15.09.2025

Шуъбаи техники ва техналогияи шабакавӣ

ШӮЪБАИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТЕХНИКӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ШАБАКАВИИ
ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Таърихи шуъба

          Шуъбаи хизматрасонии техникӣ ва техналогияи шабакавии донишкада яке аз шуъбаҳои асосии донишкада ба ҳисоб рафта, дар тобеъи Раёсати таълими донишкада мебошад. Мақсади асосии фаъолияти шуъбаи мазкур, таъминоти техникӣ, шабакавӣ ва назорати пайвастаи таҷҳизотҳои электронӣ дар таълим  ба шумор меравад. Дар шуъба барои 4 — нафар корманд мувофиқи воҳиди корӣ ҷой ҷудо гардидааст.

Вазифаҳои шуъба

  • Сари вақт таъмин намудан ва пайваст кардани омӯзгорон  ба шабакаҳои интернетии таълимӣ.

  • Ташкил ва таъмир кардани таҷизотҳои аз кор баромада.

Ҳайати кории шуъба

        Бижравдежов Амрихудо Ширинжонович 12.09.1999  дар ВМКБ ноҳияи Мурғоб кучаи Қурбонбеков М ба дунё омадааст.Соли 2018 ба ДОТ н.Рашт бахши 1 – уми ихтисоси Информатика — Барномасозӣ, факултаи Табии Риёзӣ дохил шуда, соли 2022 онро сарбаландона хатм кард.

       Сипас, соли 2022 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ ҚС КДАМ дохил шуда, то моҳи октябри соли 2023 дар хизмати Модар – Ватан буд.

Айни замон дар ДОТ н.Рашт ба ҳайси мудири шӯъбаи хизматрасонии техникӣ ва техналогияи шабакавӣ кор ва фаъолият намуда истодааст.