Перейти к содержимому
КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ
Ҷураев Маҳмадкарим Мадаминович-мудири кафедраи математика
Ҷураев Маҳмадкарим Мадаминович 10.12.1989с дар ҷумҳурии Тоҷикистон таввалуд шудааст.
Соли 2009 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи Раштро бо баҳои аъло хатм намудааст.
Соли 2009 ба Филиали ДДОТ ба номи С. Айни дар н. Рашт ба ихтисоси математика ва физикаи факултети педагогика ва табии–риёзӣ гуруҳи буҷавӣ дохил шуда, онро соли 2013 бо мувафақият ва гирифтани дипломи сурх хатм намудааст. Баъди хатм солҳои таҳсили 2013-2014 ба ҳайси ассистент дар кафедраи математикаи олии ҳамин донишкада корда, баъди як соли кори ӯ ба шуъбаи магитратураи АМИТ институти математика ба номи А. Ҷураев дохил шуда онро соли 2016 бо гирифтани ихтисоси математика хатм намудааст.
Аз соли 2016 инҷониб ба ҳайси ассистент дар кафедраи “Математика” кор кардаистодааст. Ногуфта намонад, Ҷураев М.М. аз соли таҳсили 2020-2021 то соли таҳсили 2021-2022 ба ҳайси ҷонишини декан оид ба таълим дар факултети “Табиӣ-риёзи” ва аз моҳи марти соли 2022 то ҳол ҳамчун иҷрокунандаи фазифаи мудири кафедраи “Математика”-и факултети табиӣ-риёзиро ба уҳда дорад.
Номбурда то имрӯз муаллифи зиёда аз 30 мақолаи илмӣ ва 5 адад дастури таълимӣ мебошад.
Оиладор соҳиби се фарзанд мебошад.
Таърихи кафедраи математика
Кафедраи “Табиӣ-риёзӣ” соли 2008 дар назди факултети педагогика ва табиӣ-риёзии филиали Д Д О Т ба номи С Айнӣ дар ноҳияи Рашт ташкил карда шуда, аз шуъбаҳои математика ва физика, методи таълими ибтидоӣ, география, ва химия-биология иборат буд. Дар кафедра 8 нафар устодони варзидаи соҳаи номбурда кор ва фаъолият менамудаанд. Онҳо омузгорони калон Акбаров Давлатхуҷа, Мирзоқурбонов Маҳмадсафо, Саймуҳиддинов Одилҷон, Исматов Раҳматшо, Умаров Маъдихуҷа, ва ассистентон Солеҳов Муқимҷон, Шохоҷаев Ҳаётхоҷа, Наҷмиддинов Қурбоналӣ буданд.
Аз соли 2008 то сентябри соли 2009 вазифаи мудири кафедраро муалими калон Мизоқурбонов М. ба уҳда дошт.
Аз сентябри соли 2009 то сентябри 2011 мудири кафедраи табиӣ-риёзӣ муалими калон Саймуҳиддинов О. буд. Дар давоми ин солҳо дар маҷалаҳои марказии Д Д О Т ба номи С Айнӣ дар “Паёми донишгоҳи омузгорӣ” се мақолаи устоди калон Саймуҳиддинов О. чоп шуд.
Соли 2011 ин кафедраро ба се кафедра “Математикаи олӣ”, “Математика ва информатика” ва “Табиатшиносию иқтисодиёт” ҷудо карда шуд.
Аз соли 2013 ин кафедраро бо номҳои “ Математика, физика ва методикаи таълими он”, “Информатика ва барномасозӣ” ва “Табиатшиносӣ” фаъолият доранд.
Мудири кафедраи “Математика-физика ва методикаи таълими он” аз соли 2016 то 2019 омузгори калон Саймухиддинов О. буд.
Аз соли 2019 то соли 2020 ба ҳайси мудири кафедра Убайдов Шаҳрамон фаъолият намуд.
Аз соли 2020 то соли 2022 Латифов М.М. иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраро ба уҳда доштанд
Аз аввали соли 2022 то соли 2024 вазифаи мудири кафедраро Ҷураев М.М., пеш мубурд
Дар давоми соли таҳсили 2022-2023 кафедраи математика-физика ва методикаи таълими он ба ду кафедра тақсим карда шуд.
-
Кафедраи математика.
-
Кафедраи физика.
Мувофиқи қарори Шурои олимони донишкада ва мувофиқати ректор аз санаи 22-12-2022 таҳти № 1653-3/3 Ҷураев М.М., ба вазифаи мудири кафедраи математика таъин карда шуд ва то ҳол ин вазифаро ба уҳда дорад.
Дар давраҳои фаъоляти кафедра чунин дастурҳои таълими аз чоп бароварда шудаанд, ки барои пешбурди раванди таълим хизмат мекунанд.
