Перейти к содержимому
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус
Сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус – муаллими калони кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт
Шодизода Н.М.
ҲОЛНОМА
Шодизода Наҷибулло Маҳмадризо 22-юми сентябри соли 1993 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Соли 2016 шуъбаи рӯзонаи факултети таърих ва педагогикаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро бо ихтисоси таърих ва ҳуқуқ, бо дипломи аъло хатм намудааст.
Соли 2019 шуъбаи ғоибонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Соли 2022 шуъбаи рӯзонаи магистратураи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Солҳои 2018-2019 мутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро ба уҳда дошт.
Солҳои 2019-2020 дар вазифаи мудири шуъбаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт фаъолият намудааст.
Солҳои 2019-2022 ба ҳайси ассистенти дар кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт фаъолият намудааст.
Аз 8-уми августи соли 2022 то инҷониб ҳамчун сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт кору фаъолият дорад.
Аз 23-юми декабри соли 2023 то инҷониб муаллими калони кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро фаъолият намуда истодааст.
Дар конференсияҳои сатҳи гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуда, муаллифи беш аз 25 маводи таълимӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Аз ҷумла: 4 воситаи таълимӣ, 11 мақолаи илмӣ-оммавӣ (аз он 10 мақола дар маҷаллаҳои тақризшаванда).
Аз соли 2023 то инҷониб унвонҷӯи кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар мавзуи “Ҷавобгарии ҷиноятӣ ҳамчун намуди ҷавобгарии ҳуқуқӣ: таҳқиқотӣ умуминазариявӣ” зери назари доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Азиззода У.А. корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодааст.
Барои хизматҳои шоён дар таълиму тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ чандин маротиба аз ҷониби роҳбарияти донишкада бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардидааст.
Оиладор соҳиби 3 фарзанд.
Узви Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
РАЁСАТИ КАДРҲО ВА КОРҲОИ МАХСУС
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт соли 2009 дар асоси қарори Шурои олимони Донишкада дар заминаи шуъбаи кадрҳо ташкил шудааст.
Сарварони раёсати кадрҳо ва корҳои махсус:
Сиёсати кадрӣ муҳимтарин ва асоситарин самти фаъолияти давлат ба шумор рафта, он дар татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин, функсия ва вазифаҳои давлат нақши калидиро мебозад. Он маҷмуи чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии давлат буда, фалсафаи он аз идоракунии илмию амалии захираҳои инсонӣ, зеҳнию ақлӣ ва меҳнатӣ иборат мебошад.
Дар навбати худ, татбиқи дурусти он ба давлат имконият медиҳад, ки дар давраи муайяни таърихӣ вазифаҳои дар назди он гузошташударо бо сарбаландӣ ба нафъи давлату ҷомеа ҳаллу фасл намояд. Шуъбаи кадрҳо аз аввали таъсисёбии донишкада фаъолияти худро оғоз намуда, дар самти пешбурди фаъолияти шуъбаи кадрҳо кормандони зерин дар солҳои гуногун фаъолият доштанд:
Вазифаи сардори шуъбаи кадрҳоро дар солҳои 2009-2015 Орипова Дилбар Сайдалиевна ба уҳда доштаанд. Ҳамзамон, ба ҳайси омӯзгор дар кафедраи ҷомеашиносӣ низ фаъолият менамуд.
Аз 01-октябри соли 2015 роҳбарии сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсусро Зокирзода Зафар Хайрулло, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ба уҳда доштанд. Ӯ пештар дар вазифаи ҳуқуқшиноси донишкада фаъолият намудааст.
Аз соли 2022 то инҷониб роҳбарии сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро муаллими калони кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ Шодизода Наҷибулло Маҳмадризо ба уҳда дорад.
Шуъбаи кадрҳо аз соли 2018 фаъолияти худро бо номи Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус такмил дода, аз моҳи сентябри 2018 дар ин замина Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус унвон гирифт.
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт” қисми таркибии донишкада ба шумор рафта, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи раёсатро ба роҳбарӣ гирифта, иҷрои онҳоро назорат мекунад. Раёсати мазкур вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
-
интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои маъмурӣ-идоракунӣ, илмӣ, педагогӣ, муҳандисӣ, техникӣ;
ҳайати ёрирасону хизматрасони таълимӣ ва хоҷагидорӣ;
— ёрӣ расонидан ба раёсати донишкада дар мустаҳкам намудани интизоми истеҳсолӣ-меҳнатӣ ва риояи қонунгузории меҳнат;
— ба расмият даровардан (қабул, ҷойивазкунӣ ва хориҷ намудани кормандони донишкада) фармоишҳои ректори донишкада, инчунин, омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои кормандон ба вазифаҳое, ки дар ваколати мақомотҳои болоӣ қарор доранд ва аз тарафи онҳо тасдиқ мешаванд;
— ба низом даровардани парвандаҳои шахсии омӯзгорон, кормандони маъмурӣ ашхоси ёрирасони корҳои таълимӣ ва маъмуриву хоҷагидорӣ;
— омода намудани ҳисоботи омории ҳайати кадрии донишкада ва такмили ихтисоси онҳо;
-
иштирок дар кори комиссияи тарификатсионӣ ва дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ таҳия намудани лоиҳаи фармоишҳои дар бораи муқаррар намудани моҳонаи кормандони донишкада;
— иштирок дар комиссияи аттестатсионӣ;
— тайёр намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кормандоне, ки ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд;
— омода сохтани парвандаҳои шахсии кормандон ва маълумотномаҳои зарурӣ дар бораи онҳо;
— тайёр намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои муқаррар намудани нафақаи кормандони донишкада — таҳсилоти олии касбӣ дар якҷоягӣ бо иттифоқи касабаи донишкада;
— омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои кормандони донишкада барои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ.
Вобаста ба шумораи кормандон ва донишҷӯён ва ҳаҷми кор дар назди раёсат бахшҳои ҷудогона фаъолият мебаранд:
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус дорои 3 шуъба мебошад.
Аз ҷумла:
-
Шуъбаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳо;
-
Шуъбаи 2-юм;
-
Шуъбаи бойгонӣ.