ДЕҲҚОНОВ СОҲИБНАЗАР АМИРХОҶАЕВИЧ
Санаи 10-уми июни соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2012 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №25-и воқеъ дар н. Раштро бо баҳои хубу аъло хатм намуд. Пас аз хатми мактаби миёна ба факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил гардида, онро соли 2017 бо муваффақият хатм намуд.
Деҳқонов Соҳибназар Амирхоҷаевич фаъолияти меҳнатии худро аз моҳи августи соли 2017 ба ҳайси ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷменти Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт оғоз намуда, сипас солҳои 2017-2018 ҳамчун мудири кафедраи мазкур, солҳои 2018-2021 муовини декан оид ба корҳои таълим, солҳои 2021-2023 декани факултети иқтисод ва идора ва соли 2023 сардори раёсати таълим дар донишкада кор ва фаъолияти меҳнатӣ намудааст.
Номбурда санаи 05.04.2024 рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Танзим ва дастгирии давлатӣ ҳамчун омили рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа (дар мисоли минтақаи Рашт)” зери роҳбарии д.и.и., профессор Ҷонмамадов Ш.Б. ҳимоя намудааст.
Деҳқонов С.А. муаллифи зиёда аз 60 интишорот мебошад, аз ҷумла 1 китоби дарсӣ: Назарияи иқтисод (микро-макро иқтисод). – Душанбе, 2021. – 347 с., 4 воситаи таълимӣ: Андоз ва андозбандӣ. – Душанбе, 2023. — 148 с., Молияи давлатӣ. – Душанбе, 2023. – 91 с., Аудит. — Рашт, 2024. — 144 с., Мумилоти пулӣ ва қарз. Душанбе, 2025.-157с., 4 барномаи таълимӣ ва 51 мақолаи илмӣ-оммавӣ. Инчунин ӯ бо 12 маърӯза дар конференсияҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ кардааст.
Деҳқонов С.А. ҷиҳати фаъолияти пурсамари худ бо мукофоти соҳавии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” аз 21.06.2021 №938 сарфароз гардида, ҳамзамон бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ соли 2021, сипосномаи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҶТ соли 2021, ифтихорномаи раиси ноҳияи Рашт соли 2022, 2025 ва як зумра ифтихорнома ва сипосномаҳои ректори донишкада сарфароз гардонида шудааст.