Шуъбаи тарбия

ШУЪБАИ ТАРБИЯИ ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ

                                

Сурхаков Муслиҳиддин Абдулҳамидович мудири шуъбаи тарбияи Донишкадаи омӯзгорииТоҷикистон дар ноҳияи Рашт, ассистент.

       Сурхаков Муслиҳиддин Абдулҳамидович – 20 уми май соли 1994 дар ҷ. д. Нушор н. Тоҷикобод таваллуд шудааст. Хатмкардаи ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳони-и факултети Молиявию иқтисодии ДМТ (2017), инчуни хатмкардаи зинаи магистратураи АМИҶТ бо ихтисоси идоракунии лоиҳаҳо (2021), сармуҳосиби МТМУ №6 н. Тоҷикобод (2018), мутахасиси қарзи дар ТАҚХ “Ҳумо” (2018-2020), ассистенти кафедраи “Баҳисобгирии бухгалтери ва менеҷмент”-и ДОТ дар н. Рашт (01-09-2021), муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети Иқтисод ва идора (18-04-2022 то 31-08-2023), мудири шуъбаи тарбияи ДОТ дар н. Рашт (аз 31-08-2023),

ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБА

       Шуъбаи тарбияи Донишкадаи  омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовара ва фармоишҳои Вазири маориф ва илм, фармоишҳои Ректори Донишкада, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва низомномаи шуъба амалӣ менамояд.

    Самти фаъолияти шуъбаи тарбияи донишкада иборат аст аз ташкил ва назорати баргузории чорабиниҳои тарбиявю фарҳангӣ,- конференсияҳои байналмилалӣ, донишкадавӣ, семинарҳои илмӣ-тарбиявии кафедраҳо, маҳфилҳои илмии донишҷȳён, (МИД), гуруҳҳои олимпӣ, корҳои тарбиявию ахлоқӣ, мусобийаҳои варзиши ва ғ.

        Ҷиҳати пешрафти фаъолият Шуъбаи тарбия робитаи зичро ба садорати факултетҳо ва кафедраҳои донишкада ба роҳ мондааст. Ҳамзамон ба фаъолияти китобхона, китобхонаи электронӣ, парки технологии донишкада назорат менамояд. Шуъбаи мазкурро Идибеков А., Канҷаев В., Камолова С., Каримов Р., Мададхонов М. роҳбарӣ намудаанд. Аз соли 2023 инҷониб шуъбаи мазкурро ассистенти кафедраи Баҳисобгирии бухгалтери ва менеҷмент Сурхаков М., роҳбарӣ менамояд.

       Дар шуъба панҷ воҳиди корӣ ташкил шудааст: мудири шуъбаи тарбия; раиси ҷавонон, мудири шуъбаи фарҳанг, раиси занон, нозири шуъбви тарбия.

 

Мақсади асосии Шуъба:

       Мақсади асосии Шуъба рушди самти тарбия, назорати иҷрои корҳоӣ тарбиявию ахлоқӣ, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои варзиши, амалӣ, ба расоми, дизайнерӣ ва сурудхони ҷалб намудани донишҷӯён, мебошад.

Вазифаҳои асосии Шуъба:

— назорат намудани иҷрои корҳоӣ тарбиявӣ, ки ба уҳдаи ҳайати устодони Донишкада мебошад;

— назорати сару либоси донишҷӯёни донишкада;

— назорати хобгоҳи донишҷӯёни донишкада;

— ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои фарҳанги дар сатҳи ноҳия ва донишкада;

— ташкил ва баргузории китобхони беҳтарин дар байни донишҷудухтарони хобгоҳ;

— назорати дарсҳои тарбиявии роҳбарони гуруҳҳои академи;

— амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ, ки ба рушди тарбия алоқаманд мебошанд.