-
Саймуҳиддинов О. Баъзе усулҳои ҳисобкуниҳои алгебраи хаттӣ, Душанбе-2013;
-
Саймуҳиддинов О. Баъзе хосиятҳои бисёркунxаҳои мунтазам. Душанбе-2014;
-
Саймуҳиддинов О. Анализи математикӣ дар масъала ва машқҳо, Душанбе-2016;
-
Мизоқурбонов М. Омодагӣ ба ҳолатхои фавқуллодаи хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ, Душанбе-2014;
-
Мизоқурбонов М. Механика ва физикаи молекулавӣ, Душанбе-2017;
-
Эшонов Д, Содиқов М. Роҳнамои фанни математика, Душанбе 2015
-
Ҳакимов Ш, Неъматов А. Маҷмуаи масъалаҳо аз электростатика ва магнетизм. Душанбе 2017.
-
Латифов М.М., Маҳмадиев Д., Худоидодов Ш.С-Геометрия (супоришҳои тестӣ аз геометрияи аналитикӣ ва геометрияи дифференсиалӣ) Рашт-2021
-
Олифтаев Н.Ф-Асосҳои тригонометрия Рашт-2021
-
Ҷураев М.М., Камолова Ҷ.С-Усулҳои фаъолияти таълим дар ташаккули салоҳият Душанбе-2022
-
Бегимов Ҳ.х., Ҷураев М.М., Шукурзода Х.А., Назаров Д.А., Фозилов Ҷ.М-Назария ва практикуми ҳалли масъалаҳои матнии математикӣ Душанбе-2023
-
Саймуҳиддинов О., Ҷураев М.М., Шарифзода Р.А-Анализи математикӣ дар масъала ва машқҳо Рашт-2023
-
Раҷабов П., Мирзоқурбонов М., Ҷураев М.М-термодинамика Душанбе-2024
-
Олифтаев Н.Ф-таҳлили математикӣ Рашт-2024
-
Бегимов Х.Ҳ., Рабиев С.М., Раҷабов Т.Б., Файзулоев А.М., Шукурзода Х.А., Ҷураев М.М., Аъзамқулов А.А-Назария ва практикуми методикаи таълими математикаи синфҳои ибтидоӣ Душанбе-2024
Айни замон дар кафедраи математика 8 нафар омӯзгорон фаъолият менамояд: 2 нафар номзади илм; 1 нафар муалими калон; 5 нафар ассистентон.
Кафедра дорои ду ихтисоси ҳамгиро математика-физика ва математика-информатика мебошад.
Дар назди кафедра маҳфилҳои илмии донишҷуён бо номи “Математикони ҷавон” фаъолият менамояд.
Ҳамзамон дар кафедра семинарҳои илмӣ, илмӣ-методӣ, конференсияҳои сатҳи донишкадавӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ баргузор карда мешавад ва тамоми омӯзгорони кафедра дар давоми як соли таҳсил ду маротиба дарсҳои кушод баргузор менамоянд.
Дар кафедра аз рӯи фанҳои зерин таълим дода мешавад.
Бахши фанҳои тахасуси: анализи математикӣ, алгебра ва назарияи ададҳо, геометрия, практикуми ҳалли масъалаҳои математкӣ, методҳои ададӣ ва ғайра.
Бахши фанҳоиумумикасбӣ: методикаи таълими математика, методҳои ҳалли масъалаҳои математикӣ, асосҳои математикаи мактабӣ ва ғайра
Бахши фанҳои интихобӣ: назарияи функсияҳои тағйирёбандааш кмплекси, назарияи функсияҳои тағйирёбандааш ҳақиқӣ, корҳои беруназсинфии математикӣ, асосҳои геометрия, созишҳои геометрӣ, таърихи математика ва ғайра.
Ҳадафҳои кафедра: омода намудани кадрҳои соҳаи омӯгори, табияи ҷавонон дар бораи ватандусти хештаншиносии миллӣ ва омода намудани донишҷуён барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳурияви ва хориҷ аз кишвар. Ҳалли мушкилотҳои соҳаи математика дар минтақа ва монанди инҳо.
Вазифаҳои кафедра: омӯзиши донишҳои математикӣ миёни донишҷуён, гузаронидани таҳқиқотҳои илмю амалӣ ва методи дар самти мушкилоти математикии ҷомеа, дарёфти мушкилотҳо ва бартараф намудани онҳо.
Дурнамои кафедра:
-
Анҷомдодани корҳои илмӣ таҳқиқотӣ ;
-
Таҳия ва нашри воситаҳои таълимӣ, дастурҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ
-
Баргузор намудани конференсияву семинарҳо ва маҳфиҳои илмӣ
-
Соҳиби унвон гардонидани омӯзгорони кафедра
-
Баланд бардоштани сифати таълим аз рӯи фанҳои тадрисшаванда
-
Таъсисдодани ихтисосҳои нав дар назди кафедра ва ғайра