Тарбияи ҷисмонӣ

КАФЕДРАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНИИ ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ

 

   Абдурасулов Исматулло Саъдуллоҷонович ‒ мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ факултети педагогика ва варзиши Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт.

    Абдурасулов Исматулло Саъдуллоҷонович ‒ 20 уми октябри соли 1993 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи ихтисоси намудҳои гуштин (варзиш)-и факултети варзиши ДТҶ (2014), айни ҳол дар зинаи магистратураи факултети таърихи Донишкадаи Омӯзгории Тоҷикистон, дар ноҳияи Рашт дар зинаи магистратура таҳсил дорад. Самтҳои асосии таҳқиқоти Абдурасулов Исматулло Саъдуллоҷонович. асосан ба масъалаҳои мубрами назария ва методикаи тарбияи ҷисмонӣ; таърихи тарбияи ҷисмонӣ; соҳаи тарбияи ҷисмонӣ; ва рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, аз қабили омода намудани мутахасиссони соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш  фикр ва сухан бахшида шудааст. Ӯ дар ин самт доири варзишгарони номдори кишвар баромад кардааст дар конференсияҳои ҷумҳурияви ва дохилӣ , иштирок кардааст.

ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРА

     Кафедраи Тарбияи ҷисмонӣ ва О.Д.Ҳ Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт яке аз кафедраҳои фаоли  донишкада ба ҳисоб рафта, дар омода намудани кадрҳои омӯзгории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ , баланд бардоштани иқтидори илмию ҷисмонӣ ва иҷтимоии донишкада нақши калонро иҷро менамояд.

    Дар ибтидо таълими фанҳои тарбияи ҷисмонӣ дар донишкада аз ҷониби кафедра ба роҳ монда мешуд, ки соли таҳсили 2015-2016 ташкил гардидааст. Кафедраи мазкурро устодон Абдурасулов З. Абдурасулов И.С мудирӣ намудаанд. Ҳамин тавр, дар донишкада кафедраи мустақили Тарбияи ҷисмонӣ ва О.Д.Ҳ ташкил гардид, ки то кунун фаъолият намуда истодааст. Масъулияти мудирии кафедра  ба зиммаи Абдурасулов И. роҳбарӣ менамояд.

    Дар кафедра ҳамагӣ 7 омӯзгор фаъолият менамоянд: 1 нафар номзади илм; 1 нафар муаллими калон ва 5 нафар ассистентон.

Кафедра дорои 1 ихтисос – 1-880101 –Тарбияи ҷисмонӣ аз руи самтҳо.

Дар назди кафедра Маҷмааи варзишӣ ташкил гардидааст, ки баҳри додани тамрину машғулиятҳои амалии тарбии ҷисмонӣ ба донишҷӯёну кормандон ва шахсони берун аз муассиса равона гардидааст.

Дар назди кафедра чорабиниҳои варзишӣ ва мусобиқаҳо гузаронида мешавад.

Ҳамзамон, дар кафедра семинарҳои илмӣ-амали, конференсияҳо ва дарсҳои кушод баргузор карда мешаванд.

      Дар кафедра аз рӯйи фанҳои зерин дарс гуфта мешавад: тарбияи ҷисмонӣ; баланд бардоштани  маҳорати варзишӣ; назария ва метлдики варзиши сабук;  назария ва методикаи гимнастика;  мудофиаи шаҳрвандӣ; варзиши сабук;  гимнастика; таёрии тактикӣ;  таёрии сафорои; таёрии ҷамъиятии давлатӣ; таёрии оташфишони; оиномаҳои ҳарбӣ;  ташкили омодагии дифои ҳарбӣ; омузиши силоҳу  аслиҳаи муосир;таърихи ҳарбӣ; педагогикаи тарбияи ҷисмогнӣ; таърихи силоҳу  аслиҳаи муосир.

     Ҳадафи кафедраи тарбияи ҷисмонӣ таълиму тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ, тарзи ҳаёти солим, омӯзиши донишҳои назарияви ба донишҷӯён, омода намудани кадрҳои тахассусӣ, бартараф намудани норасоии кадрӣ-омӯзгорӣ дар минтақа, мусоидат намудан ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷисмонии мардуми минтақа ва монанди инҳо ташкил медиҳад.

          Вазифаҳои кафедра аз инҳо иборат мебошанд:

          1) дар донишҷӯён ташаккул додани тарбияи ватандӯстию худшиносӣ;

          2) омӯзиши донишҳои касбию ҷисмони ба донишҷӯён ва баланд бардоштани малакаи касбии онҳо;

          3) бо ташкилу баргузор намудани мусобиқаҳо, ҳамоишҳо, мизҳои мудавар, семинарҳои илмӣ ва маҳфилҳо сайқал додани донишҳои касбию ҷисмонии донишҷӯёну омӯзгорон ва баланд бардоштани сифати таълим дар муассиса;

          4) гузаронидани таҳқиқотҳои илмию амалӣ дар самти мушкилоти ҷисмонии ҷомеа, дарёфт ва муайян намудани роҳу воситаҳои бартараф намудани онҳо а ғайра;

Дурнамои фаъолияти кафедра:

‒ анҷом додани фаъолияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;

‒ таҳия ва нашри воситаҳои таълимӣ аз рӯйи фанҳои тадрисшавандаи кафедра;

‒ баргузор намудани конференсия ва мусобиқаҳои варзишӣ дар байни донишҷуёни кафедра;

‒ соҳибунвон гардонидани омӯзгорони кафедра;

‒ таҳия ва нашри монография ва дигар адабиётҳои илмию таълимӣ дар самти тарбияи ҷисмонӣ;

‒ ҷоннок намудани фаъолияти Мусобиқаҳои варзишӣ дар назди кафедра;

‒ баланд бардоштани сифати таълим аз рӯйи фанҳои тарбияи ҷисмонӣ ;

‒ омода намудани кадрҳои дорои касбияти баланд дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

‒ таъсис додани ихтисосҳои нави ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй ва ғайра.

 

ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА

 

Ному насаб

Вазифа

Унвон ва дараҷаи илмӣ

Суроға

1.

Абдурасулов Исматулло Саъдуллоҷонович

мудири кафедра

 

Суроға: 734025, Љумњурии Тољикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63.

Тел.: + 992 988.77.93.93

2.

Муқимов Сафарбек Давлатбекович

 

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Суроға: 734025, Љумњурии Тољикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63.

Тел.: + 992 931.90.30.90

3.

Шарипов  Маҳмадсаид Саймуддиноич

Ассистент

 

Суроға: 734025, Љумњурии Тољикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63.

Тел.: + 992 918.77.70.31

4.

Олимшозода Фарҳод      Олимшо

Муаллими калон

 

 

 

 

 

Суроға: 734025, Љумњурии Тољикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63.

Тел.: + 992 988.42.07.05

5.

Абдурасулов Зинатулло Саъдуллоҷонович

Ассистент

 

 

 

 

 

Суроға: 734025, Љумњурии Тољикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63.

Тел.: + 992 881.50.82.82

6.

Хомушов     Илҳом   Исломович

Ассистент

 

 

 

 

 

 

Суроға: 734025, Љумњурии Тољикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63.

Тел.: + 992 559.69.05.50

7.

Саймуҳдинов Ҷамшед Маҳмадсолеҳович

Ассистент

 

Суроға: 734025, Љумњурии Тољикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63.

Тел.: + 992 988.44.41.44