Шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таҳсилот
Мудири шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таҳсилоти
Донишкадаи Омузгории Точикистон дар нохияи Рашт.
Мирзоев Ҳикматулло Хайруллоевич
Телефон барои маълумот: 935. 15.97.15
Шуъбаи идоракунии назорати сифати таҳсилот дар соли 2013 расман таъсис ёфтааст. Шуъба дар асоси “Оиномаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт” ва “Низомномаи Шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таҳсилот Донишкада” фаъолият менамояд.
Тӯли солҳои фаъолияти шуъба Эшонов Довудшоҳ, Саидов Низомиддин, Мирзоқурбонов Маҳмасафо, ва Шакаров Султонбек ба сифати мудири шуъба фаъолият доштанд. Аз моҳи октябри соли 2022 вазифаи мудири шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таҳсилот Мирзоев Хикматулло ба ӯҳда дорад.
Шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таҳсилот ба ташкил ва баҳодиҳии сифати таълим, худбаҳодиҳии дохилӣ дар сохтори Донишкада, таъминоти дастурию иттилоотии технологияи амалӣ намудани тартиби назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот, муайян намудани самтҳои асосии такмили самаранокии таълим, санҷиши донишандӯзӣ (мониторинг), назорати ҷамъбасти ҳисоботҳо оид ба натиҷаҳои сессияҳои санҷишию имтиҳони даврӣ ва аттестатсияҳои ҷамъбастии давлатии хатмкунандагон (натиҷаи санҷишҳои фосилавӣ, дифои рисолаҳои тахассусӣ, дипломӣ ва магистрӣ, имтиҳони давлатӣ), коркарди тавсияҳо ҷиҳати ҷустуҷӯи усулҳои нави таълим, татбиқи тадриҷии низоми таҳсилоти кредитӣ бо ташкили силсилаи чорабиниҳои таълимию илмӣ ва машваратҳои методӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, такмили нақшаву барномаҳои таълимӣ, санҷиш ва назорат дар самти дуруст ба роҳ мондани банақшагирӣ, санҷиши мутобиқати саволнома ва мисолу масъалаҳои тестӣ бо барномаи таълимӣ, омӯзиши усулҳои қабули санҷишҳои ҷорӣ, фосилавӣ ва имтиҳони ҷамъбастӣ, таҳлили сифатии тестҳои имтиҳонӣ ва тавсияҳои методӣ масъул аст. Шуъба бо мақсади иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот ихтисосҳои дар Донишкада амалкунандаро назорат карда, ба ҷараёни таълиму тарбия, сатҳу сифати дониши донишҷӯён, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасбу ба талаботи замон ҷавобгӯ ва дигар самтҳои раванди таълими фаъолияти Донишкада баҳо медиҳад. Шуъбаи мониторинг ва назорати сифати тахсилот дар Донишкада аз рӯи 3 самт сурат мегирад: таъмин, идоракунӣ ва рушди сифати таълим. Фаъолияти шуъба пеш аз ҳама ба таҳлилу натиҷабардорӣ ва такмил додани сифати таълим равона карда шуда, самти асосии сифати таҳсилотро ташкил медиҳад.
Пешрафти босуръати илму техника ва раванди рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир дигаргуниҳои назаррасро дар пай дорад. Низоми фаъолият ва усулҳои нави муносибат дар ҷаҳони имрӯза аз мо тақозо менамояд, ки дар самтҳои мухталифи таълимиву илмӣ ва ҷамъиятӣ дар асоси низому қоидаҳои мушаххас, стандартҳои ҷаҳонӣ фаъолият намоем.
Таъмини сифат ва таҳкими ҷиҳатҳои хуби фаъолияти корӣ тақозои ҷомеаи муосир буда, дар асоси талаботи низомномаҳои муассиса ба роҳ монда мешавад. Аз ин рӯ, низомномаҳои қабулгардида барои сари вақтба анҷом расонидани корҳои барномавӣ ва фаъолияти ҳадафмандона мусоидат менамоянд. Шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таҳсилот бо мақсади таҳким бахшидани тартибу интизом дар ҷараёни таълим назорати электронии раванди таълимро дар якҷоягӣ бо маркази иттилоотӣ дар факултетҳои Донишкада ба роҳ мондааст.
Аъзоёни шуъба пайваста ҳозиршавии устодон ва донишҷӯёнро ба дарс, тибқи ҷадвали дарсӣ сурат гирифтани машғулиятҳои таълимӣ, рафти дарсҳои аудиторӣ, истифодаи воситаҳои техникӣ дар дарсҳо ва мавҷудияти маводи таълимии донишҷӯёнро зери назорати қатъӣ қарор додаанд. Ҳамзамон, ҷараёни имтиҳонсупории донишҷӯён дар маркази тестӣ бо усули электронӣ мунтазам назорат карда мешавад. Баробари оғоз шудани аттестатсияи давлатӣ рафти он дар факултетҳои Донишкада мавриди назорат қарор мегирад.
Мусаллам аст, ки ба роҳ мондани пурсиши афкор байни донишҷӯён ва омӯзгорон як падидаи хубест, ки тавассути он бисёр масъалаҳои ҳалталаби раванди таълим мавриди санҷишу баррасӣ ва корбарӣ қарор мегиранд. Аз ин рӯ, шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таҳсилот марҳила ба марҳила вобаста ба масоили гуногуни раванди таълим пурсиши афкорро ба роҳ монда, дар асоси фикру андеша ва пешниҳоду дархости донишҷӯёну омӯзгорон нақшаи чораҷӯйиҳоро мураттаб ва мутобиқи он корбарӣ менамояд.
Бояд иброз дошт, ки яке аз вазифаҳои муҳимтарини шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ба таври воқеӣ баҳо додан ба сатҳи сифати дониш, маҳорат ва малакаи донишҷӯён, нишон додани дастовардҳои онҳо ҷиҳати азхуд намудани илму дониш мебошад.
Истифодаи самараноки методҳои гуногуни таълим, технологияи муосир (тахтаи электронӣ, проектор), усулњои фаъоли таълим ва навгонињо дар сохтори дарс, мавқеи шахсии омӯзгор дар раванди дарс ва маданияти муошират бо донишҷӯён, иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар ҷараёни ҳаллу фасли мавзӯи нав, ҳамчунин сифати бастаи маводи таълимӣ – методӣ (силлабус, КТМ, супоришҳои КМРО ва КМД), дастуру мақолаҳои таълимӣ – методие, ки аз тарафи омӯзгор дар соли таҳсили 2023 -2024 нашр гардидаанд, аз ҷониби гуруҳи корӣ мавриди санҷиш ва баҳогузорӣ қарор гирифт.
Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот минбаъд низ фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи амалии Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар Донишкада кӯшиш ба харҷ медиҳад.