
АЛАМШОЗОДА ФАРИДУН АЛАМШО ‒ муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДОТ дар ноҳияи Рашт, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент
6-уми марти соли 1996 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик.
I.ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ:
Солҳои 2003-2014 – хонандаи МТМУ №20-и ноҳияи Фархор;
Солҳои 2014-2019 – донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ;
Солҳои 2021-2023 – магистранти факултети психологияи Донишгоҳи Синергияи Федератсияи Русия.
II.ФАЪОЛИЯТИ КОРӢ:
Солҳои 2019-2021 – ассистенти кафедраи ҳуқуқ ва методикаи таълими они ДОТ дар ноҳияи Рашт;
Солҳои 2019-2020 – мутахассиси шуъбаи 2-юми ДОТ дар ноҳияи Рашт;
Солҳои 2020-2023 – котиби Шурои олимони ДОТ дар ноҳияи Рашт;
Солҳои 2020-2023 – ёвари ректори ДОТ дар ноҳияи Рашт;
Солҳои 2021-2023 – муалими калони кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии ДОТ дар ноҳияи Рашт;
Соли 2023 – и.в. декани факултети педагогика ва варзиши ДОТ дар ноҳияи Рашт;
Солҳои 2023-2024 – мудири кафедраи психологияи ДОТ дар ноҳияи Рашт;
Солҳои 2023-2024 – дотсенти кафедраи психологияи ДОТ дар ноҳияи Рашт;
Аз соли 2024 то инҷониб – дотсенти кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии ДОТ дар ноҳияи Рашт;
Аз сентябри соли 2025 то инҷониб – муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДОТ дар ноҳияи Рашт.
III.ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ—ТАДҚИҚОТӢ:
Солҳои 2020-2023 – унвонҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ буда, санаи 28.01.2023 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Ҳифзи ҳуқуқи инсон аз зарари маънавӣ: таҳқиқоти таърихӣ-ҳуқуқӣ ва назариявӣ-ҳуқуқӣ» зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор У.А. Азизода дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА.018-и назди ДМТ ҳимоя намуда, 21 июни соли 2023 бо қарори КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, №152 бо дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ сарфароз гардонида шудааст.
Муаллифи 142 маводи илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Аз ҷумла, 7 воситаи таълимӣ, 5 монография, 23 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи тавсиянамудаи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёда аз 32 мақолаи илмӣ дар нашрияҳои дигар, 25 мақола дар маводи конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалии дохилӣ ва хориҷӣ ва 38 мақолаи илмӣ-оммавӣ, 5 барномаи таълимӣ ва ғайра.
IV.МУКОФОТҲО:
Соли 2014 – бо шаҳодатнома ва нишони сарисинагии «Соҳибватан» аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор;
Соли 2024 – шаҳодатнома ва нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2009-2013 – бо сипоснома ва ифтихорномаҳои МТМУ №20-и ноҳияи Фархор;
Соли 2011-2013 – бо ифтихорномаҳои шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор;
Солҳои 2012-2014 – бо ифтихорномаҳои ва медали тилои Раёсати маорифи вилояти Хатлон;
Солҳои 2015-2019 – бо ифтихорномаҳои факултети ҳуқуқшиносии ДМТ;
Соли 2014 – бо ифтихорнома ва медали биринҷии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2019-2025 – бо сипосномаҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт;
Соли 2021 – бо сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Соли 2025 – бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт.