шурои илмӣ-методӣ, се кафедра, Маркази омӯзиши забони русӣ “Русское пространство” ва як синфхонаи лингафонӣ, ки дорои таҷҳизоти замонавӣ мебошад. Ба садорати факултет декани факултет, муовини декан оид ба корҳои таълим, муовини декан оид ба корҳои тарбия ва танзимгари факултет дохил мешаванд.
Дар факултет чунин кафедраҳо амал мекунанд: Кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, ки мудирии кафедраро Тоиров М. ба уҳда дорад, ҳайати онро 12 нафар омӯзгор ташкил мекунад; Кафедраи забон ва адабиёти рус, ки мудирии кафедраро Шарифов Ф. ба уҳда дошта, дорои 7 нафар омӯзгор мебошад; Кафедраи забони англисӣ, ки мудирии кафедраро Комилов А. ба уҳда дошта, дорои 11 нафар омӯзгор мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки дар сохтори донишкада факултети забонҳо яке аз факултетҳои калонтарин ба ҳисоб рафта, дар он омӯзгорони пуртаҷриба ва 2 нафар омӯзгорон дорои унвону дараҷаи илмӣ дошта аз Федератсияи Россия ҷалб шудаанд, кору фаъолият менамоянд. Ҳайати кормандону омӯзгорони факултет айни ҳол 30 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 1 нафар доктори илм, профессор, 2 нафар номзади илм, дотсент, 3 нафар номзади илм, муаллими калон, 3 нафар муаллими калон ва боқимонда ассистентон мебошанд.
Факултети забонҳо мутахассисонро аз рӯйи ихтисосҳои зерин омада менамояд:
1-020301 – «Забон ва адабиёти тоҷик»;
1-020303 – «Забон ва адабиёти тоҷик. Маърифати оиладорӣ»;
1-230108 – «Рӯзноманигорӣ»;
1-020302 – «Забон ва адабиёти рус»;
1-020306 – «Забони англисӣ».
Дар соли таҳсили 2023-2024 шуъбаи магистратура таъсис дода шудааст, ки дар он донишҷӯён метавонанд аз рӯи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик идомаи таҳсил намоянд. Инчунин дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ихтисоси забон ва адабиёти рус таъсис дода шудааст.
Факултети забонҳо дар татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти забономӯзӣ нақши муассир дошта, бо амалисозии онҳо дар коҳиш додани норасоии кадрӣ дар минтақа ва ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Яке аз дастовардҳои факултет дар ин самт ин татбиқу амалисозии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ба ҳисоб меравад, ки барномаи мазкур тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, № 438 қабул карда шудааст. Масалан, ҷиҳати татбиқи барномаи мазкур дар назди факултет курсҳои кӯтоҳмудати омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст, хоҳишмандони зиёдро ба худ ҷалб намудааст.
Ҳамзамон, Маркази омӯзиши забони русии “Русское пространство” дар назди факултет ташкил карда шуда, ки бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳаз гардонида шудааст. Айни ҳол, Маркази мазкур барои мардуми минтақа хизмати босазо намуда, дар рушди забондонии аҳолӣ нақши сазовор гузошта истодааст.
Факултети забонҳо дар таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақа ва ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ нақши калон гузошта, ҳамасола мутахассисони зиёд факултетро хатм карда, ба таълиму тарбияи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ сафарбар карда мешаванд.