Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ
Мудири шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ(ассистенти кафедраи ‘’Тарбияи ҷисмонӣ ва ОДҲ’’ , Саймуҳиддинов Ҷ.М.)
Шуъбаи таҳсилоти фосилавии Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт фаъолияташро ҷиҳати иҷрои талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ» дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовара, фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оиномаи Донишкада равона намудааст.
Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар асоси суратҷаласаи №6 аз 30-юми январи соли 2023 ва фармоиши Ректор дар бораи таъсиси воҳиди кори дар сохтори таркибии донишкада аз 03.02 соли 2023 ба имзо расонида шудааст.
Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар заминаи факултетҳои донишкада дар алоҳидаги бароҳ монда шудааст.
Сохтори шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ аз 4 воҳиди кори иборат аст:
-
Мудири шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ
(ассистенти кафедраи ‘’Тарбияи ҷисмонӣ ва ОДҲ’’ , Саймуҳиддинов Ҷ.М.)
-
Муовинии мудири шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ (ассистенти кафедраи ‘’Баҳисобгирии бухгалтерӣ’’ Маҳмадуллоев А.)
-
Нозирии шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ (ассистенти кафедраи ‘’Математика’’, Одинаев М.Ҷ.)
-
Нозирии шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ (Розиева Ф.)
Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ кори худро аз моҳи апрели соли таҳсили 2022-2023 оғоз намуда то ҳол фаъолияти пурмаҳсул намуда истодааст. Донишкадаро донишҷӯёни шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ аз рўи самт ва ихтисосҳои гуногун хатм менамоянд.