Психология

КАФЕДРАИ ПСИХОЛОГИЯИ ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ

 

Бобохонов Фаридун Аламшоевич ‒ мудири кафедраи психологияи факултети педагогика ва варзиши Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент.

Бобохонов Фаридун Аламшоевич ‒ 6 уми марти соли 1996 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ)-и факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (2019), унвонҷӯи кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии ДМТ дар солҳои 2020-2023 ва зинаи магистратураи факултети психологияи Донишгоҳи Синергияи Федератсияи Россия дар солҳои 2021-2023 мебошад. Санаи 28.01.2023 рисолаи номзадиашро дар мавзуи “Ҳифзи ҳуқуқи инсон аз зарари маънавӣ: таҳқиқоти таърихӣ-ҳуқуқӣ ва назариявӣ-ҳуқуқӣ” зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор У.А. Азиззода дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА.018-и назди ДМТ ҳимоя намуда, 21 июни соли 2023 бо қарори КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, №152 бо дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ сарфароз гардонида шудааст. Самтҳои асосии таҳқиқоти Бобохонов Ф.А. асосан ба масъалаҳои мубрами назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимоти ҳуқуқ ва давлат; ҳуқуқи ҷиноятӣ; ҳуқуқи маданӣ ва масъалаҳои мубарми психологияи амалӣ, аз қабили психологияи муассисаҳо, таъсири қувваи фикр ва сухан бахшида шудааст. Ӯ дар ин самтҳо 110 маводи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ ба нашр расонидааст. Аз ҷумла, 4 воситаи таълимӣ, 4 монография, 20 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда, 30 мақолаи илмӣ, 20 маъруза дар конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалии дохилӣ ва хориҷӣ, 27 мақолаи илмӣ-оммавӣ ва 5 барномаи таълимӣ.

 

ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРА

       Кафедраи психологияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт яке аз кафедраҳои навтаъсиси донишкада ба ҳисоб рафта, дар омода намудани кадрҳои омӯзгории соҳаи равоншиносӣ, баланд бардоштани иқтидори илмию таълимӣ ва иҷтимоии донишкада нақши калонро иҷро менамояд.

       Дар ибтидо таълими фанҳои психологӣ дар донишкада аз ҷониби кафедраи муттаҳидаи “Педагогика ва психология” ба роҳ монда мешуд, ки соли таҳсили 2008-2009 ташкил гардидааст. Кафедраи мазкурро устодон Умронов М., Аминов Ш., Исматов Д., Исмоилова Д., Ҳусейнов Н., Неъматов Р., Аминова И., Сарбозова З. мудирӣ намудаанд. Санаи 30 июни соли 2022 бо қарори Шурои олимони донишкада (суратҷаласаи №12) кафедраи “Педагогика ва психология” ба ду кафедраи мустақил “Педагогика” ва “Психология” ҷудо карда шуданд. Ҳамин тавр, дар донишкада кафедраи мустақили “Психология” ташкил гардид, ки то кунун фаъолият намуда истодааст. Масъулияти мудирии кафедраи нав ба зиммаи Ҳайдаров М. вогузор карда шуд. Аз 28-уми августи соли 2023 инҷониб кафедраи мазкурро номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Бобохонов Ф.А. роҳбарӣ менамояд.

Дар кафедра ҳамагӣ 4 омӯзгор фаъолият менамоянд: 1 нафар номзади илм, дотсент; 1 нафар муаллими калон ва 2 нафар ассистентон.

Кафедра дорои 1 ихтисос – 1-010102-06 – Таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносӣ мебошад.

Дар назди кафедра Маркази машваратӣ-психологӣ ташкил гардидааст, ки баҳри додани маслиҳатҳои психологӣ ба донишҷӯёну кормандон ва шахсони берун аз муассиса равона гардидааст.

Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Психологияи амалӣ” фаъолият менамояд.

Ҳамзамон, дар кафедра семинарҳои илмӣ-назариявӣ, конференсияҳо ва дарсҳои кушод баргузор карда мешаванд.

Дар кафедра аз рӯйи фанҳои зерин дарс гуфта мешавад: психология; психологияи касбӣ; таърихи психология, психологияи бачагона; психологияи умумӣ; психологияи тарбияи ҷисмонӣ; практикуми психологию педагогӣ; психологияи муқоисавӣ; психологияи коррексионӣ; равоншиносӣ ва асабшиносӣ; психологияи синусолӣ; асосҳои ташхиси психологӣ, психологияи шахсият.

Ҳадафи кафедраи психологияро таълиму тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ, омӯзиши донишҳои психологӣ ба донишҷӯён, омода намудани кадрҳои тахассусӣ, бартараф намудани норасоии кадрӣ-омӯзгорӣ дар минтақа, мусоидат намудан ҷиҳати ҳалли мушкилоти психологии мардуми минтақа ва монанди инҳо ташкил медиҳад.

          Вазифаҳои кафедра аз инҳо иборат мебошанд:

          1) дар донишҷӯён ташаккул додани тарбияи ватандӯстию худшиносӣ;

          2) омӯзиши донишҳои психологӣ ба донишҷӯён ва баланд бардоштани малакаи касбии онҳо;

     3) бо ташкилу баргузор намудани конференсия, ҳамоишҳо, мизҳои мудавар, семинарҳои илмӣ ва маҳфилҳо сайқал додани донишҳои психологии донишҷӯёну омӯзгорон ва баланд бардоштани сифати таълим дар муассиса;

          4) гузаронидани таҳқиқотҳои илмию амалӣ дар самти мушкилоти психологии ҷомеа, дарёфт ва муайян намудани роҳу воситаҳои бартараф намудани онҳо;

           5) додани машваратҳои психологӣ ба донишҷӯёну омӯзгорон, кормандон ва дигар шахсони муроҷиаткунанда ва ғайра.

Дурнамои фаъолияти кафедра:

‒ анҷом додани фаъолияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;

‒ таҳия ва нашри воситаҳои таълимӣ аз рӯйи фанҳои тадрисшавандаи кафедра;

‒ баргузор намудани конференсия ва семинарҳои илмю амалӣ оид ба масъалаҳои гуногуни психологӣ;

‒ соҳибунвон гардонидани омӯзгорони кафедра;

‒ таҳия ва нашри монография ва дигар адабиётҳои илмию таълимӣ дар самти психология;

‒ ҷоннок намудани фаъолияти Маркази машваратӣ-психологии назди кафедра;

‒ баланд бардоштани сифати таълим аз рӯйи фанҳои психологӣ;

‒ омода намудани кадрҳои дорои касбияти баланд дар самти психология;

‒ таъсис додани ихтисосҳои нави ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй ва ғайра.

 

ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА

 

Ному насаб

Вазифа

Унвон ва дараҷаи илмӣ

Суроға

1.

Бобохонов Фаридун Аламшоевич

мудири кафедра

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63.

E-mail: farodil_ff@mail.ru

Тел.: + 992 999-333-160

2.

Неъматов Рамазон Ҳусниддинович

муаллими калон

номзади илмҳои педагогӣ

734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63.

E-mail: nematov-ramazon@mail.ru

Тел.: + 992 93-591-91-44

3.

Аминов Шайдулло Додарбекович

ассистент

 

Суроға: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63.

Тел.: + 992 918-92-48-52

4.

Ҳайдаров Муҳаммадшариф

ассистент

 

734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63.

E-mail: haidarov.msh@mail.ru

Тел.: + 992 900-39-13-09