Перейти к содержимому
Мудири шуъбаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳо – Абдулов С.М.
Тел: 939201325
dot.rasht@mail.ru
ҲОЛНОМА
Абдулов Сайёд Маҳмадёрович 20-уми сентябри соли 1990 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Соли 2017 шуъбаи рӯзонаиДонишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро бо ихтисоси таърих ва ҳуқуқ бо дипломи аъло, хатм намудааст.
Соли 2022 шуъбаи рӯзонаи магистратураи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовадинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм кардааст.
Солҳои 2017-2019 нозири факултети забонҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, солҳои 2020-2021 нозири Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, соли 2020 то инҷониб ассистенти кафедраи таърих ва методикаи таълими они Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, соли 2021 то инҷониб мудири шуъбаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт кору фаъолият намуда истодааст.
Муаллифи беш аз 10 маводи илмӣ-оммавӣ мебошад.
Аз декабри соли 2023 то инҷониб унвонҷӯи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, дар мавзуи “Рушди иқтисодӣ-иҷтимоии ноҳияҳои Ғарми Тоҷикистон дар солҳои 1956-1991” зери роҳбарии доктори илмҳои таърих, профессор Намоз Ҳ.Б. корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодааст.
Барои хизматҳои бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.
Оиладор соҳиби 2 фарзанд. Аз соли 2015 узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошад.
ШУЪБАИ БАҚАЙДГИРИИ ҲУҶҶАТҲО
Шуъбаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳо зерсохтори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишкадаи омўзгории Тољикистон дар ноҳияи Рашт (минбаъд — Донишкада) буда, фаъолияти он дар асоси Оинномаи Донишкада ва Низомномаи мазкур ба роҳ монда мешавад.
Шуъбаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт аз соли 2010 ҳамчун шуъбаи умумӣ то соли 2018 дар асоси қарори Шурои олимони Донишкада соли 2018 ба шуъбаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳо иваз карда шуд.
Шуъбаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳо дар асоси қарори Шӯрои олимон аз санаи 28.09.2018 ва бо фармоиши ректори донишкада аз санаи 05.10.2018, №79-3/2 зертобеъи Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишкада гузаронида шудааст.
Дар шуъбаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 2 воҳиди корӣ мавҷуд мебошад.
-
Мудири шуъба
-
Мутахассиси шуъба
Мудирони шуъба:
Аввалин мудири шуъба дар соли аввали ташкилшавии бинои таълимии №1-и донишкада муаллима Саидова Сайёра (солҳои 2009-2011) буданд. Айни замон муаллима ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики донишкада фаъолият намуда истодаанд.
Мудирии шуъбаро дар соли 2011-2013 Салимова Сулҳия ба уҳда доштанд.
Мудирии шуъбаро дар соли 2013-2014 Пирматова Гулчеҳра ба уҳда доштанд. Айни замон дар вазифаи ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносии донишкада фаъолият доранд.
Мудирии шуъбаро аз марти соли 2014 то ноябри соли 2014 Шарипова Кароматхон ба уҳда доштанд.
Мудирии шуъбаро дар солҳои 2014-2017 Нахимов Далер ба уҳда доштанд.
Мудирии шуъбаро дар солҳои 2017-2019 Давлатов Саидакбар ба уҳда доштанд.
Мудирии шуъбаро дар солҳои 2019-2020 Шодизода Наҷибулло Маҳмаризо ба уҳда доштанд. Номбурда қаблан дар вазифаи нозири Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишкада кор кардаанд. Айни замон Сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишкада мебошанд.
Мудирии шуъбаро дар солҳои 2020-2021 Махсудов Аслидин ба уҳда доштанд. Айни замон ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи таърих ва методикаи таълими они Донишкада фаъолият доранд.
Ҳамин тариқ, аз сентябри соли 2021 то инҷониб мудири шуъбаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро Абдулов Сайёд Маҳмадёрович ба зимма дорад.
Вазифаҳои шуъбаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳо
-
Ба роҳ мондан ва такмил додани коргузорӣ дар Донишкада;
2.Ташкили дурусти ҳисоб ва бақайдгирии мактубҳо;
-
Назорати иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳо ва фармоишҳои ташкилоти болоӣ, роҳбарияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва аризаю пешниҳодҳои шаҳрвандон;
4.Ташкил ва ба роҳ мондани тарзи дурусти истифодабарии ҳуҷҷатҳо ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои муҳлати истифодабариашон ба итмомрасида;
5.Шуъбаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳоро мудир роҳбарӣ мекунад. Мудири шуъбаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳо бо пешниҳоди Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус аз тарафи ректор таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Ҳуқуқҳои мудири шуъбаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳо
-
Масъалаҳои коргузориро ба роҳ монда, иҷрои ҳуҷҷатҳоро назорат менамояд;
-
Аз болои кори бойгонӣ назорат бурда, ба он супориш медиҳад;
-
Аз дигар шуъбаҳои сохторӣ оид ба иҷрои ҳуҷҷатҳо, пешниҳоду аризаҳои шаҳрвандон ҳисобот талаб менамояд.
-
Шуъбаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳо дорои муҳри мудаввари бенишон буда, он дар ихтиёри мудири шуъба қарор мегирад.